Ru  | Tj
Ёдбуди сартосарии ҷаҳонӣ аз мардони наҷиб. Аз кушта шудани Б. Раббонӣ 11 сол ва А. Масъуд 21 сол сипарӣ шуд
Ёдбуди сартосарии ҷаҳонӣ аз мардони наҷиб. Аз кушта шудани Б. Раббонӣ 11 сол ва А. Масъуд 21 сол сипарӣ шуд
Аксҳо:Halva.tj

Ёдбуди сартосарии ҷаҳонӣ аз мардони наҷиб. Аз кушта шудани Б. Раббонӣ 11 сол ва А. Масъуд 21 сол сипарӣ шуд

Нашр шуд

Дар саросари ҷаҳон бахшида ба ёздаҳумин солрӯзи кушта шудани профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва 21-умин солгарди қатли ваҳшиёнаи сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ҳарду чун шахсиятҳои муътабар, сиёсатмадорони барҷаста ва мардони фарзонаву наҷиб ёд мешаванд, дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳонӣ маҷолиси ёдбуд баргузор карда мешавад, ки мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем.  Дар ин маҳфилҳо ва ҳамоишҳои ҳузуриву видеоӣ шахсиятҳои матраҳи Афғонистон – устодон, коршиносон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, таърихнависон аз ҳарду ин родмардони бузург - Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд хотирот ва шинохтҳои таҳлилии худро баён мекунанд. Бархе аз ин ҳамоишҳо хусусияти илмӣ дошта, дар он роҳи давлатдорӣ ва сиёсати Бурҳониддин Раббонӣ ва  корнамоиву амалкардҳои низомиву сиёсии Аҳмадшоҳи Масъуд матраҳ мегарданд.

Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷомеаи Тоҷикистон низ аз эҳтироми хосае бархӯрдоранд ва мардуми тоҷик онҳоро чун шахсиятҳои муҳимми таърихии миллӣ ном мебаранд. Ҳар гоҳе сиёсатмадорони тоҷик низ аз кумакҳои онҳо дар роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар маҳфилҳои гуногун ёдовар шуда, нақши онҳоро дар ин роҳ барҷаста арзёбӣ мекунанд.


Имрӯзҳо ёдбуд аз ёздаҳумин солгарди шаҳодати Бурҳониддин Раббонӣ ва бистуякумин солрӯзи қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳоле сурат мегирад, ки кишвари Афғонистон шоҳиди ақибгардии хатарнок ва фоҷеаборе гаштааст.

Halva.tj  тасмим гирифт, чанд назареро дар мавриди профессор Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар яке аз чунин ҳамоишҳои видеоӣ аз ҷониби Аҳмад Масъуд, Салоҳиддин Раббонӣ ва Ато Муҳаммади Нур гуфта шуда, барои хондан ва андешидан муҳим аст, биорад.

Аҳмад Масъуд, раиси Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон: “Ҷадидан видеое аз устоди шаҳидамон нашр шуд, ки эшон бо зебоӣ чунин шеъреро мехонанд:

Ту шоҳинӣ, қафас бишкан ба парвоз ойу мастӣ кун,

Ки мар озодагонро доғи асорат сахт нангин аст. 

Дӯстони гиромӣ, фаро расидани солгашти, устоди шаҳид, қаҳрамони сулҳи моро ба хидмати ҳар яки шумо ва ҳамаи мардуми Афғонистон тасаллият арз мекунам. Устоди шаҳид бидуни шак яке аз шахсиятҳо, роҳбарҳо ва аз афроде буд, ки дар бурҳаҳои мухталифи таърихи Афғонистон тасмимҳои таърихиро гирифт, ки кишварро аз басо мушкилот ва басо ҷанҷолҳо раҳонид. Бидуни шак аз ибтидои даврони ҷавонӣ муборизаи устоди шаҳид ба хотири як Афғонистоне, ки як низоми одилона дошта бошад, шурӯъ шуд ва бидуни шак даврони ҷиҳод нуқтаи атфи талошҳои устоди шаҳид ва ҳамразмонашон аст, ки мушоҳиди ифтихороти мардуми Афғонистон чун шикасти қушуни сулҳ ва пирӯзӣ ва озодии кишвар буд. Дар айни ҳол тамоми талошҳои устоди шаҳид дар даврони давлати муҷоҳидин ва баъд, дар канори Қаҳрамони миллии кишвар шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигар шахсиятҳо ва шуҳадо ва зарфиятҳои калони кишвари мо дар даврони муқовимат ба хотири истодагӣ ва дифоъ аз кишвари кулл аз таърихчаи дурахшон ва дафтарчаи дурахшони устоди шаҳиди мост.


Ҳамчунин, баъд аз омадани ду даҳаи гузашта нақши меҳварӣ дар эҷоди як низоми ҷадид ва низомсозӣ бо диди калон ва синаи фарох пазируфтани шароитро, ки Афғонистон дар як меҳвари як пуружа ва пурусаи машруъ ва қобили қабул буд, ки дорои як низоми ҷадид шавад. Бунёди як низоми навро онҳо гузоштанд, ки дар таърихи Афғонистон ҳамчун як иттифоқе собиқа надошта ва шояд, ки такрор ҳам нашавад. Ва баъд аз ин, нақши меҳварии устоди шаҳид ба хотири хатми тамоми мунозаот ва овардани сулҳ ва то пойи ҷон рафтан ба озодӣ ва ба хотири ба даст овардани сулҳ, билохира, ҷони худро дар ин роҳ қурбонӣ карданд.

Бидуни шак зиндагии устоди шаҳид аз ибтидо то интиҳо як дафтар ва як китоби дарсест, ба ҳар яки мо ва ба тамоми мардуми Афғонистон. Ӯ як улгуи беназирест, дар қадам ба қадами зиндагӣ бо ашколи мухталиф ва анвои мухталиф ва тасомими оқилона ва хирадмандона як дидгоҳ ва як чароғи роҳест бар ҳамаи мо ва алалхусус, насли ҷавон. Лиҳозо, зимни ин, ки бурҳаҳои зиндагии устоди шаҳид метавонад барои мову шумо ба унвони як дарс бошад ва тамоми зиндагии устод як улгу бошад, аммо алалхусус, талоши онҳо дар даврони муқовимати аввал ва талоши онҳо ба хотири овардани як сулҳ ва талоши онҳо ба хотири эҷоди як низоми мубтанӣ бар иродаи мардум бидуни шак дар ин шароити сахт як улгу ва як дидгоҳи фарохе метавонад бошад, ки Афғонистон онро дунбол кунад ва тамоми тарафҳо барои дарки ин масъала дар канори ҳам битавонанд, ки бори дигар шоҳиди як Афғонистони озод, обод ва мустақил бошанд. Қадами аввал бидуни шак истодагии муқовимат ва мубориза ба хотири аҳдофи волоест, ки устоди шаҳид ба хотираш то охирин лаҳза истод шуд. Дар айни ҳол дасти бародарӣ, дӯстӣ, ухуват ва сулҳро дароз кардан то охирин лаҳза ва то охирин қадам аст. Дар айни ҳол, эҷоди як фазое ва эҷоди як шароите ва як дидгоҳе, ки Афғонистонро бори дигар бунёни як давлати машрӯъ ва қобили қабул барои ҳамаи мардуми Афғонистон, ки ҳам бо худ битавонем зиндагӣ кунем ва ҳам дунёи берун, ин метавонад як улгуе барои шароити сахти имрӯз бошад ва як фурсате ё як дарсе, ки аз ӯ биомӯзем барои интихоби дурусти масири имрӯзи мо ва дар шароити сахте, ки имрӯз қарор дорем. Дар айни ҳол устоди шаҳид ва бузургвори мо меҳвари иттиҳод ва инсиҷоми ақвоми мухталиф, аҳзоби мухталиф ва тамоми ташаккулоти дигар буд. Меҳваре барои иттиҳод ва инсиҷоми тамоми зарфиятҳои Афғонистон барои пешбурди кишвар дар масире, ки оқибати ӯ бидуни шак як низоме буд, ки марбути мардуми Афғонистон дониста мешуд ва як шароите буд, ки дар ӯ ободӣ ва озодӣ ҳузур дошт. Лиҳозо, имрӯз ҳам бо даст гирифтан аз ӯ агарчи устоди шаҳид дар миёни мо нест, бо дарки он масъала, бо таваккале бар Парвардигор ва таъқиби роҳи шуҳадое чун устоди шаҳид дар қадами нахуст иттиҳоду иттифоқи ҳамаи мо, истодагӣ ва муқовимати ҳамаи мо ва ҳамчунин доштани як барномаи дақиқ барои ояндаи кишвар, ман шак надорам, ки фардорӯз пеши Парвардигор, фардорӯз пеши шуҳадо ва фардорӯз пеши устоди сарбаланд хоҳем буд.


Салоҳиддин Раббонӣ, Раиси Ҳизби ҷамъияти исломӣ собиқ Вазири умури хориҷии Афғонистон: “Ба ин муносибат ба рӯҳи устоди шаҳид Бурҳониддин Раббонӣ, Қаҳрамони миллии кишвар шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, устод Ниёзӣ шаҳиди ваҳдати миллӣ устод Абдуалӣ Мазорӣ, устод Забеҳулло, Ҳоҷӣ Абдуқадир ва ҳама шуҳадои боифтихори кишвар дуруд мефиристам".

Дӯстони гиромӣ, андеша ва ҳадафи марказии инқарнии устоди шаҳид посдорӣ аз арзишҳои динӣ, исбоҳи ҷомеа, таҳаққуқи адолати иҷтимоӣ, ҷилавгирӣ аз тамомиятхоҳӣ, ҳифзи истиқлоли кишвар бар пояи низоми сиёсии мубтанӣ бар ирода ва интихоби мардум ва тазвини ҳуқуқи асосии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқи занон буд. Устоди шаҳид мусодираи ҳуқуқи асосии шаҳрвандонро бо такя ба қувваи қаҳрия ва ғалаба бо зӯр ва байъати иҷбориро ботил ва хилофи мавозини исломӣ мепиндошт. Ҷомеаи исломӣ фалсафаи ҷиҳод ва муқовимат дар исломро мубориза алайҳи зулм ва истибдод медонист ва дар ин масир ҳамон гуна, ки посдорӣ ва ҳифозат аз арзишҳои эътиқодии ҷиҳод дошт, муқовиматро роҳбарӣ кард. Дар марҳалаи пасомуқовимат барои посдорӣ аз истиқлоли сиёсии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ ва мушорикати шаҳрвандон дар чорчуби як низоми мардумсолор мубориза намуд ва нагузошт андешаи тамомиятхоҳон  ва иродаи бӯмиён таъйинкунанда бошад.

Роҳбари шаҳид дар арсаи сиёсӣ нигоҳи инъитофпазир ва маътуф ба оянда дошт ва ҳамеша таъкид менамуд, ки Афғонистон аз тариқи ҳамдигарпазирӣ ва эҳтиром ба тадовини сиёсиву фарҳангӣ ва пайрезии низоми сиёсии пойбанд бо воқеиятҳои ҷомеа метавонад ба сулҳ ва тавсия даст пайдо кунад.

Устоди шаҳид дар тӯли ҳаёти муборизотии хеш гуфтугӯи боиззат ва одилонаро пайваста авлавият медод. Аммо бар сулҳи зараррасон ва иҳонатбор, ки султаи золим, табъиз ва таассубро тарвиҷ ва таҳким намояд, бовар надошт”.

Ато Муҳаммади Нур, волии пешини Балх: “Ёздаҳ сол аз фавти пешво ва роҳбари маънавии мо гузашт ва ҳар рӯз ғами набуди он роҳбари фарзона бештар аз дирӯз бар мо зиёдтар мешавад. Шахсияти устоди шаҳид бениёз аз тавзеҳ аст. Ӯ на танҳо олими фақеҳ, сиёсатмадори ҳаким, роҳбари хирадманд, пешвои муъмин ва муҷоҳиди вораста ва нотарс буд, ки дар бархӯрд бо зердастон меҳрубон, дар манофеи  сиёсӣ дорои ҳикмат ва муттакӣ ба арзишҳои меҳанӣ, миллӣ ва мардумӣ буд. Ва дар рӯйкардҳои модерн ба унвони як ҳомии низоми мардумсолор бархӯрд дошт. Ӯ бо гузоштани суннати некӯи таҳвилии нарм ва сулҳомези қудрати сиёсӣ барои нахустин бор дар таърихи Афғонистон бинои машрӯъияти мардумсолорро гузошт ва аз ин шаклдиҳии низоми модерни Афғонистон низ имтиёзи бузург ба номи ӯ сабт гардид.


Устоди шаҳид барои истодагӣ дар баробари низоми тамомиятхоҳи вақт бо ҷамъе аз андешамандони озодихоҳ бинои Ҷамъияти исломиро ба унвони як чапи сиёсии муборизотӣ шакл дод, ки бар асоси раъйи аксарияти нухбагони Ҷамъияти исломӣ устоди гиромии мо дар раъси он қарор гирифт. Шаклдиҳии чапи сиёсӣ, ки бо мурури замон ба нишонаи асири фикрӣ, фарҳангӣ ва ҳувиятии мо мубаддал гардид, аз корҳои арзишманде буд, ки дар натиҷаи андеша, талош, муборизот ва фидокории устоди бузургвор ба унвони як тарафи аслии қазояи Афғонистон табдил шуд ва дар мавориди сарнавиштсоз ба унвони ҷараёни аслӣ ва тасмимгиранда амал кард. Ин бунгоҳи фикрӣ ва сиёсӣ ба унвони мероси мондагори ӯ барои ҳамаи мо дорои аҳамият ва арзиши вежа аст. Меҳвари гирд омадан ва ҷамъомади мо, пойгоҳи сиёсӣ ва ҳувиятии мо ва сангари муборизаву истодагарии мо ҳаминҷо мебошад. Дар рӯзгоре, ки мардуми мо дар пайи султаи Толибон* (Halva.tj - *Ҳаракати террористӣ) дар Афғонистон бадтарин шароитро таҷриба мекунанд, дар канори бекорӣ ва фақр, таассуботи тунди қавмӣ ва забонситезӣ бо забони ақвом ва шуълавар кардани ҷанги қавмӣ набуди озодиҳои шаҳрвандӣ, маҳрумияти занону духтарон аз омӯзиш ва кор, бистарсозӣ ва мизбонӣ аз ҳузури нерӯҳои террористии минтақа ва ҷаҳон, талошии хона ба хонаи мардум бидуни ҳеч муҷовизи шаръӣ ва динӣ, таҷовуз ба ҳарими хусусии мардум бар хилофи тамомии омӯзаҳои динӣ бахше аз аъмоле аст, ки гурӯҳи ҳоким ба он мубодират меварзад”.



Дипломатҳои ғайридипломатик: Ҳарфҳои беҷои намояндагони расмии Ҳукумати Украина дар бархе кишварҳои ҷаҳонӣ


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед