Ru  | Tj
«Заминларзаи Туркия фоҷиа аст, аммо...» Назари тоҷикон ба офати табиии ин кишвари мусулмонӣ чист?
«Заминларзаи Туркия фоҷиа аст, аммо...» Назари тоҷикон ба офати табиии ин кишвари мусулмонӣ чист?
Акс: AP / Khalil Hamra

«Заминларзаи Туркия фоҷиа аст, аммо...» Назари тоҷикон ба офати табиии ин кишвари мусулмонӣ чист?

Нашр шуд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои расонидани кумак ба осебдидагони заминларза субҳи рӯзи 9-уми феврал вориди хоки Туркия шуданд. Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, имдодгарони тоҷик ҳамчунин таҷҳизоти техникӣ, ки барои роҳандозии корҳои наҷот заруранд, бо худ бурданд.

Таъкид мешавад, ки 50 нафар наҷотдиҳандаи тоҷик афроде ҳастанд, ки дар корҳои садамавиву наҷот омӯзиш дидаву таҷрибаи кофӣ доранд. Ба гурӯҳи наҷотбахшон инчунин мутахассисони баландихтисос, духтур-ҷарроҳ ва травматологи соҳибтахассус шомил шудаанд.

Қобили зикр аст, ин аввалин бор аст, ки дастаи имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар амалиёти наҷот дар хориҷ аз ин кишвар иштирок мекунад.

Дар баробари ин бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Туркия 100 тонна кумаки башардӯстона фиристода шуд. Тибқи иттилои хабаргузории расмии «Ховар», кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон аз маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ, аз ҷумла орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи музофоти гуногуни Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма, кӯрпаву болишт, кати хоб, рахти хоб, рӯйпӯшҳои пашмин, зарфҳои алюминӣ, ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи беҳдоштӣ низ дастрас карда мешавад.

Инчунин дар сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҷамъоварии кумак барои осебдидагон аз заминларза дар Туркия оғоз шудааст. Хоҳишмандони кумакрасонӣ метавонанд лавозимоти заруриро дар бастаҳои шаффоф бо рӯйхати ҷиҳози дар он мавҷудбуда оварда супоранд.

Бояд гуфт, бар асари заминларзаи шадиди рӯзи 6 феврал дар Ҷумҳурии Туркия ҳазорҳо нафар ҷон бохта, садҳо бинои маскунӣ ва иншооту зерсохтҳои иҷтимоӣ аз байн рафт. Ин рухдоди табиӣ корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ду гурӯҳ ҷудо намуд. Яке бар ин назаранд, ки мардуми тоҷик ҳатман бояд дар ин рӯзҳо ба осебдидагони Туркия кумак равон намоянд. Ҳатто баъзе аз фаъолони маданӣ барои ҷамъоварии маблағ суратҳисоби бонкӣ низ кушоданд.

Halva.tj тасмим гирифт, ки дар робита ба ин баҳсу баррасӣ назари чанде аз фаъолони маданиро гирд оварад.

Хуршед Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон:

Миллати турк ё кӯдаки бечораи турк барои тиҷорати ҳукуматаш посухгӯ нест! Ҳавопаймоҳои бесарнишини «Байрактар» ин тиҷорат аст. Туркия онро ба Қирғизистон фурӯхт. Бигзор Тоҷикистон ҳам харад. Мусибат мусибат аст ва дар ин ҳолат картошкаро бо панир омехта кардан лозим нест! Бояд мо дар ин рӯзҳои сиёҳ ҳамдарди мардуми турк бошем.

Бахтиёр Ҳамдамов, собиқ сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ»:

Бубинед, мо кишвари аз лиҳози иқтисодӣ тавоное нестем, ки мисли Русия, Чин ва ë кишварҳои Аврупо мушкили Туркияро ба таври қобили эҳсос ҳал кунем. Кумаки мо дар доираи имконоти мо сурат мегирад ва ба иқтисоди кишвар ҳеч зарар надорад. Вале ин иқдоми нек аз инсондӯстиву одамияти мо дарак медиҳад, ки то андозае ба сиëсатмадорони турк таъсиргузор хоҳад буд. Дар ин ҳолатҳо, ки ҷони инсони одӣ, занону кӯдакон дар хатар аст, бояд ҳисси бадбинӣ коҳиш ëбад. Вагарна байни мо ва миллатгароҳои турк ҳеч тафовуте намемонад. Падарону бобоҳои мо сарфи назар аз ваҳшонияти фашизм дар даврони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон танҳо бо фашистон бархӯрди бераҳмона доштанд, аммо мардуми мулкии Олмон, занону кӯдакон ва пирони барҷомондаро озор намедоданд.

Хуб мешуд, ки дар ин ҳолат на танҳо ба мардуми турк, балк ба Сурия низ дасти ëри дароз мекардем. Онҳое, ки аз ин мусибат табли шодӣ мезананд, нафаҳмидаву дарк нокарда як кишвари абарқудратеро алайҳи Тоҷикистон ангеза медиҳанд, ки ба манфиати мо нахоҳад буд. Банда дар чанд матлаби худ сиëсати туркгароии сарони ин кишварро интиқод кардаам, вале имрӯз бо мардуми одии Туркияву Сурия ғамшарикам. Ниëгони бузурги мо фармудаанд: ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад...

Абдулқодири Рустам, адиб:

Бидуни тардид, бояд ба мардуми мусибатдида бар асари заминларза ёрии башардӯстона кард, на танҳо ба мардуми турк, балки ба сурияиҳо низ. Ёрӣ ба осебдидагон бояд муртабит бо сиёсати давлатҳо набошад, танҳо бар мабнои арзишҳои инсонӣ бояд сурат бигирад... Банӣ Одам аъзои як пайкарданд!

Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос:

Заминларзаи фалокатовар дар Туркия ва Сурия воқеан фоҷеа аст, чун то кадом ҳад нотавон будани инсонро дар назди табиат ба намоиш мегузорад. Баҳсҳо ва нигоштаҳои гуногунро дар мавриди заминларза дар Туркия дар фазои маҷозӣ хондам ва ҳар кас аз рӯйи диди худ тафсир мекунад. Ба назари ман, Тоҷикистон ва мардуми кишвар ба ҳадди тавон ба зарардидагон бояд мадад расонанд, чун ин бархоста аз асли инсонӣ мебошад. Ба онҳое, ки бар муқобили расонидани кумак суханронӣ мекунанд ё табли шодӣ мезананд, таъкид намуданӣ ҳастам, ки нахуст, давлати Туркия қудрату тавонмандиҳои худии бартараф намудани оқибатҳои ин фалокатро дорад. Дуюм, дар чанд маврид, вақте дар Тоҷикистон фалокати табиӣ (обхезӣ ва омадани сел) рух дода буд, ҳукумати ин кишвар ба мардуми мо дасти мадад дароз кард ва имрӯз агар мо коре кардем, посухи ҳамон некӣ аст. Сеюм, дар Тоҷикистон як ниҳоди давлатии Туркия бо номи ТИКА фаъолият дорад ва аз рӯйи имкон ба мардуми кишвар, ба мақомоти давлатӣ ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ мадади худро мерасонад. Чорум, дар Туркия як теъдод аз шаҳрвандони кишвари мо кору фаъолият мекунанд ва то ин дам ягон бадрафторие (мисле дар баъзе кишварҳо) нисбат ба онҳо сурат нагирифтаасту дар матбуот ҳам паҳну пахш нашуда буд. Панҷум, давлатҳо дар ҳолатҳои фавқулода, ки бешубҳа заминларза аз чунинҳо аст, бояд ба якдигар мадад расонанд. Ин яке аз қонунҳои нонавиштаи равобити байналмилал аст ва аз ҷониби ҳамаи давлатҳо новобаста аз мавқеъ, дӯстию душманӣ, шарикию рақибӣ риоя мегардад.

Нуктаҳое, ки ҳамчун далел барои нарасонидани кумаки башардӯстона зикр мешаванд, бештар аз рӯ     и эҳсосанд, вале айни замон фаромӯш накардани ин ки инсон бояд инсон монад, ниҳоят муҳим мебошад.

Масрур Манофзода, тарҷумон:

Пеш аз ин ки матлабро равшан кунам, бояд бигӯям заминларзаи Туркияву Сурия фоҷеа аст, воқеан ҳамдардем бо ин мардум, дилхунем. Аммо ҳарфи ман ин аст: Дар ин ду рӯз мардуми тоҷик на танҳо ҳамдарду ҳамдили мардуми Туркия буданд, балки аз тарафи ҳукумат гурӯҳи наҷот ба ин кишвар фиристода шуд. Ҳамакнун хабар расид, ки дар назди сафорати ин кишвар ҷамъоварии кумаки башардӯстона роҳандозӣ кардаанд. Инҳо хуб аст, бояд чунин бошад, агар ғайр аз ин мебуд, кори бад буд, аммо…  Дар Афғонистон тоҷикони худамон дучори буҳрони инсонӣ ҳастанд, аз гуруснагӣ, хунукӣ мемиранд, чаро дар фикри онҳо ҳам нестем? Ба ҳар ҳол, Туркия намегузорад ки ин фоҷеа ба буҳрони инсонӣ табдил ёбад, Туркия давлате худкифост, умед аст, ки дар камтарин фурсат ба мушкилоти осебдидагон расидагӣ мекунад. Аммо ба мушкилоти мардуми Афғонистон кӣ расидагӣ мекунад? Муште хартолиб, ки рӯзи сиёҳи ин мардумро сиёҳтар кардааст? Осебдидагони заминҷунбӣ дар Туркия аз хунукӣ нахоҳанд мурд, аз гуруснагӣ нахоҳанд мурд, аммо ҳар рӯз афғонистониҳо аз хунукиву гуруснагӣ доранд мемиранд. Чаро назди сафорати Афғонистон кумаки башардӯстона ташкил намешавад? Ба селзадагони Покистон корвони ёрии башардӯстона фиристодем, ба Туркия кумак мефиристем, чаро ба толибзадагони Афғонистон кумак намефиристем?

Осебдидагони Сурия ҳам кам нестанд, ҳолашон ҳам бадтар аз мардуми Туркия аст, чиро дастикам дар ҳамдардиҳоятон аз мардум ҳам ёд намекунед?

Назари ман ҳамин аст, ки гуфтам. Ман фақат мехоҳам ба ёдамон бошад, ки буҳрони инсонӣ дар Афғонистон чора нашудааст, ҷараён дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бетараф аст, ин моем, ки бояд дастикам барои зинда мондани он мардум талош кунем. Туркия қудрату тавони бартараф кардани авоқиби ин офатро дорад, беҳтар аст мо ба мушкили тоҷикони Афғонистон бипардозем.

Шодӣ Муродов, муаллим:

Албатта, кумак кардан ба мардуми офатзада, хусусан дар ин ҳол нишонаи ҳанӯз дар замири мо зинда будани инсоният аст. Салоҳ медонам, ки ҳар гуна кумак ба мақомоти расмии ин кишвар ва намояндагони онҳо супорида шаванд. Тибқи маълумоте, ки ба мо расид, аллакай намояндагони Сафоратхонаи Туркия дар Душанбе ҷамъоварии кумакҳоро ба мардуми аз ин офат осебдида оғоз намудааст. Дар мавриди кушодашавии ҳисоби бонкӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ба хотири кумак ба мардуми офатзада наметавон комилан дилпур буд. Зеро мо аз таҷриба медонем, ки қаллобон бо кушодани ҳисоби бонкӣ маҳз дар ана ҳамин гуна вазъият саъй мекунанд, ки аз аҳолӣ пули муфтро ба қавле «ҷабида» гиранд.



halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед