Ru  | Tj
Занони муҳоҷири тоҷик бозори кори Аврупоро тасхир мекунанд
Занони муҳоҷири тоҷик бозори кори Аврупоро тасхир мекунанд
Аксҳо: Дидор Саъдуллоев

Занони муҳоҷири тоҷик бозори кори Аврупоро тасхир мекунанд

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон муҳоҷирати занон сол то сол афзоиш меёбад. Коршиносон яке аз омилҳои онро ба боз шудани дарҳои Аврупо ба рӯйи муҳоҷирони тоҷик марбут медонанд. Тибқи омори расмӣ, муҳоҷирати занон танҳо дар соли 2022 нисбати соли 2021 147 дарсад зиёд шудааст.  

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо истинод ба Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ин кишвар иттилоъ дод, ки танҳо дар соли 2022 шумораи заноне, ки ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, беш аз 121 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки ин нишондод нисбати соли 2021 наздики 72 ҳазор нафар зиёд аст. Гуфта мешавад, ки ин шумора дар соли 2021 49 ҳазору 174 нафар будааст.

Ҳамчунин, ба иттилои ин манбаъ, дар соли гузашта беш аз 75 ҳазор зани муҳоҷир ба кишвар баргаштаанд, ки нисбати соли 2021 (25 898) наздики 50 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Аммо ин рақамҳо дар нишасти матбуотии Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон садо надод. Ҳатто гуфта нашуд, ки чӣ қадр шаҳрванди тоҷик ба Русия барои муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Гулнора Ҳасанзода, вазири муҳоҷирати Тоҷикистон танҳо гуфт, ки “рақамҳои дақиқ баъдан номбар карда мешаванд. Дар айни замон ҳамроҳ бо ҳамтоёни Русия ин рақамҳо дақиқ мешаванд”.

Дар робита ба муҳоҷирати занон Ҳасанзода боз ҳам ҳеч рақамеро ифшо накард. Ӯ танҳо зикр намуд, ки муҳоҷирати кории занон 1,2% коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки Моёншо Маҳмадбекзода, мудири Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни ҳамоише, ки моҳи ноябри соли 2022 баргузор шуд, гуфта буд, ки муҳоҷирати занон дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Ӯ гуфт, дар 9 моҳи соли 2022 534 ҳазору 258 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки аз ин шумора 92 ҳазору 826 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон ӯ афзуд, ки сафи занҳои муҳоҷир нисбат ба солҳои қаблӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Маҳмадбекзода, дар даҳсолаи ахир омори баландтарини муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2013 ба қайд гирифта шудааст.

Маҳмадбекзода ҳамзамон гуфт, ки омори аз ҳама баланд вобаста ба муҳоҷирати занон бошад дар Тоҷикистон соли 2014 сабт шудааст. Дар ин сол 106 ҳазору 416 тан зан ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Вале агар ба рақамҳои соли 2022 назар афканем, нишондоди аз ҳама зиёди муҳоҷирати занон ба ин сол рост меояд, ки коршиносон онро ба ҳиҷрати шаҳрвандон ба кишварҳои Аврупо рабт медиҳанд.

Ин нишондиҳандаро дар графикаи мо бибинед:

АВРУПО – РОҲИ НАВИ МУҲОҶИРАТИ ЗАНОН?

Тӯли чанд сол аст, ки кишварҳои Аврупо, бавижа Бритониёи Кабир ва Лаҳистон ва дигар кишварҳо дари худро ба рӯйи муҳоҷирони тоҷик боз кардаанд, ки аз Тоҷикистон дар соли 2022 аз ҷониби Вазорати кори ин кишвар 383 нафар ба Бритониёи Кабир ва 35 нафар ба Лаҳистон тариқи сафарбарии муташаккилона ба ҷойи кор таъмин гардидаанд. Вале ин танҳо оморҳои расмӣ аст, дар баробари ин ҳазорҳо нафар шаҳрванди тоҷик дар дигар кишварҳои Аврупо кор мекунанд.  

Коршиносон мегӯянд, ҳамакнун ки дарҳои Аврупо ба рӯйи муҳоҷирони корӣ боз шудааст, аз эҳтимол дур нест, ки ҳиҷрати занони муҳоҷири тоҷик низ ба ин кишварҳо зиёд шавад.  

Ойниҳол Бобоназарова, ки солҳои зиёд дар бахши ҳифзи ҳуқуқи занони муҳоҷири тоҷик кор кардааст, мегӯяд, дар Аврупо ба ҳуқуқи занон эҳтиром қоил ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз мушоҳида мешавад, ки занон барои муҳоҷират ба Аврупо мераванд ва албатта ин метавонад ба афзоиши муҳоҷирати занон боис гардад.

- Чун онҳо дар Аврупо ва Ғарб ба мушкилоте, ки дар Русия мувоҷеҳ мешаванд, дар ин кишварҳо дучор намешаванд. Онҳо аз Тоҷикистон қаблан бо ҳуҷҷатҳои дурустшуда ва расман ба кор мераванд ва агар то худашон ягон тартиботу қоидаро вайрон накунанд, ҳеч кас ба онҳо кор намегирад. Ҳатто ман медонам, ки чанд тан аз Русия ба Куриёи Ҷанубӣ рафтанд. Ба ҳар ҳол дар Аврупо ва Ғарб ба ҳуқуқҳои инсон арҷ гузошта мешавад, - баён намуд Бобоназарова.

Ба қавли ин коршиноси тоҷик, бар хилофи кишварҳои аврупоӣ занон дар кишварҳои узви ИДМ зери хатар қарор доранд.

Бобоназарова мегӯяд, ҳузури занони муҳоҷир дар кишварҳои аврупоӣ хуб аст, зеро ҷаҳонбинии онҳо фарох мегардад ва ҳам сармояи бештар метавонанд ба даст оранд. Аммо аз сӯйи дигар ин раванд ба рӯҳияи фарзандони хурдсоли онҳо, ки дар ихтиёри хешовандон ё модарони солмандашон боқӣ мемонанд, бетаъсир нахоҳад буд.


Дар ҳамин ҳол Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, як пажӯҳиши созмони таҳқиқоти илмии “Шарқ” нишон додааст, ки муҳоҷирати занон дар Русия қаблан 17%-ро ташкил медод, аммо ҳоло бошад он ба 30% расидааст. Ба гуфтаи ин коршинос, нафароне, ки ба Аврупо рафтаанд, дар шаш моҳ маблағи яксолаи кишварҳои узви ИДМ-ро ба даст меоранд.

Ҳамзамон, ба қавли ӯ, дар ояндаи наздик барои муҳоҷирон роҳҳои наве боз мешавад, ки бозори муҳоҷират рақобатпазир мегардад ва кишварҳо барои ба кор даъват кардани онҳо шароитҳои муносибтарро пешниҳод мекунанд.

- COVID-19 як хубии худро дошт: Русия дарёфт, ки бе муҳоҷирон кор пеш намеравад. Ин буд, ки пас аз пандемия дар соли 2022 аз 10 то 25 дарсади маоши муҳоҷиронро зиёд кард, то ки онҳо дар онҷо монанд. Ҳоло дар ҷаҳон “шикор”-и муҳоҷирон рафта истодааст, - гуфт Улмасов.

ОМИЛҲОИ МУҲОҶИРАТИ ЗАНОН ЧИСТ?

Омилҳои муҳоҷирати занонро коршиносон гуногун арзёбӣ мекунанд, вале омили аслии онро пеш аз ҳама ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар рабт медиҳанд.

Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси тоҷик мегӯяд, муҳоҷирати занон ба омилҳои гуногун бастагӣ дорад.

- Сабаби якум ин аст, ки як қисмати занон ба Русия назди шавҳарҳои худ мераванд, ҳатто дар баъзе мавридҳо барои ҷусҷуҷӯи онҳо мераванд ва ҳамонҷо мемонанд. Сабаби дуюм ин аст, ки онҳо дар Тоҷикистон ҷойи кор пайдо накунанд ва маҷбур мешаванд роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд, - зикр намуд коршинос.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, омили дигар аз ҳам пошидани занон мебошад, ки дар аксари ҳолатҳо боиси бесарпараст мондани онҳо мешавад.

Аз сӯйи дигар Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ин назар аст, ки яке аз дигар омилҳои зиёд шудани муҳоҷират миёни занон рушди фанноварӣ (технология) ва дастрасӣ ба интернет аст, ки занон бо ин роҳ дар хориҷа барои худ ҷойи кор пайдо мекунанд.

- Қаблан, ки интернет вуҷуд надошт ё то андозаи имрӯз ба таври васеъ корбурд намешуд, занон аз имконоти фарохи он бехабар буданд. Дар ҳоли ҳозир бо истифода аз шабакаҳои зиёди иҷтимоӣ ба осонӣ метавонанд дар хориҷи кишвар кор пайдо намоянд. Ба ин васила, дӯстону шиносҳои худро ба кор даъват кунанд, - иброз дошт Ёров.


ПАЙОМАДҲОИ МУҲОҶИРАТИ ЗАНОН

Коршиносон мегӯянд, раванди афзоиши муҳоҷирати занон пайомадҳои нохуб дорад.

Каримҷон Ёров мегӯяд, имрӯз мутаассифона занони тоҷик дар Русия ба мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ мешаванд, чун дар муҳоҷират аз онҳо зиёд суистифода мекунанд.

- Муҳоҷирати занон бисёр бад аст, чун мо худ шоҳиди он мешавем, ки чӣ гуна занони муҳоҷири тоҷик дар Русия машаққатҳо мекашанд ва ҳатто фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ҳамдиёрони худ мешаванд, - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, дар ҳолати коҳиш надодани ин раванд ба эҳтимоли зиёд бархе аз занон ба танфурӯшӣ даст мезананд.

- Яқин аст, ки як қисмашон ба дигар кишварҳо мераванд ва ё як қисмати дигар ба фоҳишагӣ рӯ меоранд, ки ин бисёр ҳам нигаронкунанда аст. Яъне пайомадҳо нохуб ҳастанд. Беҳтар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои занони бенаво (камбизоат) ягон барномаи роҳбурдӣ (стратегия) таҳия ва роҳандозӣ намояд, - афзуд ӯ.

Ин коршинос пешниҳод менамояд, ки мақомоти Тоҷикистон метавонад барои занон имконот ва шароитҳоеро пешниҳод намояд, то ки барои коҳиши муҳоҷирати занон мусоидат кунад.

- Масалан дар бештари кишварҳо агар занҳоро ба кор гиранд, корхонаҳоро аз молиёт (андоз) озод мекунанд ё ин ки давлат як миқдор қарзҳои бебаҳра (бефоиз)-ро барои занон ба муҳлати панҷ сол пешниҳод мекунад, ки ба воситаи он агар зан ягон тиҷорати хурдро ташкил кунад, метавонад он маблағҳоро тадриҷан ба давлат баргардонад. Бо ин роҳ метавон муҳоҷирати занонро дар кишвар коҳиш дод, - гуфт О.Бобоназарова.

Дар ҳамин ҳол Абдулло Давлатов, коршиноси масоили иҷтимоӣ мегӯяд, агар раванди муҳоҷирати занон бо чунин суръат идома ёбад, табиист, ки ин барои миллат фоҷеабор хоҳад шуд.

- Бонувон ранҷу машаққати муҳоҷиратро таҷриба карда, бо беарзишии ҳаёт ва хастагии ҳиҷрат дучор мешаванд ва дар ниҳоят осеби равонӣ мебинанд, - гуфт Давлатов.


Бино ба як гузориши муассисаи таҳлилӣ ва машваратии "Finexpertizа", танҳо дар соли 2022 беш аз 986 ҳазор нафар муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд.

Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дар самти коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар барномаҳои вижаи давлатӣ таҳия ва амалӣ кардааст, ки ҳадафи он таъмин намудани шаҳрвандон дар дохили кишвар ва омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи бозори кор мебошад.

Аз ҷумла, соли гузашта аз сӯйи Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040” таҳия гардид, ки мутобиқи он дар назар аст, ки ҳамасола 100 ҳазор ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандони кишвар таъсис дода шавад. Гуфта мешавад, ки пеш аз ҳама таъсиси ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирони корӣ пешбинӣ шудааст.

Ин консепсия то куҷо барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандон дар дохили кишвар мусоидат мекунад, вақт нишон хоҳад дод.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед