Ru  | Tj
10 ҳақиқати ваҳшатнок дар бораи Чингизхон
10 ҳақиқати ваҳшатнок дар бораи Чингизхон
Аксҳо аз Интернет

10 ҳақиқати ваҳшатнок дар бораи Чингизхон

Нашр шуд

Чингизхон яке аз чеҳраҳои хунхор ва ваҳшатноки таърих аст, ки ин ҳақиқат дар навиштаи аксари таърихнигорон зикр мешавад. Вай дар замони ҳукмронии худ сарзаминҳои зиёдеро тасарруф намудааст ва гуфтаанд, ки ӯ беш аз 40 миллион нафарро қатли ом кардааст. Империяи муғулҳоро ӯ соли 1162 таъсис дод, ки соли 1227 аз байн рафт. Дар бораи ваҳшонияти ӯ навиштаҳои зиёде вуҷуд дорад, аммо мо ин ҷо ба 10 ҳақиқати ғароибу ваҳшатноки ӯ ишора кардему халос.

“Чингизхон” номи асосии ӯ набуд


Чингизхоне, ки бо номи “Хони бузург” шӯҳрат пайдо кард, соли 1162-и мелодӣ дар соҳилҳои Онони Муғулистон таваллуд шудааст. Номи аслии ӯ Темучин буда, ки маънояш “оҳан” ё “оҳангар” мебошад. Вай соли 1206 дар маҷлиси шӯрои қавбилавӣ ба унвони раҳбари қабила эътироф гардид ва аз он замон лақаби ифтихории “Чингизхон”-ро ба ӯ доданд. Дар қадим “хон” ба маънии раҳбар ва ҳоким будааст, вале таърихнигорон ҳанӯз маънои аслии номи Чингизхонро кашф накардаанд. Мегӯянд “Чингизхон” мумкин аст ба маънои “уқёнус” бошад. Вале маъмулан он ба шакли “бузургтарин ҳоким” ё “ҳокими ҷаҳонӣ” тарҷума мешавад.

Дар кӯдакӣ бародари ӯгайашро кушт

Аз замони кӯдакӣ Чингизхон маҷбур буд бо ҷангу хушунат дар Муғулистон бузург шавад. Ҳангоме, ки 9 сола буд, тоторҳо падарашро заҳролуд карданд ва баъд ӯву қабилаашро аз маҳалли зиндагияшон берун кашиданд. Чингизхон аз модараш ҷудо шуд ва модараш ҳафт фарзандро бидуни ӯ бузург кард. Чингизхон бо шикор ва пайдо кардани ғизо оҳиста-оҳиста бузург шуд. Мегӯянд, ӯ дар навҷавонӣ барои ғизо бо бародари ӯгайаш ҷанг мекунад ва бародарашро мекушад. Инчунин, душманони қабилаашон Чингизхон ва зани ӯро дар навҷавонӣ медузданд. Бо ин далел, Чингизхон қабл аз фирор аз дасти душманонаш ба сифати барда зиндагӣ намудааст. Бо вуҷуди ин ҳама сахтиҳои зиндагӣ Чингизхон дар 20 -солагӣ ба як ҷангҷӯи нотарс ва бераҳм табдил мешавад. Вай дар як муддати кӯтоҳ тавонистааст, ки қабилаҳои гуногунеро зери парчам ва иттиҳоди худ гирд оварад ва барои ҳуҷум ба сарзаминҳои хориҷ аз Муғулистон нақша кашад.

Ҳеҷ санаде дар бораи шаклу шамоили ӯ мавҷуд нест


Ҳарчанд Чингизхон чеҳраи шинохташудаи таърихӣ аст, аммо шоҳид ва далелҳои ҳақиқӣ дар бораи шакл ва шамоил ва зоҳири ӯ вуҷуд надорад. Ҳеҷ расм ё муҷассама дар рӯзгораш аз ӯ боқӣ намондааст. Таърихнигорон дар ин мавзӯъ иттилооти каме дар даст доранд ва аксари ин иттилоот низ бо ҳам ихтилоф доранд. Бисёриҳо ӯро қадбаланду қавибозу, бо мӯйҳои дарозу риши пурпашм тафсиф кардаанд. Ривояти тааҷҷубовар дар ин боб аз Рашиддудин, воқеанигори форси қарни XIV мебошад, ки менависад, Чингизхон мӯйи сурху чашмони сабз доштааст. Ин ривоят пурсишбарангез аст, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ Чингизхонро аз наздик надидааст. Вале вижагиҳое, ки қайд кардаанд, дар байни қавмҳои муғул ба чашм мерасид.

Генералҳои боэътимоди артиш душманони собиқаш буданд


Аз таърих ривоят мешавад, ки Чингизхон муштоқи кашфи ҷасорату қаҳрамониҳо будааст. Меъёри асосияш барои додани рутба ба афсаронаш маҳорату таҷриба будааст, на табақа, аслу насаб ва ё ҳатто вобастагиҳои гузашта. Як мисоли умда аз ин шоистасолории Чингизхон ба воқеае ишора мекунад, ки дар соли 1201 иттифоқ афтода буд. Тири Тайҷут аз қабилаи душман ба Чингиз ва аспаш зарар мерасонад, ки қариб дар ҳолати кушта шудан қарор мегиранд. Чингизхон баъди ин ҳодиса Тайҷутро мавриди хитоб қарор дода, мехоҳад худро одами тирзан муаррифӣ кунад. Сарбозе шуҷоъона эътироф мекунад, ки тирпаронӣ кори ӯ буд. Ба хотири ин ҷасорат Чингизхон ӯро афсари артишаш мекунад ва ба хотири аввалин мулоқот ӯро “Ҷибиба” ё “Тир” ном мегузорад. Ҷибиба ҳамроҳ бо фармондеҳи машҳур Саботай ба бузургтарин фармондеҳи муғул дар ҷангҳои Осиё ва Аврупо табдил мешавад.

Ӯ аслан намебахшид


Вай дар аксар ҳолат ба подшоҳони дигар вақт медод, то ба ҳукумати муғул бипайванданд. Вале ба муқобили онҳое бармехест, ки ба ҳукумати ӯ намепайвастанд. Яке аз ҳодисаҳои маъруфи лашкакашии ӯ дар соли 1219 бо ҳадафи гирифтани интиқом сурат гирифт. Лашкаркашии мазкур пас аз он сурат гирифт, ки подшоҳи Хоразшоҳиён паймони муоҳида бо Чингизхонро шикаст. Вай бо

подшоҳи Хоразмшоҳӣ ба тавофуқ расида буд, ки аз тариқи Роҳи абрешим ҳукумати муғул ба тиҷорат машғул шаванд. Вале вақте аввалин фиристодагони муғул аз тарафи подшоҳи Хоразмшоҳиён ба қатл расиданд, хашмгин ва аз пайи интиқом шуд. Вай ба сӯйи давлати Хоразмшоҳиён лашкар кашид. Дар натиҷаи ин ҷанг миллионҳо нафар кушта шуданд ва империяи Хоразмшоҳиён ба нобудии мутлақ расид.

Чингизхон масъули қатли 40 миллион нафар буд

Ба дурустӣ гуфта наметавонем, ки дар ҳамлаҳои Чингизхон ба кишварҳои гуногун чӣ миқдор инсонҳо кушта шудаанд, вале муаррихон теъдоди инсонҳои кушташударо 40 миллион нафар гуфтаанд. Саршуморе, ки дар давраҳои қадим анҷом шуд, нишон дод, ки дар тӯли зиндагии Чингизхон, масалан шумораи аҳолии Чин даҳҳо миллион нафар кам шудааст. Дар ҳамлаи муғул ба сарзамини эрониён низ даҳҳо миллион нафар кушта шудаанд.

Чингизхон ва дин

Бар хилофи урфи хеле аз империяҳо Чингизхон гуногунмазҳабиро мепазируфт. Вай қонунҳое доир ба озодии мазҳаб эҷод кард ва баъзан ибодатгоҳҳоро аз ситонидани хироҷ озод мекард. Ин таҳаммулпазирии Чингизхон дар баробари динҳо як омили муҳим дошт; ӯ медонист, ки афроди хушҳол камтар эҳтимол дорад, ки даст ба шӯриш зананд.

Ҳамчунин, муғулҳо дар масъалаи дин андешаи озод доштанд. Дар байни онҳо муътақидон ба осмон, арвоҳ, бодҳо кӯҳҳо вуҷуд доштанд. Онҳо андешаҳои гуногуни динӣ доштанд, ки масеҳӣ, будоӣ, насронӣ, мусалмон ва ғайраро дар бар мегирифт. Ҳатто худи Чингиз алоқаи шахсӣ ба маънавиёт дошт. Вай қабл аз оғози ҷанг дар хаймаи худ ба дуохонӣ мепартохтааст.

Ҷойи қабри Чингизхон номаълум аст


Яке аз муаммои бузурги зиндагии Чингизхон лаҳзаи охири марг ва дафни ӯ мебошад. Ривоятҳо аст, ки ӯ дар соли 1227 дар натиҷаи афтидан аз болои асп садама мебинаду мемирад. Бархеи дигар марги ӯро аз захми тире, ки дар пояш буд, марбут медонанд. Ҳатто ривояте вуҷуд дорад, ҳангоме ки ӯ мехост ба як шаҳбонуи чинӣ тавоҷуз кунад, кушта мешавад.

Муаммои дигар асрори дафни ӯ мебошад. Ҳеҷ кас намедонад, ки ӯ дар куҷо дафн шудааст. Ривоятҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки ӯ дар ҷойи номаълум дафн мешавад ва ҳар касе ки дар ҳангоми дафни ӯ ҳузур доштааст, кушта мешаванд. Ба эҳтимоли зиёд қабри ӯ дар наздикии кӯҳе дар Муғулистон аст, ки то ҳол маҳалли дақиқи он кашфношуда боқӣ мондааст.

Гирифтани номи Чингизхон дар Шӯравӣ мамнӯъ буд

Ҳоло Чингизхон поягузори Ҷумҳурии Муғулистон ба ҳисоб меравад, вале дар замони Шӯравӣ гирифтан ва навиштани номи ӯ дар Муғулистон мамнуъ буд. Далели ин кор он аст, ки дар он вақт идеология иҷоза намедод, шоҳону амирони золим таблиғ шаванд ва мардум аз зиндагиномаи онҳо огоҳ бошанд.

Путин: Кӯдаки саркаш, содиқи КГБ, шефтаи Пётри Кабир...


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед