Ru  | Tj
10 дарёи дарозтарини олам
10 дарёи дарозтарини олам
Аксҳо: аз Интернет

10 дарёи дарозтарини олам

Нашр шуд

Аз кайҳон Замин, асосан, бо рангҳои сафед ва кабуд намудор мешавад. Ин тааҷҷубовар нест, зеро аз се ду ҳиссаи сатҳи онро об фаро гирифтааст. Ба ғайр аз чор уқёнус ва баҳрҳои сершумор теъдоди зиёди дарёҳо, ботлоқхо ва кӯлҳо низ мавҷуданд.

Дарёҳо аз рӯдҳои хурд оғоз мешаванд ва дар баробари қувват гирифтани онҳо метавонанд ба ҷараёнҳои азими об табдил ёбанд. Дарёҳои бузург қитъаҳоро убур карда, обро аз сарчашмаҳои худ ҳазорҳо километр мекашанд. Барои инсон дарёҳо аҳамияти бузург доранд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим одамон дар назди дарёҳо шаҳрҳо месозанд.

Барои хонандагони сомонаи Halva.tj рӯйхати 10 дарёи дарозтарини оламро пешниҳод мекунем.

 

10. КОНГО


Дарёи Конго бо чанд хусусияташ аз дарёҳои дигари олам фарқ мекунад: он чуқуртарин дарёи ҷаҳон (230 метр) ба шумор рафта, ягона дарёест, ки ду маротиба хати экваторро убур мекунад. Конго баъди Амазонка пуробтарин дарёи ҷаҳон мебошад.

Онро соли 1482 баҳрнаварди португалӣ Диогу Кан кашф намудааст. Дар дарёи Конго киштигардӣ, моҳидорӣ ва истихроҷи маъдан рушд карда, ҳамчунин, нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта шудаанд. Ба гуфтаи олимон, Конго яке аз дарёҳои ғанитарин ба ҳисоб меравад, ки дар соҳилҳои он конҳои уран, нуқра, никел, молибден ва дигар металлҳо мавҷуданд.

Дарозии дарё 4700 километрро ташкил дода, дар њудуди Ҷумҳурии Демократии Конго сарчашма гирифта, ба уқёнуси Атлантика мерезад.

 

9. АМУР


Дарёи Амур дар Шарқи Дур ҷорӣ гашта, бо дарозии 5052 километр (бо шохобҳояш Аргун ва Керулен) дар ин радабандӣ ҷойи 9-умро ишғол мекунад. Дар болооб Амур Русияро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷудо карда, дар поёнобаш минтақаҳои аҳолинишин ва шаҳрҳои калон, аз ҷумла Хабаровск ва Комсомолск қомат афрохтаанд. Дар он ягона нақби зериобии Русия бо дарозии 7198 метр ҷойгир аст, ки аз соли 1941 фаъолият мекунад. Дарёи Амур қариб тамоми сол пуроб буда, ба он дарёҳои Зея, Бурей, Уссури ва Анюй ҷорӣ мешаванд.

 

8. ЛЕНА


Лена бузургтарин дарёи Сибири шарқӣ ба ҳисоб рафта, дарозии он бо шохобаш Витим 5100 километрро ташкил медиҳад. Соҳилҳои он пурра аз худ карда нашудаанд. Дар Лена ҳатто ягон обанборе насохтаанд ва яке аз мавзеъҳое мебошад, ки дасти одамӣ кам расидааст. Иқлими ҳавзаи дарёи Лена бисёр сард буда, дар фасли зимистон қисми зиёди он ях мебандад. Мавсими обшавии яхҳо аз нимаи дуюми моҳи апрел сар карда, то моҳи июн идома меёбад. Бояд қайд кард, ки дарёи Лена яке аз зебоиҳои табиати олам ба шумор меравад ва бо табиати нотакрору соҳилҳои дастнорасаш касро мафтун мекунад.

 

7. ЕНИСЕЙ


Дарёи Енисей бо шохобҳояш Ангара ва Идер дувумин дарёи бузурги Русия мебошад. Дарозии он 5238 километр буда, Сибири ғарбиро аз Сибири шарқӣ ҷудо мекунад. Калимаи Енисей аз калимаи “Ионессӣ” гирифта шуда, маънояш “Оби бузург” мебошад. Ҳамчунин, мардуми таҳҷоии Сибир дарёро “Енисей- модар” низ ном мебаранд. Дар он нерӯгоҳҳои барқи обии Саяно-Шушенски ва Красноярск сохта шудаанд. Дарё аз ҷануб ба шимол ҳаракат карда ба баҳри Карски Уқёнуси яхбастаи шимолӣ мерезад ва аз моҳи октябр сар карда то нимаи дуюми фасли баҳор ях медбандад. Шохобҳои Енисей зиёд буда, наздики 500 дарё ба он ҷорӣ мешавад, ки дарозии умумии онҳо 30 ҳазор километрро ташкил медиҳад.

 

6.ОБ


Дарёи Об дар Сибири ғарбӣ ҷорӣ шуда, дарозияш дар якҷоягӣ бо шохобаш Иртиш 5410 километр мебошад. Он дарозтарин дарёи Русия буда, аз нимаи дуюми моҳи октябр то моҳҳои апрел-май қисми поёнии он ях мебандад. Дар охирҳои фасли баҳор оби дарё зиёда аз 4 метр баланд мешавад. Ҳавзаи дарёи Об пурра ба Сибири ғарбӣ тааллуқ дорад ва дар он дарёҳои хурду бузурги зиёд ҷорӣ мешаванд. Худи Об бошад ба Укёни Яхбастаи Шимолӣ мерезад. Муҳаққиқон дар ҳавзаи он конҳои бузурги газ, нефт ва ангиштро пайдо карданд. Ҳамчунин дар дарё нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта шудаанд, ки барои иқтисодиёти Русия, махсусан, Сибири ғарбӣ аҳамияти бузург доранд.

 

5. ҲУАНҲЕЙ


Ин дарё дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир буда, дувумин дарёи дарозтарини Осиё ба шумор меравад, ки дарозиаш 5464 километрро ташкил медиҳад. Маънои калимаи Ҳуанҳе дар тарҷума аз забони чинӣ “дарёи зард” мебошад. Дарё аз наздикиҳои кӯҳҳои Тибет сарчашма гирифта аз самти ғарб ба самти шарқ ҳаракат карда ба баҳри Зард мерезад. Дар соҳилҳои дарё 7 музофоти пешрафтаи Чин ҷойгир аст. Ҳавзаи дарёи Ҳуанҳе наздики 140 миллион нафарро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад. Оби дарё барои кишоварзӣ ва саноат васеъ истифода бурда мешавад ва дар он 14 нерӯгоҳи барқи обӣ сохта шудааст.

 

4. ЯНСИЗӢ


Маънои калимаи Янсизи “Дарёи дароз” мебошад. Дарёи Янсизи бо дарозии 5800 километр дарозтарин ва серобтарин дарёи Авруосиё ба шумор меравад. Ҳавзаи дарё пурра дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир аст. Дар як қисмати он боғи миллии “Се дарёи параллелӣ” ҷойгир аст, ки ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст.

Ҳамчунин, дар дарё намудҳои нодири моҳиҳо ва ҳайвонҳо аз қабили тимсоҳ ва дефинҳои чинӣ ба сар мебаранд. Янсизи аҳамияти стратегӣ дошта 2850 километраш киштигард мебошад.

 

3. МИСИСИПӢ


Мисисипӣ калонтарин ва дарозтарин дарёи Амрикои Шимолӣ буда, ҳавзаи он 3,7 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки баъди Амазонка ва Конго ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Шохоби асосии дарёи Мисисипӣ Миссурӣ буда, дарозии онҳо дар якҷоягӣ 6275 километр мебошад. Маънои калимаи Мисисипӣ “Дарёи калон” аст. Бояд қайд намуд, ки аз давраҳои қадим дар соҳилҳои он ҳиндуҳои амрико зиндагӣ мекарданд. Бо гузашти солҳо дар соҳилҳои Мисисипӣ шаҳрҳои бузург сохта шуда, боркашонӣ ба воситаи дарё рушд кард. Дарёи Мисисипӣ барои ИМА аҳамияти бузурги стратегӣ дошта, дар он 42 обанбор сохта шудааст, ки 12-тои он барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мешавад.

 

2. НИЛ


То чанд соли охир дарёи Нил дарозтарин дарёи олам ба ҳисоб мерафт, вале дар таҳқиқотҳои охири олимони табиатшинос Нил дар ҷойи дуюм қарор дорад. Сарчашмаи Нил дарёи Рукарара буда, дар кишвари Руандаи Африқои Марказӣ ҷойгир аст. Дарозии системаи дарёҳои Рукарара-Кагера-Нил 6671 километрро ташкил медиҳад. Оби Нил аз давраҳои қадим барои кишоварзӣ истифода мешуд ва ҳоло бошад дар он нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта шудаанд. Нил, махсусан, барои Ҷумҳурии Исломии Миср аҳамияти бузург дошта, 97 дарсади аҳолии ин кишвар дар соҳилҳои он зиндагӣ мекунанд. Решаи калимаи Нилро ба забонҳои гуногун нисбат медиҳанд, вале дар ҳамаи забонҳо он маънои “Об” ё “Дарё”-ро ифода мекунад.

 

1. АМАЗОНКА


Дарёи Амазонка дар Амрикои ҷанубӣ ҷойгир буда, бо дарозии 6992 километр аз саргаҳи шохобаш Маранон дарозтарин дарёи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин он пуробтарин дарёи олам низ мебошад. Амазонка аз кӯҳҳои Анди Перу сарчашма гирифта ба уқёнуси Атлантика ҷорӣ мешавад. Он яке аз пуршохобтарин дарё буда, дарозии шохобҳо 25 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Амазонка чунон бузург аст, ки то шаҳри Манауси Бразилия ҳатто киштиҳои калон низ шино карда метавонанд. Муҳаққиқони донишгоҳи Бразилия андеша доранд, ки дарёи Амазонка 9 миллионсола аст. Дар ҳавзаи дарёи Амазонка колонтарин ҷангали тропикӣ мавҷуд аст, ки бо олами набототу ҳайвоноташ оламиёнро ба ҳайрат гузоштааст. Ҳамин аст, ки соли 2011 дарё ва ҷангалзори Амазонкаро ба рӯйхати нави 7 муъҷизаи табиати олам шомил намуданд.

 

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед