Ru  | Tj
5 китобе, ки оқилона сармоягузорӣ карданро меомӯзонад
5 китобе, ки оқилона сармоягузорӣ карданро меомӯзонад

5 китобе, ки оқилона сармоягузорӣ карданро меомӯзонад

Нашр шуд

Дар ҳикмати халқӣ омадааст – “пул ҳеҷ гоҳ зиёдатӣ намекунад”. Аз ин лиҳоз, муҳим нест, ки шумо чӣ қадар пул кор мекунед, муҳим он аст, ки оё шумо даромади худро зиёд карда метавонед ё не? Ва дар ин ҷо сухан на дар бораи бераҳмона кор кардан, балки дар бораи дуруст ва оқилона идора кардани маблағ меравад.

Махсус барои онҳое, ки дар харҷи оқилона манфиатдоранд, китобҳоеро интихоб кардем, ки саводи молиявии шуморо тақвият медиҳанд ва чӣ гуна сармоягузорӣ карданро меомӯзонанд.


1. «Иқтисодиёт барои кундзеҳнон»-и Шон Флинн

Омӯзиши иқтисодиёт ва таъсири он ба мардумро аз ин китоб бояд омӯхт. Муаллиф шуморо моҳирона ба печдарпечии талаботҳо, захираҳои маҳдуд, таҳлили одот, талабот ва пешниҳод, бӯҳронҳо ва имкониятҳо роҳнамоӣ мекунад. Пас аз мутолиаи ин китоб, шумо на танҳо бо мафҳумҳои асосӣ шинос мешавед, балки ба равандҳои микро ва макроиқтисодӣ сарфаҳм рафта, таҳлил кардани онҳоро хоҳед омӯхт.

Ба ҷаҳони молиявӣ чӣ таъсир мерасонад? Рушди иқтисодиёт ба некӯаҳволии мардум чӣ гуна таъсиргузор аст? Нархҳоро чӣ тавр ба эътидол овардан мумкин? Ба ин ва бисёр саволҳои дигар китоби «Иқтисод барои кундзеҳнон» посух хоҳад дод.


2. «Иқтисоддони муҳофиз»-и Тим Харфорд

Пас аз он ки мафҳумҳои асосиро аз худ кардед, вақти он мерасад, ки худро шарики детективи боистеъдод эҳсос намоед. Савол ба миён меояд, ки санҷиш ба ин ҷо чӣ рабте дорад? Гап сари он, ки муаллифи китоб «дар ҳимоя» буда, сирри ба даст овардани пул ва қонуниятҳои пинҳонии иқтисодиётро ба дигарон низ шинос мекунад. Хондани ин китоб хеле осон аст. Ҳар як андеша бо зарофати нозук оварда шуда, бо мисолҳои равшани иҷтимоӣ пешкаш мегардад.

Дар назари аввал мафҳуми он, ки иқтисодиёти бозорӣ барои ҳар яки мо неъмати аслӣ буда ва танзими он бо ҳар гуна механизмҳо ва қоидаҳо хатои ҷиддӣ мебошад, бароварда шудааст. Аммо маслиҳат медиҳем, ки китоби мазкурро бодиққат хонед, амиқтар омӯзед ва таҳлил кунед, зеро Тим Харфорд намунаҳои беҳтаринро бо диди шахсии ҷараёнҳои сиёсӣ омехта карда, ақидаи худро ҳамчун ҳақиқат пешниҳод кардааст.


3. «Забони пинҳонии пул. Чӣ гуна бояд қарорҳои оқилонаи молиявӣ қабул кард»- и Дэвид Крюгер, Ҷон Манн

Қадами навбатӣ – ин посух ба пурсиши «Барои хушбахтӣ чӣ қадар пул лозим аст?» мебошад. Албатта китоб ба шумо дар бораи он, ки чӣ гуна дар давоми як моҳ метавон Рокфеллер шуд ва ба натиҷаи муваффақ ноил гардид, посух намедиҳад. Вале барои дуруст таваҷҷӯҳ кардан, муайян кардани ҳадафҳо ва вазифаҳо ба шумо кӯмак мерасонад ва вазъи молиявии имрӯзаатонро нишон медиҳад. Яке аз муаллифон - равоншиносон Дэвид Крюгер ба туфайли таҷрибаи худ принсипҳои рафтори солими молиявиро муайян намуда, забони пинҳонии пулро ошкор кардааст.

Аз ин рӯ, агар шумо хоҳед, ки шароити молиявии худро беҳтар кунед, зудтар ин дастурро хареду мутолиа намоед.


4. «Сармоягузори оқил»-и Бенҷамин Грэм

Аз китоби қаблӣ фаҳмидед, ки ба шумо чӣ қадар пул лозим аст ва акнун вақти он расидааст, ки пул кор кунед. «Сармоягузори оқил» роҳнамои (муаллими) шумо барои сохтани нақшаҳои сармоягузорӣ хоҳад гардид. Муаллиф тамоми таваҷҷӯҳро ба принсипҳои бехатарии сармоягузорӣ равона намуда, ба шумо пайваста хотиррасон менамояд, ки бояд эҳтиёткорона ва мулоҳизакорона амал кунед.

Тезисҳои махсус (ба монанди сармоягузории соҳибкорӣ ва ҳифзшуда) сарфи назар аз он, ки китоб ҳанӯз соли 1949 нашр шудааст, ҳоло ҳам аҳамияти худро аз даст надодаанд. Ҷиҳати манфии китоб дар он аст, ки он хеле калон мебошад.

Аз китоб шумо метавонед, фарқи саҳмияҳо ва вомбаргҳо, зиёд кардани намуди маҳсулот, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ғайраро омӯзед?


5. «Манифести сармоягузор»-и Уилям Бернстайн

Худро сармоягузор эҳсос кардед? Вақти ташкил кардани манифестҳо ва барои ояндаи осудаҳолона пул кор кардан расидааст! Бернстайн маҷмӯи хуби қоидаҳоро барои сармоягузории бехатар эҷод кардааст. Ва ин барои навкорон лозим мебошад. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба сармоягузории дарозмуддат, ҳамзамон бо таҳлили бӯҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва пешниҳоду машваратҳои таъсирбахш, дода мешавад. Яке аз хусусиятҳои асосии он - кушодани гиреҳҳои сармоядорони касбӣ гардид.

Дар асари мазкур доир ба таърихи пул, бозор, нишондиҳандаҳо, фондҳои кушоди вомбаргҳо ва саҳмияҳо, психологияи сармоягузорӣ, намунаҳои портфелҳои даромаднок, комиссияҳо, андозҳо ва муҳимтар аз ҳама стратегияҳои сармоягузорӣ бо забони оддӣ маълумотҳои ҷолиб оварда шудааст.

"Оянда - аз шумо вобаста". Тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи футбол дар Сочи ширкат варзиданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед