
«Ҳақиқатҳои ҷолиб»-и Тоҷикистон аз забони вебгоҳҳои Эрон
Нашр шуд
Дар вебгоҳҳои сайёҳии Эрон, ки ба мақсади муаррифии минтақаҳои сайёҳии ҷаҳон созмондиҳӣ шудааст, дар хусуси Тоҷикистон ҳақиқатҳои ҷолиб нашр шудааст. Дар маълумоти ин вебгоҳҳо табиати зебо, кӯҳҳо, кӯлҳо, дарёҳо, чашмаҳо, олами ҳайвоноту наботот ва ҷойҳои дидании Тоҷикистон васф шудааст.
Яке аз вебгоҳҳои маъруфи таблиғгари минтақаҳои сайёҳии ҷаҳон «Маҷаллаи Элигашт» аст. Ин вебгоҳ 13 ҳақиқати ҷолиби Тоҷикистонро зикр мекунад, ки шигифтангез аст. Вебгоҳи мазкур менависад, ки Тоҷикистон «бо доштани кӯҳҳои ноҳамвор шинохта шудааст ва мақсади муносиб барои кӯҳнавардӣ ва табиатгардӣ аст». Вебгоҳ бо тазакур додани ин нукта, ки тоҷикҳо ба расму русуми қадимии худ пойбанданд ва кӯшиш мекунанд, ки онро нигаҳ доранд, менависад: «Тоҷикҳо то имрӯз дӯст медоранд либоси миллии худро дар рӯзҳои таътил пӯшанд. Онҳо дар маросими арӯсӣ либосҳои суннатӣ ва бумӣ мепӯшанд ва аз суннатҳои таваллуд гирифта, то арусӣ ҳамаи онҳоро анҷом медиҳанд». Онҳо, менависад вебгоҳ, алоқаи вижае ба хонавода доранд ва робитаҳои хешутабориашонро пос медоранд: «Яке аз одоб ва русуми маъруфи Тоҷикистон ин аст, ки онҳо ҳеч вақт аз хонавода ва хешони худ ҷудо намешаванд. Ҳатто пас аз издивоҷ, ба монанди даврони муҷаррадиашон дар канори оила зиндагӣ мекунанд, аммо дар утоқҳои ҷудогона ва вобаста ба худашон. Онҳо аз лиҳози мазҳабӣ бисёр пойбанд ва дорои ақида ҳастанд. Бисёре аз одоб ва русуми суннатии онон шабеҳи эрониён аст”. Вебгоҳи мазкур дар хусуси хулқу хӯи тоҷикҳо маълумоти муфассал дода, меафзояд, ки агарчи тоҷикҳо муносибати бисёр дӯстона доранд, вале фаромӯш набояд кард, ки гоҳе хеле густох ё хашмгинанд: “Тоҷикҳо метавонанд бархӯрди бисёр дӯстона дошта бошанд, густох будан низ падидаи дур аз интизор нест. Тоҷикистон як кишвари форсизабон аст, аммо интизор надошта бошед, ки монанди соири кишварҳои форсизабон ҳамчун Эрон ва Афғонистон барои сайёҳон фарши сурх паҳн кунанд».

Яке аз ҷолибиятҳои русуми мардуми тоҷик маросими арӯсӣ мебошад. Арӯсии мардуми Тоҷик ҳафт рӯз идома ёфта, маросими моҳи асал ё ба истилоҳ замони навхонадорӣ 40 рӯз идома меёбад: «Дар аввалин рӯзи маросим арӯс ва домод издивоҷи худро эълон мекунанд ва ба муддати се рӯз зиёфатҳои ҷудогонае бо хонаводаи худ баргузор мекунанд. Дар тӯли 5 рӯзи аввали ин маросим арӯс ҳамчунон дар манзили падари худ мемонад ва дар рӯзи шашум ба ҳамроҳи аъзои хонаводаи худ ба хонаи домод рафта ва шабро дар он ҷо мегузаронанд. Муддати замони моҳи асали онҳо 40 рӯз аст. Тамоми ин рӯз дар хонаи волидайни домод гузаронда мешавад, то арӯсу домод дар ибтидои зиндагии муштараки худ таҳти ҳимояти онҳо қарор бигиранд», - менависад вебгоҳ.

Шарҳи ҷузъиёти иди Наврӯз дар байни 13 ҳақиқати ҷолиби зикркардаи ин вебгоҳ нишон медиҳад, ки Наврӯзи Тоҷикистон бо вижагӣ ва хусусиятҳои маҳаллиаш бисёр рангоранг мегузарад: «Агар дар ин айём дар Тоҷикистон бошед, шоҳид хоҳед буд, ки тамоми мардум барои ин ҷашн омода мешаванд ва ғизоҳои хоси ин фаслро омода мекунанд, ба гунае, ки рӯзи мизҳо ҷойи сӯзан задан намемонад». Ин вебгоҳ ба сайёҳон ҳушдор медиҳад, ки нон дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хос ва муқаддас дорад ва онҳо ҳеч вақт нонро бо корд ё чизи тез пора намекунанд ва ба ин далел набояд ин амалро анҷом дод: «Нон аз аҳамияти болое бархӯрдор аст ва муқаддас ба шумор меравад. Ба ҳамин далел ҳеч вақт иҷоза надиҳед тоҷикҳо шуморо дар ҳоли партофтани нон ба замин бинанд. Онҳо нонро дар ҳолати хоссе қарор дода ва онро бо даст ва ба диққат тика мекунанд ва дар ин ҳангомба ҳеч ваҷҳ аз корд истифода намекунанд».
Вебгоҳи дигари маъруф дар сайёҳӣ “Арго-маг” дар хусуси кӯҳҳои Тоҷикистон, минтақаҳои дидании Тоҷикистон, хислату характери мардум, нақлиёти мусофирбарӣ ва ғайра маълумот медиҳад. Ба навиштаи вебгоҳ, «дар ин сарзамин беш аз 80 пистондорон, 365 гуна паранда, 40 навъи моҳӣ, 49 гуна хазанда, беш аз 10 ҳазор гунаи ҳашарот зиндагӣ мекунанд. Аз ҷонварони ин кишвар метавон ба хирс, хук, паланги барфӣ ва рӯбоҳ ишора кард».
Ба навиштаи вебгоҳ, манобеи табиӣ, ҷуғрофияи хос, минтақаҳои кӯҳистонӣ, ҷашангҳо, рӯдҳо, чашмаҳои пароканда ва шикоргоҳҳо таъкид менамояд, ки кишвари хуб барои саёҳати дарозмуддат аст. Яке аз ҷолибиятҳое, ки вебгоҳ тазакур медиҳад, Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе аст: «Боғи ҳайвоноти Душанбе яке аз диданиҳои ин кишвар аст, ки бисёр аҷиб буда, тамошобинони махсуси худро дорад. Дар боғ 600 навъи ҳайвонот нигаҳдорӣ мешавад ва Шумо метавонад гург, хирси сиёҳ ва қаҳвиро бибинед».

Дар вебгоҳи “Ластсканд” маълумоти умумии монанд ба дигар вебгоҳҳои сайёҳӣ ба чашм мехӯрад. Аммо ин вебгоҳ баъзе маълумотҳои аҷиберо зикр мекунанд. Масалан менависад, ки дучархасаворӣ барои занон дар ин кишвар мамнӯъ аст: «Дучарха аввалин воситаи нақлиёти ихтироъшуда аст, ки бо қудрати пойҳои инсон ба кор меафтад ва зану марду пиру ҷавон метавонанд аз он дар замон ва маконҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон лаззат баранд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон дучархасаворӣ воситаи нақлиёти мардона гуфта мешавад ва далели он ҳам табу будани дучархасавории зан дар деҳаҳо мебошад».
Дар гузориши вебгоҳи “Сафармаркет” 12 нуктаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон зикр мешавад. Бештари ин вижагиҳои зикршуда монанди маълумотҳои вебгоҳҳои зикршуда аст, вале ин вебгоҳ дар хусуси ғизоҳои Тоҷикистон маълумоти ҷолиб ироа медиҳад: «Мардуми Тоҷикистон ба ғизоҳои миллӣ ва суннатии худ ҳамвора ифтихор мекунанд, ки ин ғизоҳо дар рушди гардишгарӣ нақши асосӣ доранд. Аксари эрониҳо ба ғизоҳои миллии ин кишвар, ба мисли навъҳои кабоб, палави тоҷикӣ, оши угро, қурутоб, далма алоқа доранд». Дар идомаи ин гузориш мехонем, ки мисли Эрон дар Тоҷикистон низ истеъмоли гӯшти хук мамнӯъ аст. Истифодаи навъҳои сабзаҷот аз таркибҳои асосӣ дар ғизои ин кишвар мебошад.

“Ин-Тудей” вебгоҳест, ки нисбатан ба таври муфассал таърихи таъсис, масоҳат, табиат, боварҳои мазҳабӣ, хислати мардум ва ғайраро дар матлабе шарҳ медиҳад, ки бархе «ҳақиқатҳои ҷолиб»-и зикршуда ҷолиб ба назар мерасад: «Мардони тоҷик илова бар кулоҳи маъруфи худ як шоли камарии зардӯзишуда ба номи рӯмол ба тан мекунанд, ки аз вижагиҳои боризи пушиши мардони минтақа аст». Дар ин вебгоҳ дар мавриди як хислат ё расми мардуми тоҷик, ки вобаста ба муқаддас донистани нон аст, маълумоти ҷолиб нашр шудааст: «Нон ва, ба таври куллӣ, ғизоҳои гандумӣ дар байни мардуми тоҷик аҳамият ва эҳтироми зиёде дорад, ба тавре ки ҳатто барои буриши нон аз корд ва асбоби тез истифода намекунанд, дар тӯли сафаратон аз ин маврид диққати вижае дошта бошед». Ин вебгоҳ меҳмоннавозии тоҷикҳо бо эрониён ва афғонистониёнро муқоиса намуда, менависад: «Маъмулан ягар меҳмони яке аз бумиёни тоҷик бошед, ибтидо бо чой ва ҳалво, сипас бо ғизо ва дар интиҳо бо як суп аз шумо пазироӣ мекунанд, ки аз ин ҳайс шабоҳатҳое ба Эрон ҳам дида мешавад». Дар идома дар хусуси хулқу рафтори тоҷикҳо ва муносибаташон бо сайёҳон маълумот медиҳад, ки «баръакси эрониҳо, ки бо мушоҳидаи як гардишгари хориҷӣ қанд дар дилашон об мешавад, тоҷикҳо чандон аҳамияте ба мусофирон намедиҳанд ва дар ин сафар набояд интизори меҳмоннавозӣ ба сабки эронӣ дошта бошед!»

Муҳимтарин маълумоти овардашуда дар ин вебгоҳҳо манъ будани дучархасаворӣ барои занон мебошад, ки боиси шарҳҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоии Эрон шудааст. Ин вебгоҳ низ менависад, ки «аз ҳақиқатҳои ҷолиби Тоҷикистон метавон ба манъ будани дучархасавории занон ишора кард, ки ин маврид реша дар фарҳанги бумиёни сокини минтақа дорад. Шумо дар ин ҷо бонувонро савори дучарха нахоҳед дид».
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед