Ru  | Tj
«Ҷаҳони худ хуррамтар аст». Дар Тоҷикистон инста-шоуи нави ҳаҷвӣ маъруфият пайдо мекунад
«Ҷаҳони худ хуррамтар аст». Дар Тоҷикистон инста-шоуи нави ҳаҷвӣ маъруфият пайдо мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Ҷаҳони худ хуррамтар аст». Дар Тоҷикистон инста-шоуи нави ҳаҷвӣ маъруфият пайдо мекунад

Нашр шуд

Чанде қабл дар тарҳи тоҷикии Instagram як намоиши барои Тоҷикистон ғайриоддӣ бо номи "Smuzi" пайдо шуд. Дар пасманзари дигар барномаҳои мазҳакавӣ, он бо ҳазлҳои хоси худ, муносибатҳои эҷодӣ ва аслияти қаҳрамонҳо фарқ мекунад. Тавре маълум шуд, онро як гурӯҳи хурд ба смартфон сабт мекунанд. Мо аз муаллифи намоиш Фирӯз Карачаев оиди барнома пурсон шудем.


«Идеяи офаридани ҷаҳони шахсии худ»

Фирӯз дар бораи ташкили намоиши мазҳакавии худ, ҳанӯз аз соли 2018 –ум фикр мекард. Вале муддати дароз ҷуръат накард, мустақилона ин тарҳро оғоз кунаду пеш барад, чун ба касе ниёз дошт, ки бо ӯ ҳамфикр буда бошад. Он гоҳ фикри ӯро ҳаҷвнигори тоҷик (дар жанри стендап) Ардашер Исоев дастгирӣ кард.

-«Мо якҷо оиди консепсияи намоиши расмҳо хеле зиёд андеша кардем ва ниҳоятан ба сарамон фикри офаридани “олами худ” омад, ки он қаҳрамонҳои зиёде дораду вале он қаҳрамонҳо бояд ба воқеият иртиботе надошта бошанд. Яъне онҳо бояд дар ҷаҳони худ зиндагӣ кунанд, ки он ҷо хабарҳо, қоидаҳо ва рӯйдодҳои худро дошта бошад»,- нақл мекунад Фирӯз.

Ҳоло дар ин намоиши расмҳо аллакай 5 персонаж намоиш дода шуд. 4 шахсияти дигар навбати худро интизоранд.

Инак, маҳбубтарин персонажи тамошобинон ронандаи таксӣ аст, ки ӯ ба ҳар гуна ҳолат мутобиқ шуда ва ҳар мусофир муомила карда метавонад. Монологҳои ӯ ҳамеша бо ҳазлу шӯхӣ ва суханҳои тунд ҳамроҳ аст.

Боз як шахсияти дигар, ки айнан ҳамин тавр маъруф аст, Сэм - фурӯшандаи ашёҳои гуногун мебошад. Сэм ҳама чизро, ҳатто падар, модар ва хонаи худро низ фурӯхт.

Қаҳрамони дигаре, ки тамошобинон дар он тасвири одамони шиноси худро дида метавонанд, «Мачо Бугатти» мебошад. Ҳадафи асосии зиндагии ӯ – худнамоӣ дар назди камера ва зебо мондан аст. «Мачо Бугатти» аз дигарон бо камгапии худ фарқ мекунад. То ҳол ин қаҳрамон ягон калимае ба забон наовардааст.


Инчунин, дар байни персонажҳо Себастян Вениаминов ном ровие ҳаст, ки ӯ дар телевизиони «Smuzi TV» ахбор мехонад. Вай рӯйдодҳои бемаъниро бо қиёфаи ниҳоят ҷиддӣ ва дилсардона ба тамошобинон мерасонад.

Ва шояд аз ҳама персонажи баҳсбарангез «Тони Попятам» бошад. Зеро ӯ дурӯғ ва муболиғаро ба санъати воқеӣ табдил додааст.

«Ҳоло мо тасвири ҳар як қаҳрамонро дар алоҳидагӣ кушода истодаем. Баъдтар онҳо бо ҳамдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард, ки дар натиҷа тасвири пурраи сужетӣ ва қиссаи мукаммал пайдо мешавад», - мегӯяд Фирӯз.

Дар Русия намоише бо номи «Дар дохили Лапенко» мавҷуд аст, ки консепсияаш ба барномаи мазкур хеле монанд аст. Барномаи мазкур дар Русия бинанда ва мухлисони зиёд дорад. Фирӯз аз он хавотир буд, ки намоиши ӯро ба ин силсила-филм монанд мекунанд, вале бояд гуфт, ки байни онҳо тафовут вуҷуд дорад.

-«Дар силсила-филми «Дар дохили Лапенко» замони дигар тасвир шудааст. Илова бар ин, он бо шакли ҳаҷв фарқ мекунад. «Дар дохили Лапенко» шӯхиҳои нек дорад. Намоиши мо бошад, сафсатаи зиёд дорад ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо дар он дашном низ истифода мешавад», - иброз медорад Фирӯз.

«Ман масхара мекунам»

Фирӯз дар паси пардаи сафсата ҳаҷвро пинҳон медорад, ки он дар назари аввал ноаён буда ва барои дидани он бояд расмҳоро бодиққат ва мулоҳизакорона аз назар гузаронд. Дар ҳар як қаҳрамон ӯ эҳсоси дард ва таассуроти худро ҷой додааст.

- «Масалан, дар тасвири Мачо Бугатти тамасхӯри рӯирост ба назар мерасад. Ӯ худписанд аст. Як вақтҳо ман низ ҳамин хел будам. Худ ва рӯйдодҳои зиндагиамро ба намоиш мегузоштам. Ҳоло ӯро масхара мекунам. Ронандаи таксӣ низ аз он сабаб пайдо шуд, ки замоне дар ин пеша низ кор кардаам. Ҳангоми ба роҳ баромадан, шумо эҳсос мекунед, ки дар ин лаҳза ҳаёти шумо на танҳо аз шумо, балки аз ронандагони дигар низ вобаста аст. Яъне ронандагон аксар вақт қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд», - андешаронӣ мекунад, Фирӯз.

Муаллифи намоиш нақши тарбиявиро ба дӯши худ намегирад. Барои ӯ мазҳака ва шодӣ афзалият дорад. Вай таҳлили зермазмунро барои тамошобинони зирак пешниҳод мекунад.

-«Ман фикр мекунам, ҳақ надорам, ки касеро тарбия кунам. Ин вазифаи волидон аст. Бо вуҷуди ин, мо албатта, дар ҳар як расм насиҳатеро ҷой медиҳем», - эътироф мекунад, Фирӯз.

Баъзе эпизодҳоро ба умеди бофтакорӣ ба навор мегирем. Аксари шӯхиҳои ронандаи таксӣ дар раванди кор бофта шудаанд. Гузориши хабарӣ низ дар асоси мазҳакаи дар айни замон эҷодшуда омода карда шудааст.


"Ба хотири «Smuzi» ман корамро тарк кардам"

Муаллифи барнома нақша дорад, ки ин намоишро боз ҳам маъруфтар гардонад. Дар айни ҳол онро беш аз 2 ҳазор нафар тамошо мекунанд. Ӯ мутмаин аст, ки бо гузашти вақт персонажҳо бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд ва дар атрофи онҳо як барномаи мукаммал эҷод гардида, намоиш ба сатҳи болотар мебарояд.

«Ба хотири «Smuzi» ман аз кор рафтам. Ҳоло барои ман ин пеш аз ҳама кори эҷодист ва дар оянда – воситаи даромад мешавад. Ин лоиҳаест, ки мехостам аз он ҳам лаззат барам ва ҳам пул кор кунам”, - мегӯяд Фирӯз.

Қаҳрамонҳое, ки дар намоиш пайдо шудаанд ва онҳое, ки интизори фурсати худ ҳастанд, ҳатман оқибати хуб хоҳанд дошт. Фирӯз ният дорад, барои ҳар яки онҳо сужа эҷод намуда, ба онҳо анҷоми мантиқӣ бахшад. Худи олам ба ин омада мерасад. Баъдан тамошобинон тасвирҳо ва эҳтимолан қолабҳои навро хоҳанд дид.

-«Лоиҳа вуҷуд дорад ва минбаъд низ ба туфайли он, ки бо ман як гурӯҳи хеле олӣ ҳамкорӣ мекунанд, такмил меёбад. Бо лоиҳа студияи аниматсионии MyMoon Studio, Creative Vision, ки онро Зарина Тоҳирӣ муаррифӣ мекунад, ҳамкорӣ мекунанд, мусиқиро ба мо Onative эҷод мекунад, Оскар Оскаров низ дар сабти овоз ва таҳрир (монтаж) ба мо кӯмак мерасонад», - дар хотимаи сӯҳбат иброз дошт муаллифи «Smuzi» дар Instagram.



Ду рӯзи пур аз муҳаббат: Қуллаи Мегафон дар Сафед - Дара


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед