Ru  | Tj
«Ҳамбастагӣ», «Кабӯтар», «Ҷома норенҷӣ». Маъруфтарин сурудҳои тоҷикӣ кадомҳоянд?
«Ҳамбастагӣ», «Кабӯтар», «Ҷома норенҷӣ». Маъруфтарин сурудҳои тоҷикӣ кадомҳоянд?
Акс: Коллажи Halva.tj

«Ҳамбастагӣ», «Кабӯтар», «Ҷома норенҷӣ». Маъруфтарин сурудҳои тоҷикӣ кадомҳоянд?

Нашр шуд

Солҳои охир сарояндагони эстрадаи тоҷик бо пешниҳоди беҳтарин таронаҳо таваҷҷуҳи мухлисони зиёдро ҷалб намуданд. Дар ин баробар сурудҳои ҳофизони мумтози моро овозхонҳои машҳури Ӯзбекистону Афғонистон низ бозхонӣ карданд. Чунин раванд албатта аз рушди фарҳанги имрӯзи миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Ин навбат барои хонандагони пойгоҳи Halva.tj таронаҳоеро гирд овардем, ки тайи чанд соли охир дар шумори пурбинандатарин сурудҳои тоҷикӣ қарор доранд.

"КАБӮТАР"

“Кабӯтар" яке аз писандидатарин сурудҳои тоҷикист. Ин таронаи шӯху дилангезро якчанд ҳофизи хушноми тоҷик бозхонӣ кардаанд. Соли 2021 бори аввал "Кабӯтар"-ро Нобовар Чаноров ва гурӯҳи "Шамс" сароиданд, ки наҳоманги онро дар саҳифаи ютубии "Tamoshow" то имрӯз беш аз 4.7 млн нафар тамошо кардааст.

Сипас шаҳбонуи эстрадаи тоҷик Сурайё Қосимова ва Пӯлод Шаропов ин сурудро ҳамроҳ иҷро намуданд. Дуэти онҳо дар шабакаи Ютуб моҳи октябри соли 2022 гузошта шуда, то имрӯз онро беш аз 135 ҳазор нафар тамошо кардааст. Овозхони дигаре, ки суруди "Кабӯтар"-ро бозхонӣ намудааст, овозхони нотакрор Фарзонаи Хуршед аст. Бозхонии Фарзона моҳи августи соли 2022 дар шабакаи Ютуб нашр шуда, 2.6 млн нафар онро дидааст.

"Кабӯтар" аз назари сарояндаи ҷавон Ёсамин Давлатова низ дур намонд. Ба қавле "Кабӯтар" Ёсаминро миёни мухлисони тоҷик маҳбуб намуд. Суруди мазкур дар саҳифаи ютубии Ёсамин моҳи августи соли 2022 гузошта шуд. Намоҳанги он ки замони шӯравиро мемонад, аз сӯйи тамошобини тоҷик хуш пазируфта шуд.

"Кабӯтар" таваҷҷуҳи сарояндагони ӯзбекро низ ба худ ҷалб кард. Онро ҳофизи ӯзбек Ҷамбул Муҳаммадов бо забони ӯзбекӣ сароидааст. Намоҳанги суруд моҳи майи соли 2022 дар шабакаи Ютуб нашр шуда, онро тақрибан 23 млн нафар тамошо кардааст. Сарояндаи тоҷик Озода Аҳатова низ суруди "Кабӯтар"-ро бо забони ӯзбекӣ сароидааст. Бозхонии Озода дар шабакаи Ютуб моҳи сентябри соли 2022 нашр шуда, беш аз 325 ҳазор тамошобин дорад.  

“ДУХТАРИ ҒАРМӢ”

“Духтарои ғармӣ” яке аз таронаҳои маъруф дар солҳои охир дониста мешавад. Ин суруд низ аз ҷониби сарояндагони зиёди тоҷик бозхонӣ шудааст. "Духтари ғармӣ"-ро соли 1997 сарояндаи шинохта Убайдуллои Каромат сароид. Намоҳанги онро дар саҳифаи ютубии “Panjsher media” 684 ҳазор нафар тамошо кардааст.

Соли 2019 бошад Фаридуни Хуршед ин сурудро бозхонӣ кард, ки намоҳанги он дар саҳифаи ютубии “Bravo.tj” 866 ҳазор нафар тамошобин дорад. Соли 2020 сарояндаи хушовози дигар Закия сурудро бозхонӣ кард, ки намоҳанги онро то имрӯз 1.7 млн нафар тамошо кардааст. Рамила Раҳмонова низ "Духтари ғармӣ"-ро сароид. Намоҳанги он моҳи ноябри соли 2022 дар шабакаи Ютуб нашр шуда, 276 ҳазор нафар дидааст.

Сарояндаи маъруфи Ӯзбекистон Фирӯза Ҷумъаниёзова низ ин таронаро иҷро карда, соли 2018 дар шабакаи Ютуб нашр намуд. Бозхонии ӯро ҳудуди 2 млн нафар тамошо кардааст.

"ҶОМА НОРЕНҶӢ"

Суруди дигаре, ки мухлисони зиёд онро гӯш кардаанд, "Ҷома норенҷӣ" ном дорад. Онро соли 2020 овозхони маъруф Фарзонаи Хуршед иҷро кард. Ин тарона то имрӯз маҳбуби мухлисон буда, намоҳанги онро дар шабакаи Ютуб беш аз 18 млн нафар тамошо кардааст.


"Ҷома норенҷӣ"-ро ҳам мисли суруди "Кабӯтар" ҳофизони зиёд бозхонӣ кардаанд. Соли 2022 яке аз маъруфтарин сарояндагони Ӯзбекистон Озода Нурсаидова низ бозхонӣ кард. Ӯ дар яке аз хунёбазм (консерт)-ҳояш дар шаҳри Тошканд ин таронаро сароид. Дар толор мухлисони зиёде бо кафкӯбӣ аз ин суруд истиқбол намуданд.

“ҲАМБАСТАГӢ"

Суруди "Ҳамбастагӣ" нишони ягонагии мардуми тоҷикро дар худ таҷассум намудааст. Онро чор овозхони маҳбуби тоҷик – Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова, Нигора Холова ва Моҳира Тоҳирӣ сароидаанд. Намоҳанги он дар чор минтақаи Тоҷикистон сабт шуда, манзараҳои зебои диёр нишон дода шудааст.

"Ҳамбастагӣ" моҳи майи соли 2022 дар шабакаи Ютуб гузошта шуда, ҳудуди 3.8 млн нафар онро тамошо кардаанд. Мухлисон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зери намоҳанги он аз сарояндагон сипосгузорӣ намуда, хоҳони зиёд гардидани чунин сурудҳо шуданд.

"КӮЛОБ ТО КОБУЛ"

Дуэтҳои сароидаи овозхони саршиноси тоҷик Шабнами Сурайё ва ҳофизи афғонистонӣ Қайс Улфат табъи мухлисони форсизабонро хуш сохтааст. Шабнам ва Қайс аввал таронаи попуриии “Кӯлоб то Кобул”-ро сароиданд, ки намоҳанги он дар саҳифаи ютубии “Tuti" нашр шудааст ва то имрӯз ҳудуди 6.5 млн тамошобин дорад Видео аз Ютуб

"Дилбар" дуэти дигари онҳо буда, моҳи феврали 2022 дар саҳифаи ютубии болозикр гузошта шудааст. Нн суруд тавонист беш аз 1.9 млн тамошобинро ба худ ҷалб намояд.

"ТОҶИКӢ МЕДОНЕД?" – "ЁР БИЁ"

Таронаи "Тоҷикӣ медонед?"-ро шаҳбонуи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова ва ҳофизи тоҷиктабори Ӯзбекистон Малик сароидаанд. Намоҳанги он моҳи сентябри соли 2022 дар шабакаи Ютуб нашр шуда, наздики 25 млн нафар тамошо кардааст. Суруди мазкур аз ҷониби мухлисони тоҷик ва миллатҳои гуногун хуш пазируфта шуд. Ҳамзамон вебнамо (видеоблогер)-ҳои зиёди тоҷику ӯзбек онро дар шакли "липсинг" дар саҳифаҳои худ ҷой доданд.

Аз ин пеш таронаи "Ёр биё"-и ин ду сароянда низ таваҷҷуҳи мухлисони зиёдро ба худ ҷалб намуда буд. Ин суруд моҳи майи соли 2022 дар саҳифаи ютубии Юлдуз Усмонова нашр шуд, ки то имрӯз онро 37 млн нафар тамошо кардаанд. Юлдуз Усмонова дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд, ки сурудҳои тоҷикиро бениҳоят дӯст медорад. Бавижа, оҳангҳои минтақаи Кӯлоб барояш хеле писанд аст.

“ДӮСТ НАДОРӢ” – “СЕВМАСАНГ АЙТ”

Овозхони хушсадои тоҷик Нигина Амонкулова соле қабл бо иҷрои ду суруд бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дили мухлисонашро тасхир кард. Ҳар ду суруд оҳанги ягона дорад.

Гузинаи тоҷикии таронаи Нигина "Дӯст надорӣ" ном дорад. Он моҳи январи соли 2022 дар саҳифаи ютубии “Qiam Entertainment” нашр шудааст, ки онро беш аз 9.2 млн нафар тамошо кардааст. Гузинаи ӯзбекии тарона "Севмасанг айт" ном дошта, худи ҳамин сол дар саҳифаи болозикр ҷой дода шудааст, ки онро беш аз 4.4 млн нафар дидаанд. Зери шарҳи ин суруд мухлисони ӯзбакистонии Нигина аз овозхон миннатдорӣ баён намудаанд.

"НОЗАМ"

Чунин ном дорад суруди сарояндаи ҷавон Фараҳноз Шарафова. Намоҳанги ин суруд моҳи декабри соли 2022 дар шабакаи Ютуб нашр шуд, ки то имрӯз 2.5 млн нафар тамошо кардааст.

Ин овозхон бо Азизбек Ҷӯраев дуэтҳои зиёде сароидааст. Суруди яккахонии Фараҳноз аз сӯйи мухлисон баҳои баланд гирифт. Намоҳанги суруд низ ҷолиб буда, таваҷҷуҳи мухлисони зиёдро ҷалб намудааст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед