Ru  | Tj
«Шефтаи фарҳанги куҳан». Тоҷикистон аз нигоҳи рассомони рус
 «Шефтаи фарҳанги куҳан». Тоҷикистон аз нигоҳи рассомони рус
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Шефтаи фарҳанги куҳан». Тоҷикистон аз нигоҳи рассомони рус

Нашр шуд

Дар бораи гуногунии табиат, боигарии фарҳанг ва санъати қадимаи Тоҷикистон дар ҳама давру замон аз ҷониби эҷодгарони гуногунсамт асарҳои ҷолибе эҷод карда шудаанд. Дар ин қатор рассомон низ аз тамоми гӯшаи ҷаҳон барои расидан ба олами урфу одатҳои қадимаи миллӣ ва ҷовидонӣ гардонидани он дар асарҳои худ, ба ин сарзамини офтобию кӯҳсори биҳиштосо ташриф меоварданд. Хусусан. рассомони рус ба зебоиҳои Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир кардаанд.

Авксентий Никанорович Камелин (1910-1978)


Ин рассом аз таърихи халқи тоҷик, фарҳанг ва табиати ин диёри офтобӣ огоҳии зиёд дошт. Вай асарҳои дорои хусусияти таърихӣ, жанрӣ ва манзаравӣ доштаро офаридааст. Рассом соли 1934 ба Тоҷикистон омада, дар ташкили музейи таърихӣ-кишваршиносӣ фаъолона иштирок кардааст. Фаъолияти эҷодии ӯ аз солҳои баъд аз ҷанг оғоз ёфтааст. Дар байни асарҳои ӯ «Портрети чӯпон», «Барф борид», «Муроҷиати Исмоили Сомонӣ ба аскарони худ», «Мудофиаи Панҷакент» ва ғайраҳо ҷойгоҳи хосаро касб кардаанд.  Дарки зебогии табиат, боигарии забони тасвирӣ бо тобишҳои нозук ва ивазшавии рангҳо ба асарҳои Камелин маъно бахшида, махсусиятҳои  эҷодии муаллифро  ифода мекунанд.


Вячеслав Леонидович Сидоренко (1901-1943)

Рассоми москвагӣ, аз соли 1932 дар Тоҷикистон гоҳ-гоҳ фаъолият мекард. Вай асосан дар асарҳои худ меъмории миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро инъикос кардааст. Масалан, "Кулолгарҳо", "Кӯча дар шаҳри кӯҳна", "Кӯлоб" ва дигар асарҳои ӯ хислати миллии халқи тоҷикро нишон медиҳанд.

Игор Александрович Ершов (1907-1974)

Рассоми москвагие, ки эҷодиёташ бо санъати Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Асарҳои аввалини ӯ ба саноатикунонии  ҷумҳурӣ бахшида шудаанд. Масалан, «Шӯроб. Кон», «Шӯробангишт» ва ғайра. Ҳамчунин, асарҳои "Ҷашни таваллуди писар дар колхоз", "Ҳаёти нав", "Баҳри Тоҷик" ва ғайраи ӯ, дид, самимият, назарҳо ба фарҳанг ва зиндагии мардуми тоҷикро инъикос мекунанд. 

Владимир Михайлович Боборикин (1922-)

Соли 1962 бо гурӯҳи рассомони тоҷик ба Помир сафар мекунад. Ҳангоми сафар ӯ табиати ин минтақаи зеборо дида, мафтун мешавад ва дар асараш ҳаёт ва урфу одатҳои сокинони маҳаллиро тасвир менамояд. Яке аз асарҳои маъруфи ӯ, ки маънои амиқ дорад, "Портрети ғаллакори помирӣ" мебошад ва он хислатҳои хоси мардумони ин минтақаро инъикос мекунад. Дар расм гандуми пӯхтарасида ва дар паҳлӯяш як деҳқони дар андеша нишаста, тасвир ёфтааст. Ин композитсия хирадмандӣ, ҳаёт ва меҳнатдӯстии халқи тоҷикро таҷассум менамояд.

Порфирий Иванович Фалбов (1906-1967)

Фалбов соли 1933 ба Тоҷикистон омадааст. Вай иштирокчии фаъоли намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар байни асарҳои ӯ «Натюрморт бо корд», «Ба мактаб. Қаротегин», «Манзара. Роҳ», «Қаратоғ» ва ғайраҳо шӯҳрати беандоза доранд.

Эҷодиёти ин рассом дар санъати Тоҷикистон мавқеи хосаро ишғол мекунад, зеро ӯ дар рассомӣ сабки хосеро дар асоси тазодҳои рангӣ офаридааст. Масалан, асари ӯ «Ба мактаб. Қаротегин» бо рангҳои рӯшани идона эҷод карда шудааст. Сужети расм духтараки тоҷикро, ки  ҳамроҳи модараш бори аввал ба мактаб меравад, таҷассум мекунад. Дар расм онҳо дар тан либоси миллии идона доранд ва дар паҳлӯи онҳо пионер-духтаре, ки хонандаи синфи якумро рӯҳбаланд мекунад, тасвир ёфтааст. 

Захаров Сергей Ефимович (1900-1993) 

Рассом Захаров соли 1938 ба Тоҷикистон омадааст. Рассом дар ороиши дохили бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  ва дар нақшу нигори қасри фарҳанги «Кохи Арбоб» саҳм гузошта, як қатор лавҳаҳои мавзӯиро барои биноҳои ҷамъиятӣ бо нақшу нигор ороиш додааст. Вай бо наққошони маҳаллӣ якҷо кор карда, дар Тоҷикистон ба рассомони ҷавон таълим додааст.

Евдокия Давидовна Носик (1913 -) 

Ин зани рассом дар асари худ бо номи «Бригадаи ҷавонон дар Абрешимкомбинат» муҳити зебои хайрхоҳӣ ва дастгирии ҳамдигарро, ки дар комбинат ҳукмфармо буд, тасвир кардааст. Таассуроте, ки рассом дар тасвир инъикос кардааст, на танҳо чизҳои  дидааш, балки далелҳои аз сар гузаронидаи ӯ буданд. Евдокия Носик дар тӯли солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон як қатор расмҳо ва портретҳои жанрии муҳимро ба монанди «Чӯпонони ҷавон», «Спутник», «Ба сӯи сурхҳо», «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» офаридааст. Дар ин портретҳо рассом образи комил ва муҳимро  баён мекунад.

Михаил Никитич Шипулин (1905-1982)

Рассоми театру кино ва устоди портрети театрӣ мебошад. Дар тӯли 30-соли фаъолияташ дар Тоҷикистон ӯ зиёда аз 20 портрети ҳунармандони саҳнаи тоҷикро офаридааст. Махсусан портрети Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ М. Қосимов дар нақши “Шоҳ” аз спектакли «Алишер Навоӣ» бо маҳорати баланд эҷод гардидааст.

Дар хотима мехоҳам қайд кунам, ки рассомони рус бо тахайюли фавқулодаи бадеӣ ва шоиронаи худ, дарки амиқи фарҳанг, суннатҳо, тарзи ҳаёт ва анъанаҳои халқи тоҷик шоҳасарҳои санъати тасвириро офаридаанд, ки дар онҳо  мустақилӣ ба назар мерасад  ва инчунин фазои нотакрори дӯстӣ, самимият ва меҳмоннавозӣ эҳсос карда мешавад.


Абдулраззоқ Гурна. Нависандаи гумноме, ки ҷоизаи Нобел гирифт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед