Ru  | Tj
“Табиби паррон” ба Эрон меравад
 “Табиби паррон” ба Эрон меравад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас шудааст

“Табиби паррон” ба Эрон меравад

Нашр шуд

Аз 28 сентябр то 3-юми октябр ҳунармандони Намоишсарои Камоли Хуҷандии вилояти Суғд бо намоиши “Табиби паррон” ба 21-умин ҷашнвораи байналмилалии намоишсароҳои миллӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари ҳунарӣ мекунанд.

Бино ба иттилоъи саркоргардони намоишсаро Суҳроб Шехов, ҳайати ҳунарии намоишсарои Камоли Хуҷандӣ ҳанӯз 35 сол пеш ба Эрон сафари ҳунарӣ дошт ва ин рухдод як сафари деринтизор аст.

Гуфта мешавад, ки намоиши “Табиби паррон” бар пояи асари намоишноманависи фаронсавӣ Жан Батист  Молйер бо тарзу услуби миллии тоҷикона рӯйи саҳна гузошта мешавад.

Дар намоиши “Табиби паррон” 12 нафар ҳунарманди таҷрибадори намоишсаро нақшофаринӣ мекунанд.


Бояд гуфт, ки намоиши “Табиби паррон” то имрӯз дар 4 ҷаншвораҳои байналмилалӣ иштирок  карда соҳибҷоиза шудааст. Аз ҷумла соли 2019 дар ҷашнвораи байналмилалии намоишсароҳои касбии “Наврӯз-2019” дар шаҳри Қазони Русия ва моҳи ноябри соли 2019 дар ҷашнвораи байналмилалии намоишсароҳои касбӣ “Абиш Алемӣ”-и шаҳри Актауи Қазоқистон барандаи ду ҷоиза шуд.

Соли 2022 дар ҷашнвораи байналмилалии намоишсароҳои  касбӣ “Смоленский ковчек” дар шаҳри  Смоленски Русия сазовори ҷоизаи  беҳтарин ороиши мусиқӣ барои пос доштани расму оини миллӣ ба мусиқинавоз Қаҳрамон Бобоев дода шуд.

Ҳамчунин намоиши “Табиби паррон” моҳи ноябри соли 2022 дар ҷашнвораи байналмилалии намоишсароҳои касбии Осиёи Миёна, дар шаҳри Олмотии Қазоқистон иштирок карда, ҷоизаи беҳтарин нақши занонаро ҳунарпешаи ин намоиш Сурайё Хоҷазода аз худ кард.

Аз сӯйи дигар, ба иттилои саркоргардони Намоишсарои Камоли Хуҷандӣ, баъди сафари ҳунарии Эрон 90-умин мавсими Намоишсарои Камоли Хуҷандӣ оғоз хоҳад шуд. Қарор аст, ин мавсим бо намоиши ҷаззоби “Найрангҳои Майсара”, ки бар пояи асари Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ дар жанри мазҳакаи миллӣ ба саҳна гузошта мешавад, ифтитоҳ шавад. Дар ин намоиш 10  нафар ҳунарманди ҳирфаии Намоишсарои Камоли Хуҷандӣ нақшофаринӣ хоҳанд кард.


Ба гуфтаи Шехов, дар асл ҳар семоҳа Намоишсарои Камоли Хуҷанд яктоӣ намоишро манзури тамошобинон мекунанд, яъне дар як сол чор асар ба саҳна гузошта мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки намоишҳои маъруфе, ки имрӯз ҳунармандони Намоишсарои Камоли Хуҷандиро дар ватану хориҷи кишвар муаррифӣ кардааст, “Исёни арӯсон”, “Келини ҷойдорӣ”, “Табиби паррон” ва “Найрангҳои Майсара” мебошад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед