Ru  | Tj
“Ҳунар ҷинсият надорад”. Файзалӣ қолабро шикаст ва дӯзанда шуд
“Ҳунар ҷинсият надорад”. Файзалӣ қолабро шикаст ва дӯзанда шуд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“Ҳунар ҷинсият надорад”. Файзалӣ қолабро шикаст ва дӯзанда шуд

Нашр шуд

Файзалӣ Аҳлиддинов, ҷавони 30-солаи тоҷик аз хурдӣ ба ҳунари дӯзандагӣ таваҷҷуҳ дошт, вале дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон баъзе аз афрод дӯзанда будани мардро чандон қабул надоранд. Гӯё он кори зан аст. Аммо ӯ ба ин фикр розӣ нест. Мегӯяд, муҳим соҳибкасб аст ва аз ин ҳисоб аробаи зиндагиашро мекашонад. Ӯ чӣ тавр ин ҳунарро аз худ кард ва ҳоло то куҷо муваффақ аст ба муаллифи Halva.tj нақл кард.

АЗ ХУДОМӮЗӢ ТО ДӮЗАНДАИ ҲИРФАӢ

Файзалӣ сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аст. Беш аз 15 сол аст, ки дӯзандагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар интихоби касб миёни зану мард набояд тавофут гузошта шавад. Худи вай касбашро дӯст медорад ва барои дастёбӣ ба орзуяш талош кардааст.

Файзалӣ мегӯяд, аз 12-солагӣ ҳунари дӯзандагиро аз холааш омӯхт. Бори аввал тоқӣ дӯхт ва ҳунарашро барои хонавода ошкор кард. Аҳли хонавода аз ӯ пуштибонӣ карда, барои идомаи кораш роҳнамоӣ карданд. Аввалин пироҳани занонае, ки Файзалӣ дӯхтааст, барои модараш буд. Сипас куртаҳои занони ҳамсояро низ дӯхтааст.

Барои рушди ҳунари дӯзандагии Файзалӣ модараш нақши муҳим дорад.

«Модарам барои ман матоъ мехарид ва курта медӯхтам. Ин барои ман таҷрибаи хуб буд. Муҳимтар аз ҳама модарам маро пуштибонӣ ва шавқу алоқамандии маро ба ин ҳунар бештар мекард. Дар урфият мегӯянд, ки ба як мард 40 ҳунар кам аст. Ҳунар ҷинсият надорад. Боиста аст, ки барои пеш бурдани зиндагиямон соҳибкасб бошем", - мегӯяд қаҳрамони мо.

БА ХУДАМ БОВАР ДОШТАМ, ЗЕРО…

Ӯ аз рӯзҳои аввали кораш аз холааш ҳақмузд гирифта, даромаднокии корашро аз ҳамон лаҳзаҳо пай бурд. Ҳамин тавр шавқу завқи Файзалӣ ба ҳунари дӯзандагӣ бештар шуд. То 18-солагӣ дар муҳити хона кор мекард, ҳамсояҳо ва хешу табор кори дӯзандагиашро медонистанд. Аз рӯзҳои аввал фикр мекард, ки дӯзандагӣ кори занонаву мардона нест, мардҳо низ метавонанд дӯзанда бошанд. Вай мегӯяд, ки дар дунё мардҳои зиёде ҳастанд, ки ошпазиву тарроҳӣ мекунанд.

Дар хонаводаи Файзалӣ ба фарқ аз дигар оилаҳо интихоби касб барои фарзандон озод аст, ки он ба нафъи ӯ анҷомид. Ҳарчанд пешорӯйи ӯ монеаҳои зиёд буд, вай ба кори дӯстдоштааш идома дод.

Файзалӣ баъди хатми мактаби миёна аввалин дукони дӯзандагиро дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар роҳандозӣ кард. Муштариён ба ӯ бо ҳайрат нигариста, ба дӯзанда будани ӯ шубҳа доштанд, вале бо гузашти вақт муштариёни худро пайдо кард.

Ба гуфтаи Файзалӣ, ӯ аз худаш итминон дошт ва муштариёнашро навмед намекард.

«Ман ба худам бовар доштам, зеро дар хона таҷрибаамро то ҳадде мукаммал карда будам. Бо дили пур ба майдони дӯзандагӣ баромадам. Медонистам, ки матоъи як касро вайрон кардан ба манфиати кор нест. Коре, ки анҷом медидодам, ба муштариёнам писанд меомад», - гуфти дӯзандаи ҷавон.

Қаҳрамони мо се сол дар шаҳри Душанбе дӯзандагӣ карда, дар баробари ин мактаби вижаи дӯзандагӣ ва тарроҳии ҳирфаиро хатм карда, бо ҳамроҳии гурӯҳи ҳамсабақон сару либосҳои дӯхтаашонро барои намоиш ё муд пешниҳод кардааст. Ҳамзамон ӯ чандин зани танҳоро омӯзиш дода, соҳиби касб кардааст. Ӯ аз тариқи саҳмия (квота)-и президентӣ риштаи тарҷумонии Донишгоҳи Носири Хусрави шаҳри Бохтарро хатм кардааст.

САФАР БА МУҲОҶИРАТ ВА БОЗГАШТ БА ВАТАН

Файзалӣ мегӯяд, ки тӯли се соли фаъолият дар Душанбе кораш рушд карда, мизоҷони худро пайдо кард. Аммо пуштибонии пайвастаи хонавода ӯро дигарбора ба шаҳри Бохтар овард, ки ҳоло онҷо соҳиби дукон ва муштариёни зиёд шуда, ҳамзамон шогирдони зиёдеро омӯзиш медиҳад. Файзалӣ бештар талош дорад бо қолабҳои нав матоъҳои мизоҷонашро омода кунад, гоҳо шабакаҳои интернетӣ дар ёфтани қолабҳо ва ғояҳои тоза кумакаш мекунад.

«Шогирдони зиёдеро дар ин ҷода омода кардаам. Ҳамаи онҳо зан ҳастанд, ки бештарашон соҳиби кори хеш шудаанд. То имрӯз ягон писар барои омӯхтани ин касб ба ман муроҷиат накардааст», - гуфт дӯзанда.


Файзалӣ Аҳлиддинов мисли ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо орзуи даромади бештар соли 2014-ум муҳоҷир шуд, вале кори муҳоҷират ба ӯ писанд наомад ва дигарбора ба зодгоҳаш баргашт. Ба коре, ки аз кӯдакӣ анҷом медод, идома дод. Ҳоло ӯ ин корро пурдаромад медонад, чун муштарии зиёд дорад. Як куртаро вобаста ба арзиш ва ороишаш аз 50-сомонӣ то 200 сомонӣ медӯзад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед