Ru  | Tj
Абдуллоҳи Раҳнамо: “Аҳмад Зоҳир барои андешаварон андеша ва барои сиёсатгарон сиёсат аст...”
Абдуллоҳи Раҳнамо: “Аҳмад Зоҳир барои андешаварон андеша ва барои сиёсатгарон сиёсат аст...”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Абдуллоҳи Раҳнамо: “Аҳмад Зоҳир барои андешаварон андеша ва барои сиёсатгарон сиёсат аст...”

Нашр шуд

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатмадор, таҳлилгар ва коршиноси тоҷик дар ҷашни 75-умин солгарди мавлуди овозхони Шарқ Аҳмад Зоҳир ва рӯнамоии китоби “Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ”-и Султони Ҳамад (раҳматӣ) аз 10 нуктаи фаъолияти эҷодии ӯ ном бурд. Ӯ гуфт: “Вақте аз Аҳмад Зоҳир сӯҳбат мекунем, сухан танҳо аз як овозхон нарафта, балки ҳамзамон аз як истеъдоди ғайриоддӣ, як шахсияти фарҳангию ҷамъиятӣ, як пули пайвандгар ва як чеҳраи фаромиллию фаромарзӣ меравад”.


Ӯ дар ин ёдбуд, ки дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе чанде пеш баргузор гардида буд, бисёрҷанбагии фаъолияти Аҳмад Зоҳирро махсусан зикр карда, таъкид кард, ки: “Аҳмад Зоҳир барои фарҳангиён фарҳанг ва барои оҳангсозон оҳанг, барои ҳунаршиносон ҳунар, барои ошиқон ишқ, барои сӯхтагон сӯз, барои шӯридагон шӯр, барои дардмардон дарду таскин, барои андешаварон андеша ва барои сиёсатгарон сиёсат аст”.

Раҳнамо дар идомаи суханрониаш зикр кард, ки Аҳмад Зоҳир шеъру мусиқии форсиро аз ҷуғрофиёи форс берун бурд ва тавонист мусиқии Шарқу Ғарбро ба ҳам ошно созад:

- Фарогирӣ ва ҷуғрофиёи биниши Аҳмад Зоҳир бузург ва ҳайратовар аст. Ӯ барои сурудан намунаҳои шеъри тамоми ҳавзаи бекарони забону адабиёти форсиро фаро гирифтааст, аз ҷумла шеъри Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва ғайра. Ҳатто шоирони форсигӯи муқими Аврупоро. Ба ҳисоби дақиқу чандсолаи шодравон Султони Ҳамад, Аҳмад Зоҳир илова бар таронаҳои мардумӣ, дар умум шеъри ҳудудан 110 шоирро хондааст, ки онҳо аз бахшҳои бисёр гуногуни ҳавзаи тамаддунии моянд.


Ӯ аз фарогирии ҳунарии Аҳмад Зоҳир дар паҳнои адабиёт зикр карда, илова намуд, ки аз назари истифодаи сабку мактабҳои адабӣ ва навъҳои шеърӣ низ фарогирии Аҳмад Зоҳир беназир аст: “Ҳамон гуна, ки шеърҳои суннатии арӯзиро дар сатҳи баланд месуруд, шеърҳои наву сафеди бевазну беқофияро низ ба оҳангҳои навоварона сурудааст. Мисли «Шабҳои зулмонӣ» аз Салими Сармаст, «Вақте ки дил танг аст»-и Ҳамдии Мусаддиқ, «Танҳо шудам, танҳо»-и Абулҳасани Варзӣ, «Ай шуълаи ҳазин»-и Сулаймон Лоиқ, «Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ»-и худи овозхон ва даҳҳо намунаи дигар.

- Аҳмад Зоҳир аксар шеърҳоеро барои сурудан интихоб кардааст, ки ҳарфҳо, мазмунҳо, арзишҳо, паёмҳо ва ҳикматҳои бисёр ҷиддӣ доранд. Гоҳо дӯстиву ишқу муҳаббату вафову қадрдониву меҳрубонӣ, гоҳо ирфону фалсафву ҳикмату андеша ва гоҳи дигар паёмҳои ҷиддии фикрию иҷтимоиву сиёсӣ”.

Ба андешаи Абдуллоҳи Раҳнамо фазилати дигари ҳунари Аҳмад Зоҳир дар дуруст хондани шеър аст, ки аз саводи баланди забониву адабии ӯ шаҳодат медиҳад: “Талаффузу ташдиду кашишу пайванди саҳеҳи сухан, риояти вазну тобишу оҳанги калимаву ибораҳо ва умуман, ҳамчун як соҳибзабон озод будан дар ифодаи тобишҳои забонӣ яке аз вижагиҳои ӯст. Аҳмад Зоҳир дар шеъри Мирзо Турсунзода «Ҳамин кофист», дар мисраи «Навиштам, пахш кардам мӯҳр, мондам даст бегуфтор», калимаи «мӯҳр» ҳамчун «меҳр» суруда мешавад, ки маънои аслиро, яъне пас аз навиштану имзо мӯҳр гузоштан ба мактубро, намерасонад”.

Ё чунин ҳолати тағйир дар хондани дубайтии машҳури Иқболи Лоҳурӣ «Саҳар мегуфт булбул боғбонро, Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад.» дида мешавад, ки дар он мисраъи дуввум дар шакли «Дар ин боғ ҷуз ниҳоли ғам нарӯяд» хонда шудааст. Зимнан, хондани ин дубайтиҳо яке аз пурсӯзтарину зеботарин сурудаҳои Аҳмад Зоҳир аст ва шояд ин ҷо ӯ хостааст, ки бо тағйири матни мисраъ маъниро рӯшантару фаҳмотар ифода кунад.

Байти аввали ғазали машҳури Бедил «Мабарӣ гумон, ки яъне ба Худо расида бошӣ» ба шакли «Мабарӣ гумон, ки муфтӣ…» хонда шудааст. Гарчи ин «ислоҳ» маънии байтро боз беҳтар карда, аммо дар нусхаҳои муътабари Бедил он дар шакли аввал, яъне «яъне» омадааст.

Дар шеъри Симини Беҳбаҳонӣ «Вой ман беҳудаам, беҳуда андар корҳо», мисраи «Холиям, холитар аз як хоб ё аз як сукут» дар натиҷаи кӯтоҳ хондани калимаи «хоб» вазнашро аз даст медиҳад, ки хоси забони форсӣ нест.


Дар бораи зикри хатову камбудҳо дар таронаҳои Аҳмад Зоҳир шоири афғонистонӣ Беранги Кӯҳдоманӣ қиссаи ҷолибе дошт: Боре ӯ дар телевизони Афғонистон изҳор доштааст, ки таронаи «Бодаҳо холист, холист»-и Аҳмад Зоҳир дуруст нест ва маъно надорад, зеро «бодаҳо» холӣ намешаванд, балки мантиқан «шишаҳо» холӣ мешаванд… Пас аз ин ӯ муддатҳо мавриди эътирозу маломати шадиди мухлисони овозхони шаҳир қарор гирифтааст, ки «бо чӣ ҷуръате ба Аҳмад Зоҳир эрод мегирӣ?!»

Аммо хато рафтани як ҳарф ё калима дар таронаҳои Аҳмад Зоҳир як ҳолати нодир ва бисёр истисноист, ки он сатҳи болои дарку хониши дурусти ӯро инкор ё халалдор намекунад. Боз ҳам ӯ аз дурустхонтарин овозхонҳои забони мо боқӣ мемонад.

Дар идома Абдуллоҳи Раҳнамо аз истифодаи суд бурдан аз ашъори фолклорӣ, ҳамчунин эҷоди оҳанг ва шеър аз ҷониби худаш ва пайвандгарии мусиқии Шарқу Ғарб ва ривоҷу шинохти адибони дигар дар ҳавзаҳои форсӣ андеша ронд.

Ҳамчунин, дар маҳфил сафирони мамолики форсизабон, овозхонон аз Афғонистону Тоҷикистон ва дигар дӯстдорони ҳунари волои Аҳмад Зоҳир иштирок намуданд.



Анъанаҳои миллӣ эҳё мегарданд: Баргузории “Фестивали атласу адрас – 2021” дар Душанбе


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед