Ru  | Tj
Абдуназари дӯзанда ҳунари қуроқдӯзиро рушд медиҳад
Абдуназари дӯзанда ҳунари қуроқдӯзиро рушд медиҳад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Абдуназари дӯзанда ҳунари қуроқдӯзиро рушд медиҳад

Нашр шуд

Абдуназар Маматалиев ягона мард дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аст, ки қуроқдӯзӣ мекунад. Ҳар порчаи матоъҳои нолозим барои ӯ ва хонаводааш арзиш аст, зеро бо дастони зебоиофаринаш аз он порчаҳои матоъ барои навхонадорон курпачаву болишт ва чодариҳои қуроқии зебо ва диданӣ омода мекунад. Ӯ чӣ тавр ин ҳунарро аз худ кард ва то куҷо дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор аст, ба Halva.tj нақл кард.

ИДОМАДИҲАНДАИ КАСБИ МОДАР

Абдуназар Маматалиев 40 сол дошта, дар деҳаи Навзамини ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон ба сар мебарад. Ин деҳа аз маркази ноҳия 20 километр дур аст, аммо бо вуҷуди дурии роҳ харидорони болишту курпача ва чодариҳои қуроқии омодакардаи Абдуназар зуд-зуд ба суроғаш меоянд.

Аввалин устоди ин ҳунарманд модараш буд, ки аз ҳисоби қуроқдӯзӣ то ҳадде дар таъмини рӯзгори хонавода саҳмгузор буд. Абдуназар мегӯяд, модараш ҳунаранди хубе буд, ки алоқамандони кораш зиёд буданд. Ҳар рӯзи модараш бо дӯхтану наққошӣ кардан оғоз мешуд. Гоҳо Абдуназар дар наққошӣ кардану буридани матоъҳо ба модараш кумак мерасонд. Аввалин бор пинҳонӣ аз модар қуроқии хурде омода кард ва ҳунарашро ба модару дигар узви хонавода ошкор кард.

«Вақте ба модар ёрӣ мерасондам, нозукиҳои касбро дида, аз худ кардам. Чанд порчаи матоъро гирифтаму бо фаҳмишу дарки шогирдонаи худ онҳоро бо ҳам пайваст кардам. Модарам дид ва хуб қабул кард. Баъд аз вафоти модар, ин корро идома додам. Аз қуроқдӯзӣ модарам баракат дида буд, ман низ идомадиҳандаи касби модар шудам», - нақл мекунад ҳунарманд.

УСТОДИ ХОНАВОДА

Дӯхтану нақошӣ кардани болишту курпача ва чодариҳои қуроқӣ барои навхонадорон заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Интихоби ранг ва матоъ низ аз нозукиҳои кори қуроқдӯзӣ ба шумор меравад, зеро харидорон ба ин ду чиз таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Ҳоло харидори маҳсулоташ кам нест.

Абдуназар Маматалиев ҳудуди 13 сол аст, ки қуроқдӯзӣ мекунад. Мегӯяд, дар минтақаи онҳо оилаҳое ҳастанд, ки ба дӯхтани ҳунарҳои гулдӯзиву кашидадӯзӣ ва чакандӯзӣ машғул ҳастанд. Вале ӯ ягона касест, ки навъи ҳунари қуроқдӯзиро дубора эҳё карда, маҳсулоти омодакардааш хонаҳои дигаронро зиннат мебахшад.


Дӯзанда будани ӯ барои аксарияти занон ва духтарон тааҷҷубовар буда, дар мавриди аз кӣ омӯхтани ҳунараш суолҳои зиёд мегирад. Гоҳо ҳаққу ҳамсоя ва муштариёни кораш порчаҳои матоъҳои нолозимро барояш меоранд. Он почаҳои матоъ барои Абдуназари ҳунарманд ва зебоиофарин туҳфаи боарзиш аст.

«Хубии ин ҳунар дар он аст, ки дар рӯзҳои сард ва ҳам гармии тобистон дар хона назди зану фарзанд нишаста, даромад ба даст меорӣ. Матоъро аз бозор дастрас мекунам. Ба ҳамсару фарзандонам қуроқдӯзиро нишон додам. Акнун танҳо не, балки ҳамроҳи онҳо кор мекунем», - мегӯяд Абдуназар.
ЧОДАРИ ДӮХТАИ АБДУНАЗАР БА АМРИКО РАФТ

Маҳсулот ва кори босифати ин ҳунармандро масъулини идораи шуғли аҳолии ноҳияи Хуросон дида, барои ҳамкорӣ даъват карданд. Бо ташаббуси мақомоти ноҳия барои занону духтарони хонашин давраҳои кӯтоҳи дӯзандагӣ ба роҳ монда шуд, ки Абдуназар ба беш аз 20 кас ҳунари қуроқдӯзиро омӯзиш дод. Ҳамчунин ба духтарони деҳа низ ҳунарашро нишон дода, дар ин ҷода онҳоро дастболо кардааст.

Қаҳрамони мо мисли ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо орзуи пайдо кардани даромади бештар ба муҳоҷират рафт ва тӯли се моҳ ба ҳайси сохтмонсоз кор кард. Вале бардоштани хишту санг ва чӯб барояш писанд наомад ва дубора ба зодгоҳаш баргашт ва ба қуроқдӯзӣ идома дод. Мегӯяд, агарчи аз ҳисоби кораш даромади бештар надорад, вале шукр мекунад, ки назди хонаводааш аст ва нони ҳалол мехӯранд.


«Нархи маҳсулоти омодакардаи мо вобаста ба ҳаҷмашон аст. Масалан ду дона курпача то 250 сомон нархгузорӣ мешавад. Як чодар дар давоми 3 рӯз омода мешавад. Муштариёни мо бештар навхонадорон ҳастанд. Маҳсулотро ба бозор ҳам мебарорем. Як амрикоӣ чодари дӯхтаамро аз бозор харида, ба Амрико бурд», - иброз дошт А. Маматалиев.
«АБДУНАЗАРИ ДӮЗАНДА» ВА «УСТОИ АНТЕН»

Масҳулоти омодакардаи Абдуназар борҳо дар маросимҳои фарҳангии ноҳиявиву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Абдуназар Маматалиев дар баробари қуроқдӯз будан устои антен низ ҳаст. Мегӯяд, чанд моҳи ахире, ки рӯзона дар деҳот барқ нест, пурра ба қуроқдӯзӣ машғул аст. Миёни мардум бо исмҳои «Абдуназари дӯзанда» ва «Устои антен» маъруфият пайдо кардааст.


Қаҳрамони мо ният дорад, ки ҳунари қуроқдӯзиро миёни мардуми деҳа ривоҷу равнақ диҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед