Ru  | Tj
Абдураҳмон Назирматов. Заргаре, ки маснуоти миллӣ омода менамояд
Абдураҳмон Назирматов. Заргаре, ки маснуоти миллӣ омода менамояд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Абдураҳмон Назирматов. Заргаре, ки маснуоти миллӣ омода менамояд

Нашр шуд

Абдураҳмон Назирматов маснуоти миллӣ месозад. Ороишоти омодакардаи ӯ услуби ба худ хос дошта, таваҷҷуҳи алоқамандони ин ҳунарро ҷалб намудааст. Ин ҳунарманд маҳсули эҷодашро дар чандин озмуни байналмилалӣ ба намоиш гузоштааст.

Муаллифи Halva.tj бо ӯ суҳбат карда, дар бораи кору зиндагӣ, нозукиҳои заргарӣ ва дастовардҳояш нақл намуд.

ШАВҚУ ЗАВҚ БА ҲУНАР

Абдураҳмон Назирматов аз хурдсолӣ ба рассомӣ шавқи беандоза дошт. Меҳри ин ин ҳунарро дар дили ӯ хоҳаронаш ҷо намуданд.

«Ман дар муҳите калон шудам, ки ҳама ба рассомӣ машғул буд. Хоҳаронам вақташонро бештар бо қаламу коғаз мегузарониданд. Вақте ки худамро шинохтам, аллакай ин муҳит ба ман таъсирашро расонида буд. Аз ҳамин сабаб ба онҳо тақлид карда расм мекашидам», - мегӯяд ӯ.


Қаҳрамони мо ҳангоме ки дар мактаб таҳсил мекард, ҳамеша дар озмунҳои мактабӣ ва берун аз мактаб, ки ба ҳар гуна ҷашнҳо бахшида мешуд, иштирок менамуд ва дар байни ҳамсолони худ ҷойҳои намоёнро сазовор мешуд.

«Оҳиста-оҳиста дар синфҳои болоӣ якчанд муаллиме, ки дорои чунин маҳорат буданд, ба ман ҳунари дар рӯйи матоъ навиштану кашиданро омӯзониданд. Баъд аз ин вақтамро дар омода кардани овезаҳое, ки барои ҷашну идҳо лозим буд, мегузаронидам», - ба ёд овард Абдураҳмон.

САБАҚИ ЗИНДАГӢ

Абдураҳмон Назирматов пас аз хатми мактаби миёна мехост ҳунари рассомӣ ба таври ҳирфаӣ такмил бидиҳад. Аз ин рӯ ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе супорид, аммо бинобар сабаби таҳсил накардан дар мактаби рассомӣ ӯро қабул накарданд.

Пасон як тасодуф боис гашту қаҳрамони матлаби мо донишҷӯйи ихтисоси кафшергарии Омӯзишгоҳи шаҳри Павловои Русия гардиду онро бо сари баланд хатм кард ва ба хидмати ҳарбӣ рафт.

«Дар қисми ҳарбӣ устохонаи рассомӣ буд, ки дар онҷо ман ҳунари ҳаккокӣ (чеканка)-ро аз қумандонамон омӯхтам. Баъди адои хидмат боз ба шаҳри Павлово баргашта ҳуҷҷатҳоямро ба омӯзишгоҳи касби техникии рақами №23, ки равияи рассомӣ дошт, супоридам», - мегӯяд ӯ.

Ҳангоми таҳсил донишҷӯён дар бонк бо номи худ суратҳисоб кушода буданд, чунки аз корҳои анҷомдода 50%- и он ба суратҳисоби донишҷӯён гузаронида мешуд, ки ин барои зиндагӣ ва хӯрду хӯрок кофӣ буд. Дарсҳо танҳо дар доираи тахассус гузаронида мешуданд. Тахассуси қаҳрамони мо «Коркарди бадеии металл» буд.

- Дар он вақт омӯзишгоҳ ҳар гуна фармоишҳои муассисаву корхонаҳоро вобаста ба коркарди металл ва корҳои рассомидоштаро иҷро мекард. Ин намуди корҳо аксар вақт аз сохтани нишону медалҳо, ё ягон намуди армуғонҳои аз металл ё ороиши утоқҳои корӣ, синфхонаҳо, доскаҳои фахрӣ ё ороиши кӯдакистон иборат буд, - кисса кард Абдураҳмон Назирматов.


САЙҚАЛИ ҲУНАР

Таҷрибаи истеҳсолии донишҷӯён сабаб мешаваду қаҳрамони мо бо устоди аввалини худ дар соҳаи заргарӣ Павел Куликов шинос мегардад. Бо кумаки ӯ бори нахуст барои худаш аз металлнуқра ангуштарин месозад.

«Моро барои таҷрибаи истеҳсолӣ аз омӯзишгоҳ ба сехҳои озмоишӣ равон мекарданд ва мо дар он ҷо ду моҳ таҷриба мегирифтем. Дар сех бошад устоҳои моҳири кордсоз, устоҳои симгарӣ (филиграншик), минокорон ва ҳаккокон (ченканшик, штамповшик) кор мекарданд», - ба ёд меорад Абдураҳмон.

«Дар ин сехи озмоишӣ шахси бениҳоят хуб, устои дараҷаи олӣ Павел Куликов кор мекард, ки бо номи «Павловский левша» машҳур буд. Ӯ маро бо корҳои кардаи худаш, ки дар осорхонаҳои шаҳрҳои Москва, Горкий, Павлова мавҷуд буданд шинос када, тарзи омода намудани онҳоро ёд медод», - гуфт қаҳрамони мо.

Одатан барои эҷод ва сохтани ягон маснуот дар сатҳи аввал нақши онҳо таҳия карда мешавад. Абдураҳмон Назирматов вобаста ба номгӯи маснуот: ангуштарин, гӯшвор, дастмона гарданбанд ё дигар ашёҳо ва нигинҳои мавҷуд буда, якчанд намуна тартиб дода, беҳтарини онро (агар фармоиш бошад бо фармоишгар мувофиқа карда) месозад.


«Баъзан вақт маснуъоти миллӣ-анъанавии тоҷикиро бо даровардани андак тағйирот бо дизайни нав месозам. Инчунин дар сохтани маснуот ман орнаменту рамзҳои миллии тоҷикӣ ва дигар миллатҳоро истифода мекунам», - мегӯяд ӯ.

Баъди хатми омӯзишгоҳи Русия ба Тоҷикистон меояд ва соли 1989 дар Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон ба кор мепардозад.

«Соли аввал ҳамчун «гравер» (кандакорӣ дар металл) кор карда, баъдан ба заргарӣ гузаштам. Сабаб дар он буд, ки асбобу анҷоми лозима барои фаъолияти заргарӣ надоштам. Барои дастрас ва харидорӣ намудани асбобҳо корҳоеро иҷро мекардам, ки ба рассомӣ бастагӣ дошт», - нақл намуд Абдураҳмон.


Соли 1999 Валимад Одинаев, мудири Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии М.Олимов қаҳрамони моро барои ташкил ва роҳбарӣ намудани гурӯҳи заргарӣ ҳамчун омӯзгори фанҳои тахассусӣ, ки аз соли 1999 бояд оғоз мешуд, ба кор дар даъват менамояд. Ин пешниҳод барояш писанд меояд ва корро аз 2000 шурӯъ мекунад. Фаъолияти омӯзгориро дар ин коллеҷ то соли 2018 идома дода, дар давоми фаъолияти худ барномаҳои дарсӣ вобаста ба намудҳои коркарди бадеии металл, алалхусус заргариро таҳия менамояд.

Ҳамзамон дар Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Тоҷикистон муддати 12 сол ба ҳайси мутахассис-заргар ва мутахассис-суфтагар фаъолият менамояд. Дар ин давра дастурамалҳои гузаронидани ташхис ва баҳогузории маснуоти заргарӣ, сангҳои гаронбаҳо ва нигинҳои аз онҳо сохташуда ва ва дигар ашёҳои рӯзгорро таҳия ва тартиб медиҳад.

Қаҳрамони мо ҳоло дар Донишгоҳи ҳунари тасвирӣ ва десиши Тоҷикистон мудири кафедраи ҳунари ороиши амалӣ ва монументалӣ буда, ба шогирдон ҳунари заргариро меомӯзонад.


ҚОШИ ТИЛЛОӢ

Заргарӣ заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ҳастанд усулу услуби хоси коркарди металл, ки ҳатто шахси истеҳсолкунанда онро дуюмбора такрор карда наметавонад, чунки раванди кор ва тағйирёбии шакли маснуот аз ӯ вобастагӣ надорад. Якчанд соли охир Абдураҳмон Назирматов таҳия ва сохтани маҷмӯи ороишоти миллӣ-анъанавии тоҷикиро аз рӯйи диди худ оғоз кардааст.

«Қоши тиллоӣ - болои абрӯ» ин як намунаи ороишот барои сар мебошад. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, аз давраҳои пеш ин намуди ороишотро одатан шахсоне фармоиш ва харидорӣ мекарданд, ки дороияшон мерасид. Ин намуди ороишотро духтарон дар вақти оиладоршавӣ истифода мекарданд.

«Сабаб дар он буд, ки як муштарӣ – шиноси пешинам барои тӯйи арӯсии духтараш аз ман сохтани «Қоши тиллоӣ»-ро фармоиш дод. Аз маълумоти доштаи ман ин намуди маҷмӯаҳоро ягон устои минтақаи Тоҷикистон то ҳол насохтааст.

   

ДАР ҶУСТУҶӮИ МУШТАРӢ

Муҳлати сохтани ҳар як кори эҷодӣ ба номгӯйи он бастагӣ дорад. Барои муқоиса сохтани як ангушттарин ва гарданбанд, гӯшвор ё дастмона, ки ҳаҷмҳои онҳо аз якдигар фарқ мекунанд ва агар намуди коркарди онҳо омехта бошад, ин ҳам вақти зиёдро талаб мекунад. Албатта, барои сохтани маснуоти ҳаҷмашон хурду шаклашон одитар аст, вақти камтар аз як то ду рӯз сарф мешавад, мегӯяд устои чирадаст.

Абдураҳмон Назирматов дар солҳои аввали фаъолият маснуоти сохташударо ба Бунёди ҳунарӣ месупоридд ва онҳо ба воситаи мағозаи худ, ки дар онҷо танҳо корҳои эҷодии рассомону ҳунармандони бунёд буд, ба фурӯш гузошта мешуд. Агар мабодо шахсони хоҳишманд фармоиш доданӣ мешуданд, аз он мағоза дар бораи усто маълумот гирифта метавонистанд. Дар он вақт одатан муштариён ба воситаи тавсияи шиносон ё фурӯшандаҳои он мағозаҳое, ки маснуотҳои худро месупориданд, пайдо мешуданд.


«Ҳозир бошад барои таблиғ ва пайдо кардани муштарӣ шабакаҳои интернетӣ илова шудааст. Ҳангоми раиси Иттифоҳодияи ҳунармандон буданам дар шабакаи Фейсбук гурӯҳҳои «Ремесленники Таджикистана» ва «Ювелиры Таджикистана»-ро ташкил кардам ва то ҳол дар онҳо корҳои худ ва дигар заргарону ҳунармандонро пешниҳод мекунам. Муштариёни ман аз ҳама қишри ҷомеа, ки аксари онҳо мехоҳанд ороишоти фармудаи онҳо ба дигарон монанд набошад, ҳастанд. Ҳар як кадоми онҳо мехоҳанд, ки ороишоти ягона, зебо ва нотакрор дошта бошанд», - гуфт ӯ.

Дар давоми фаъолияти корӣ Абдураҳмон Назирматов дар баъзе ҷашнвора (фестивал)-у намоишҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, маснуоти сохтаи худро ба намоиш гузоштааст ва сазовори ҷойҳои намоён шудааст. Ҳамчунин дар ҷашнвораи ҳунармандон дар Ҳиндустон «Сураджкунд Мела», Куриёи Ҷанубӣ, Русия ва Қирғизистон иштирок кардааст.


Қаҳрамони мо дар оянда тасмим дорад, ки маснуотҳои миллие бисозад, ки ҳам ҷавобгӯйи вақту замон бошаду ҳам бозтобдиҳандаи таърихи гузашта миллати тоҷик. Мехоҳад истифодаи ҳаррӯзаи маснуотҳои миллиро муд намояд, ки мутаассифона танҳо дар ҷашну маросимҳо дида мешаванду халос. Ва албатта низ ин ҳунарро барои насли оянда ба мерос гузорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед