Ru  | Tj
Ҳафткӯл. Мавзеъе, ки сайёҳони хориҷиро шефта мекунад
Ҳафткӯл. Мавзеъе, ки сайёҳони хориҷиро шефта мекунад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Ҳафткӯл. Мавзеъе, ки сайёҳони хориҷиро шефта мекунад

Нашр шуд

Ҳафткӯл, барҳақ, муъҷизаи табиати Тоҷикистон аст. Аслан ҳама ҷойи ватани азизамон дилрабост, аммо Ҳафткӯл чун нигине миёни ҳама зебоиҳо медурахшад. Ин фикри маро ҳар касе, ки боре дар пайроҳаҳои кӯҳии он қадам задаву аз ҳавои тозааш нафас кашида, мафтуни ҷилои обҳои софаш гаштааст, тасдиқ мекунад.

Табиати дилфиреби Ҳафткӯл на танҳо дили ҳамватанон, балки хориҷиёнро рабудааст. Ин бор ҳафт кӯли нозанинро аз диди онҳо бибинед.

АЗ РИВОЯТ ТО ҲАҚИҚАТ

Зимни сафар ба Ҳафткӯл шоҳиди он будем, ки чӣ гуна шумораи зиёди сайёҳон аз зебоиҳои ин мавзеъ лаззат мебурданду чашм аз оби софаш намеканданд, дар бузургии кӯҳсораш гӯё ғутта мезананд. Афсонаи пайдоиши кӯлҳо, махсусан кӯли Мижгонро бомароқ гӯш мекарданд, ки замоне дар ин дара оҳангаре ба сар мебурд ва ӯ 7 духтари зебосанами моҳлиқову сарвқомат дошт. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро, ки дар ҳусну ҷамол ба худ ҳамто надошт, дида ошиқ мешавад. Падари духтар барои ба никоҳи ҳоким даровардани ин паричеҳра ризоият медиҳад, вале худи духтар зид мебарояд, зеро ҳоким марди солманд буд. Духтари зирак ба қароре меояд, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро гузорад. Шартҳояш мушкил буданд. Бо ин баҳона духтар мехост, ки аз пирамард халос шавад, вале нерӯи ишқи бар ҳоким ғолиб омада буд ва ӯ барои ба ҷо овардани ҳамаи шартҳо розӣ мегардад. Дар 40 рӯз қасри зебои тилоӣ месозад. Арӯсшаванда илоҷи дигаре намеёбад. Рӯзи тӯй бо либоси арӯсӣ ба болои қаср баромада худро ба замин ҳаво медиҳад ва мефавтад. Гӯё дар ҷойи ҷисми беҷони вай кӯли Мижгон пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳаронаш падид омадаанд.


Воқеъияти ҳамаи ривоятҳо доир ба пайдоиши Ҳафткӯл то ҳол зери суол аст ва чунин фарзия ҳам ҳаст, ки кӯлҳо дар натиҷаи заминларза ба вуҷуд омада бошанд.

Мижгон дар қиёс ба шаш кӯли дигар рангҳои гуногун дорад, ки вобаста бо вазъи боду ҳаво бунафш, нилобии сурх, кабуд ва дигар рангҳоро мегирад.

АСРОРИ РАНГҲО

Ҳафт кӯл бо ҳафт ранги табиат

Аҷобати табиат дар ин мавзеъ дар он аст, ки масалан кӯлҳои дувуму севум – Соя ва Ҳушёр дар шафати ҳамдигар ҷойгиранд ва ҳамаи кӯлҳо як сарчашма доранд, вале оби кӯли соя сабз асту ранги кӯли Ҳушёр кабуд. Кӯли марказӣ, яъне чорум бо номи Нофин машҳур аст, ки дар масоҳати 0,58 метри мураббаъ доман паҳн карда, ба табиати Ҳафткӯл ҷилои хос зам кардааст.

Кӯли панҷум назар ба дигар кӯлҳо хурд асту номаш ҳам Хурдак. Кӯли шашум – Марғзор аз мавзеъҳои писандидаи сайёҳон ба шумор меравад. Гардишгарони зиёди дохиливу хориҷиро дидем, ки дар соҳили кӯл хайма задаву истироҳат доштанд.


Ниҳоят бо пиёда тай кардани се километри дигар расидем ба Ҳазорчашма. Кӯле, ки аз тамошои манзараи ҷаззобаш чашм кандан душвор аст. Акси офтоби рӯи оби мусаффо афтода якҷо бо шукӯҳи кӯҳҳо, зебоие дорад тасвирнашаванда.

НИГОҲИ ЯК САЙЁҲ

Барои дидани ин ҳама зебоӣ сайёҳони зиёде аз кишварҳои Белорусу Маҷористон, Русияву Суис, Амрикову Фаронса ва Узбекистон омадаанд. Аснои суҳбат онҳо меҳмоннавозии тоҷиконро тавсиф мекарданду аз муҳаббаташон ба ин мавзеъ мегуфтанд.

Ҷаҳонгарди суисеро пурсон шудем, ки аз куҷо дар бораи Ҳафткӯл маълумот дорад.

“Магар мешавад, ки аз ин шоҳкории табиат бехабар монд? Ман дӯстдори зебоиям. Чун фаҳмидам, дар Тоҷикистон чунин мавзеъи ҷолиб мавҷуд аст, бо ҳамсарам ба сафар баромадем. Нафас кашидан аз ин ҳавои софу беғубор ва тамошои табиати нотакрори ин мавзеъ на танҳо хастариро рафъ сохта ба кас рӯҳу илҳом медиҳад, балки ҷавонӣ мебахшад", - гуфт ӯ.


"ОБ АЗ ДИЛИ САНГ ҶОРИСТ"

Антони рус, ки табиати кишвари мо ӯро дилбохта карда буд, иброз дошт: “Дар кишвари мо низ кӯҳҳои зиёде ҳастанд, аммо на ба ин зебоӣ. Кӯҳҳои Тоҷикистон бо марғзору ҷангалҳо иҳота гардида, дар зери осмони софу нилгун кӯлҳои рангбаранг дорад. Бибинед, ки об аз дили санг ҷорист ва гумонам ин танҳо хоси табиати Тоҷикистон аст”.

Дар кӯли “Ҳазорчашма” ду сайёҳи маҷористониро Ниёзхон Неъматов, тарҷумони мустақил аз ноҳияи Айнӣ роҳбаладӣ мекард.

Аз ӯ дар бораи онҳо пурсон шудем, ки ҷавобаш ғайричашмдошт буд: Ин ҷуфт аз Маҷористонанд. Аз тариқи интернет дар бораи ин мавзеъ иттилоъ ёфта, тасмим гирифтаанд, ки “моҳи асалӣ”-и худро дар ин мавзеъи дилошӯб гузаронанд. Ман ба онҳо аз ториху тамаддуни ин диёр мегӯям.


– Ду рӯз боз меҳмони Тоҷикистонем. Ин макон ба ману ҳамсарам хеле писанд омад. Вақте ба Ватанам баргаштам, ҳатман ба дӯстонам тавсия медиҳам, ки ба ин ҷо сафар кунанд, - гуфт ҷавони маҷористонӣ Зоран.

САЙЁҲИИ ЗИМИСТОНА ДАР ҲАФТКӮЛ

Дар баробари сайёҳон Бобои Хуррами ҳафтодсоларо дидем, ки аз соли 1949 дар соҳили кӯли ҳафтум умр ба сар мебарад. Ӯ банди чидани хуч гуфт, ки дар фасли зимистони гузашта низ равуои сайёҳони хориҷӣ ба Ҳафткӯл кам нашуд. Дар зимистон болои кӯли ҳафтум ях баста, ҷойи мувофиқе барои гузарондани бозиҳои рӯи ях шуд. Меҳмони зиёде аз Чину Ирланд ва Амрико омаданд.

Воқеъан ҳам хеле бамаврид аст роҳандозии сайёҳии зимистон ба ин мавзеъ. Зеро мо аслан онро ба сифати истироҳатгоҳи тобистона истифода мекунем, дар ҳоле ки мешавад намудҳои гуногуни сайёҳии зимистонаро ба роҳ монд.


Хулоса ҳар санги Тоҷикистон зебосту лоиқи тамошо. Ба гӯшаву канори кишвар сафар кардаву ин ҳақиқатро дарёфтем, ки месазад тамоми Тоҷикистонро пиёда гашт ва аз зебоии ҳар санг мафтун шудаву аз накҳаки ҳар гулу гиёҳи он лаззат бибарӣ ва аз обҳое, ки аз синаи кӯҳ чун шир ҷорист, нерӯ бигирӣ, аз ҳавои покаш нафаси озод бикашӣ. Кишвари мо дӯстдоштанист!

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед