Ru  | Tj
Қалъаи Муғ, Ҳазрати шоҳ, бузургтарин нимпайкара ва 365 зина. Истаравшан боз чӣ мавзеъҳои таърихӣ дорад?
Қалъаи Муғ, Ҳазрати шоҳ, бузургтарин нимпайкара ва 365 зина. Истаравшан боз чӣ мавзеъҳои таърихӣ дорад?
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Қалъаи Муғ, Ҳазрати шоҳ, бузургтарин нимпайкара ва 365 зина. Истаравшан боз чӣ мавзеъҳои таърихӣ дорад?

Нашр шуд

Истаравшан яке аз шаҳрҳои таърихиву бостонии тоҷикон аст. Таърихнигорон ин маконро маркази фарҳангу тамаддун, ҳунару ҳунармандӣ, осорхонаи зиндаи таърих, пойтахти оҳангарон ва маркази асосии тиҷорат дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим арзёбӣ кардаанд. Алҳол дар ин кӯҳандиёр беш аз 150 ёдгории меъмориву таърихӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза қадамҷойи сайёҳон аст.

Ин навбат мо тасмим гирифтем ба хонандагони пойгоҳи Halva.tj дар бораи мавзеъҳои таърихӣ-сайёҳӣ ва маконҳои диданбоби шаҳри Истаравшан қисса намоем.

ҚАЛЪАИ МУҒ – МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ЮНЕСКО

Мавзеъҳои таърихии Истаравшан баёнгари таърих ва фарҳангу маданияти қадимаи миллати тоҷик аст. Ҳар як объекти таърихии ин диёр бо услуби сохти меъморӣ аз ҳамдигар фарқ дошта, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб месозад. Яке аз чунин мавзеъҳо Қалъаи овозадори Муғ мебошад. Қалъаи Муғ, ба истилоҳи маъмул Муғтеппа, аз калонтарин қалъаҳо дар ин шаҳр дониста мешавад. Сокинони Истаравшан ин қалъаро ба он хотир Муғтеппа меноманд, ки замоне дар ин ҷо бузургтарин маъбади оташ фурӯзон будааст. Тибқи ривоёти таърихӣ, Қалъаи Муғ арки ҳокими Ӯротеппа Рустамбек низ будааст. Назирҷон Турсунов дар китоби «Истаравшан» дар бораи ҳудуди ин қалъаи бузург чунин баён намудааст. «Шаҳраки Муғтеппаи Ӯротеппа масоҳати 6 гектарро ишғол намуда, бо деворҳои баланди дарозиашон 600 метр иҳота карда шуда буд».

jgfv.jpg

Қалъаи Муғ соли 2018 бозсозӣ шуд. Гирду атрофи он деворпӯш гардида, амфитеатр барои 5100 ҷойи нишаст, 70 ҳуҷра барои ҷойгир кардани намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон сохта ба истифода дода шуд. Мавриди зикр аст, ки Қалъаи Муғ соли 2021 ба феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО расман ворид карда шуд.

АНСАМБЛИ МЕЪМОРИИ «ҲАЗРАТИ ШОҲ»

Ансамбли меъмории «Ҳазрати Шоҳ» аз ёдгориҳои таърихии асрҳои IХ-Х маҳсуб мешавад. Ин объекти таърихӣ дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ мақбараи Ҳазрати Шоҳи Валӣ, мақбараи Худоёрхони Валъамӣ, Намозгоҳ (ё худ масҷид) ва Манора иборат аст. Дар ин мавзеъ марқади Қутаб ибни Аббос, писарамаки ҳазрати Муҳаммад (с) мавҷуд аст. Қутаб ибни Аббос дар замони истилои арабҳо ба Ӯротеппа меояд. Ӯ дар ҳамин ҷо маскун шуда, мадфун мегардад. Баъди вафоти Қутаб мақбараи ӯро «Ҳазрати Шоҳ» ном мегузоранд.

Дар ин мавзеъ мақбараи ҳокими Ӯротеппа Худоёрхони Валъамӣ низ мавҷуд аст. Худоёрхон, ки ба Қутаб ибни Аббос ихлосманд будааст, пеш аз маргаш васият мекунад, ки ӯро поёни мақбараи Ҳазрати Шоҳ дафн кунанд. Вале аз сабаби зиёд будани чашмаҳо ӯро каме дуртар гӯр кардаанд. Бо мурури замон дар ин ҷо масҷиди ҷомеъ бо 28 сутуни мунаққаш бунёд мегардад. Имрӯз ин обеъкти таърихӣ ба яке аз пуртамошотарин мавзеъҳои сайёҳӣ табдил шудааст.

МАДРАСАИ АБДУЛЛАТИФ СУЛТОН – НОДИРТАРИН МАВЗЕЪИ ТАЪРИХӢ

Ин маҷмааи таърихиро Кӯкгунбаз (ё Кӯҳгунбаз) низ меноманд. Мадраса яке аз нодиртарин объектҳои таърихӣ дар ҳудуди шаҳр дониста мешавад. Он асрҳои 15-16 аз ҷониби Абдуллатиф Султон писари Мирзо Улуғбек сохта шудааст. Мадраса саҳни дарозрӯя дошта, аз рӯйи тарҳ ба масҷидҳои ҷомеъ монанд аст. Аз дохили ин бинои таърихӣ, аз тарафи чапу рост ду роҳрав мавҷуд буда, барои болои мадраса баромадан сохта шудааст. Бинобар сабаби манора надоштани мадраса муаззин аз дохили бино ба болои бом баромада азон мегуфтааст.

Пештоқи ин маҷмааи таърихӣ бо тарзи меъмории ба худ хос оро дода шуда, то имрӯз шакли қадимиашро гум накардааст. Тавре сокини таҳҷоӣ Муҳаммадӣ Сабуров мегӯяд:

«Мадрасаи Абдуллатиф Султон дар замони сохта шуданаш бо тиллову нуқра оро дода шуда будааст. Ривояте ҳаст, ки аз мадрасаи Абдулатиф Султон то Қалъаи таърихии Муғ роҳи пинҳони зеризаминӣ мавҷуд будааст, ки он бо гузашти вақту замон   ноаён гардидааст».

«ЧОР ГУНБАЗ» Ё ХУД МАЗОРИ ИЛЛАЛЛОҲ

Аксарияти сайёҳон ба қалъаву кӯшк, чойхонаву мақбара ва мадрасаҳои таърихӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Зеро ҳар як хишт ва девору дарвозаҳои мунаққашшуда баёнгари фарҳангу маданияти ҳамондавраи халқу миллатҳост. Маҷмааи таърихии «Чор гунбаз» низ аз дастони моҳири устоҳои Истаравшану Хуҷанд далолат медиҳад. Ба қавли нигаҳбон Абдукарим Зубайров, замоне ин ҷоро Мазори Иллаллоҳ меномидаанд. Ӯ ба мо дар бораи чӣ тавр сохта шудани ин мавзеъ чунин нақл кард:

«Тавре бобову бобокалонам ба мо қисса мекарданд, ин масҷид 250 сол пеш сохта шудааст. Масҷид бо чор гунбази мунаққаш ва се дари кандакоришуда сохта мешавад. Дар гунбазҳо абёти Саъдию Ҳофиз ва дигар шоирони классик бо ҳуруфи форсӣ навишта шудааст. Замони сохта шудани масҷид онро Мазори Иллаллоҳ низ меномидаанд. Ин объекти таърихӣ дар замони шӯравӣ номи «Чор гунбаз»-ро гирифтааст. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ якчанд объекти таърихӣ тахриб шуданд. Яке аз онҳо меҳмонхона буд, ки бо тамоми сабку услуби меъмории қадима дар қафои масҷиди «Чор гунбаз» сохта шуда буд. Он вақт хишту чӯбҳои онро канда, барои кадом сохтмоне истифода бурдаанд», - зикр намуд зимни суҳбат нигаҳбон ва аз авлодони Эшони Авлиёҷон Абдукарим Зубайров.

БОБОТАҒОИ ВАЛӢ ВА РИВОЁТИ МАРДУМӢ

Дигар мавзеъи таърихӣ-сайёҳии шаҳри Истаравшан деҳаи Боботағои Валист. Дар ин макон ёдгориҳои меъморӣ хеле зиёд буда, яке аз онҳо масҷиди Боботағои Валӣ мебошад. Ин обеъкти таърихӣ ба асри 15 тааллуқ дошта, аз ҷониби Боботағо ном шахс сохта шудааст.

Бинои аслии масҷид дар асри 15 қад афрохтааст. Он аз айвони сутундор, як гунбази калон, ду чиллахона, ду тиреза ва се дар иборат аст. Бино тарзе сохта шудааст, ки барои васеъ паҳн шудани овоз кумак мерасонад. Бо мурури замон дар ин макон манора ва биноҳои иловагии масҷиди Боботағои Валӣ сохта шудаанд. Дар ин мавзеъи таърихӣ мақбараи Боботағои Валӣ низ мавҷуд аст.

АЗ ЧИНОРИ 800-СОЛА ТО МАҚБАРАИ МАХДУМИ АЪЗАМ

Калонтарин чинори Истаравшан дар деҳаи Сари Мазор ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ се чинори бузург мавҷуд буда, ҳар яке умри 800-сола дорад. Дар бузургтарин чинори ин ҷо агар 18 нафар ҳалқа шуда дасти ҳамдигарро доранд, метавонанд гирди дарахтро пур намоянд. Боре 18 нафар сайёҳи хориҷа гирди он ҳалқа шуда, инро тасдиқ кардаанд. Бино ба ривоятҳо, ин чинор асои Махдуми Аъзам (Абӯмӯсо Вазеҳӣ) будааст, ки онро худи он кас гузоштааст. Асо бо мурури замон сабзида, ба чинор табдил ёфтааст.

Тибқи ривоёти дигар, Махдуми Аъзам писари Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ будааст. Махдуми Аъзам дар ин деҳа зиндагӣ карда, ба омӯхтани илм машғул шудаанд. Пас аз вафоти эшон мақбараи Махдуми Аъзам сохта шудааст. Дар ин ҷо аз авлодони Махдум низ дафн шудаанд. Гуфта мешавад, ки чунин шакли мақбара дар Истаравшану Кӯлоби Тоҷикистон ва Хоразми Ӯзбекистон низ будааст, ки дар шаклу намуд ба ҳам монандӣ доштаанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки ҳар мақбара ба як авлод тааллуқ дорад.

Ин деҳаи таърихӣ замоне Саримарза ном доштааст чун ин мавзеъ макони кишт будааст. Баъди он ки Махдуми Аъзам дар ин ҷо гӯронида мешавад, бо мурури вақт Сари марза номи Сари Мазорро мегирад.

Бинои таърихии дигар, ки дар ин деҳ ҷойгир аст, Аҷинахона ном дорад. Сабаби чунин ном гирифтани он маълум нест. Ин мавзеъ замоне ҳамчун масҷид истифода мешудааст. Имрӯз ҳамчун ёдгории таърихӣ ҳифз карда мешавад. Шакли сохти масҷид аз пеш ба дарвоза монанд буда, бо сафолчаҳои рангин оро дода шудааст.

МАРКАЗИ ФАРҲАНГ ВА ҲУНАРИ «ҲУШАНГ»

Маркази фарҳанг ва ҳунари «Ҳушанг» соли 2006 ба ифтихори бузургдошти «Тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон» ба истифода дода шудааст. Ин бино аз се ошёна иборат буда, бо шакли ориёӣ қомат афрохтааст. Дар ошёни аввали он дукони кории кордсози машҳур Абдуманон Ҳусейнзода мавҷуд аст. Дар ошёни дуюм ва сеюм бошад корд, шамшер, сипар, «шамшери Рустам», «Ҷоми Ҳофиз» ва дигар асарҳои офаридаи ин оҳангари Истаравшанӣ маҳфуз мебошад. Дохили бино бо пайкараҳои девории ниёгон оро дода шудааст.

Дар давоми бинои «Ҳушанг» «Растаи Оҳангарон» мавҷуд буда, аз 13 дукони кории оҳангарон иборат аст. Ин ҷой ягона растаи бузурги оҳангарӣ ба ҳисоб рафта, ҳунарварони он ҳамарӯза машғули коранд. Дар раста кордҳои машҳури Истаравшан аз ҷониби кордсозон ба фурӯш гузошта шудааст. Маҳсули дасти кордсозони Истаравшан   аз қадим дар Варорӯд (Мовароуннаҳр) аз ҷиҳати сифату миқдор нисбат ба кордҳои ҳунарварони Қаратоғи Ҳисор ва Чусти Фарғона хеле баланд ҳисобида мешуд. Аз ин рӯ аз ҷониби фарҳангиён ҳамчун бренди Истаравшан арзёбӣ мешавад.

БУЗУРГТАРИН НИМПАЙКАРА ВА 365 ЗИНА

Дар шаҳри Истаравшан бузургтарин нимпайкараи доҳии ранҷбарон (пролетариат) Владимир Ленин мавҷуд аст. Ин нимпайкара дар назди обанбори Зарринрӯд (Каттасой) қомат афрохтааст. Дарозии дасти нимпайкара тақрибан се метр ва ангуштонаш як метрӣ буда, то расидан ба он мебояд 365 (410-420) зинаро тай намуд.

Боду ҳавои ин мавзеъ бениҳоят форам буда, дар ин минтақа осоишгоҳи «Авитсена» мавҷуд аст. Ин макон ҳамчун ёдгории замони шӯравӣ ҳифз карда мешавад. То имрӯз аз ин мавзеъ тавассути расонаҳои ҷаҳон барнома ва гузоришҳои махсус таҳия гардидааст.

Табиати зебову дилфиреби ин имкон ва мавҷуд будани ёдгории таърихие чун нимпайкараи бузурги Ленин дар ин мавзеъ имкон фароҳам меорад, ки ҷалби гардишгарони хориҷӣ зиëд гардад, зеро афроде, ки орзуи дидани чунин муъҷизаҳоро доранд, хеле зиëданд.



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед