Ru  | Tj
Амали неки инсонӣ. Иззатуллоҳ садҳо парандаро дар сардиҳои зимистон наҷот дод
Амали неки инсонӣ. Иззатуллоҳ садҳо парандаро дар сардиҳои зимистон наҷот дод
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Амали неки инсонӣ. Иззатуллоҳ садҳо парандаро дар сардиҳои зимистон наҷот дод

Нашр шуд

Иззатуллоҳи Муродалӣ, сокини шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар рӯзҳои бориши пайдарпайи барф ва сардии ҳаво талафоти парандагонро дар деҳа мушоҳида кард ва беш аз 600 парандаро дар гармхонааш нигоҳ дошта, онҳоро аз сардӣ наҷот дод. Ӯ мегӯяд, соли дувум аст, ки парандаҳоро бо гармӣ ва обу дон таъмин мекунад.

Ӯ чаро парандаҳоро аз сардӣ наҷот медиҳад ва чӣ тавр онҳоро ба гармхона меорад, ба муаллифи Halva.tj нақл кард.

НАМЕХОҲАМ ПАРАНДАҲО БИМИРАНД…

Иззатуллоҳи Муродалии 31-сола сокини деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканд аст. Аз камшумортарин афрод дар вилояти Хатлон аст, ки барои наҷоти парандаҳо талош мекунад. Вай мегӯяд, деҳаи онҳо дар наздикии кӯҳҳо ҷойгир аст, ки ҳар сол парандаҳо аз сардии зиёд ва гуруснагӣ ба ин деҳа меоянд. Ӯ табиатро дӯст медорад ва дилаш ба парандаҳо месӯзад.

«Табиат бо садои парандаҳо бисёр зебо ва форам аст. Ҳар сол бо фаро расидани фасли баҳор ва дамидани сабза барои истироҳат ба табиат меравем. Намехоҳам, ки парандаҳо бимиранду табиат бе садои хуши онҳо бошад», - мегӯяд И. Муродалӣ.

Як ҳафтаи ахир беш аз 600 паранда дар гармхонаи бузурги Иззатуллоҳ нигоҳдорӣ мешаванд ва то кунун 2 халта гандуму ҷав ба онҳо дода шудааст. Ба гуфтаи ӯ тақрибан 6 намуд паранда нигоҳдорӣ мешавад.


«Дохили гармхона пур аз ниҳоли лиму аст, онҳо ба сардиҳо чандон тобовар нестанд. Вале ба хотири наҷоти парандаҳо дари гармхонаро боз мондам. Ҳамчунин дар назди дари гармхона ва дохили он дон пошидам. Ҳамин тавр парандаҳо дохил даромаданд ва дигар набароманданд. Ҳар рӯз ба онҳо обу дон медиҳам», - нақл мекунад қаҳрамони мо.

10 СОМОНӢ БАРОИ ЯК ПАРАНДА

Наҷот додани парандагонро дар рӯзҳои сарди зимистон Иззатуллоҳи Муродалӣ аз амалҳои неки инсонӣ медонад. Вале мегӯяд, борҳо шоҳиди куштани парандагон аз сӯйи афроде шудааст, ки аз ин амали кардаи онҳо хушаш намеояд. Дар сардиҳои соли гузашта 1000 адад парандаро аз сардӣ наҷот дод.

Барф ва сардии зимистони гузашта беш аз 10 рӯз идома кард. Ин дар ҳолест, ки барои наҷот додани парандагон Иззатуллоҳ аз мардуми деҳа гандуму ҷав мехарид ва ба парандагон медод.


«Соли гузашта ҳудуди 20 намуд паранда дар гармхонаам нигоҳдорӣ мешуд, ки дар давоми 10 рӯз ба онҳо 3 халта гандуму ҷав додам. Парандагон аз гуруснагии зиёд дар ҳавлиҳо хобида буданд ва баъзеҳо мекуштанду истеъмол мекарданд. Ба кӯдакони деҳа гуфтам, ки ҳар касе бароям як паранда меорад, бар ивазаш 10 сомонӣ медиҳам. Онҳо 200 паранда бароям оварданд, вале пул нагирифтанд», - нақл мекунад ин ҷавон.

ШОИСТАИ ТАҲСИН

Кӯдакони деҳаи Зағертути ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканд аз кори Иззатуллоҳ хушашон омад ва имсол низ дар наҷот додани парандаҳо ба ӯ кумак карданд. Чанд парандаро ба гармхонааш оварданд. Ин амали ӯро мардуми деҳа низ кори хайру савоб ва шоистаи таҳсин хонданд.


Ҳоло 600 паранда дар гармхонаи Иззатуллоҳи Муродалӣ то чанд рӯзи дигар нигоҳдорӣ шуда, дубора раҳо мешаванду ба табиат ва ба лонаҳои худ бармегарданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед