Ru  | Tj
Ҷанҷолофарину серхарҷтарин дар таърих. Чанд вижагии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар
Ҷанҷолофарину серхарҷтарин дар таърих. Чанд вижагии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар
Аксҳо: аз Интернет

Ҷанҷолофарину серхарҷтарин дар таърих. Чанд вижагии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар

Нашр шуд

12 сол пас аз тасмими серҷанҷоли ФИФА ба додани мизбонии Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол-2022 ба Қатар, ҳамакнун замони баргузории он фаро расид. Дар назар аст, ки аз 18 ноябр Қаҳрамонии футбол оғоз шавад. Ин мусобиқа як моҳ идома хоҳад ёфт. Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Қатар аз замони дарёфти ҳаққи баргузории он ба ин кишвар пайваста бо ҷанҷолҳо ҳамроҳ буд. Ба ин далел вижагиҳои баргузории он дар таърих сабт хоҳад шуд. Ҳолатҳои рекордӣ низ аллакай таваҷҷуҳбарангез шуданд.

 

ПУРҲАЗИНАТАРИН ҚАҲРАМОНИИ ҶАҲОН ДАР ТАЪРИХ

Дар навбати аввал масрафи ҳангуфт бар он сари баргузории ин мусобиқа, ки сар ба фалак кашидааст, диққати расонаҳо ва коршиносони футболро ҷалб кард. Харҷи ҳангуфти Қатар барои баргузории ин мусобиқа дар таърих назир надорад. Дақиқ нест, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии футбол барои Қатар дақиқан чӣ қадар ҳазина дорад. Аммо аз замон баргузории нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи футбол дар соли 1930 ин пурҳазинатарин қаҳрамонии ҷаҳон гуфта мешавад.


Бархе расонаҳо навиштанд, ки харҷи он ҳатто метавонад бештар аз маҷмӯи ҳама 21 қаҳрамонии ҷаҳонии қаблӣ бошад. Ба гуфтаи теъдоди зиёде аз коршиносон ва гузоришҳо, харҷи баргузории мусобиқот ба 200 миллиард доллар хоҳад расид ва метавонад аз ин ҳам баландтар бошад. Расонаҳо барои муқоиса ба пурҳазинатарин қаҳрамониҳои ҷаҳонии қаблӣ ишора карданд, ки дар соли 2014 дар Бразилия ва дар соли 2018 дар Русия баргузор шуда буданд. Масрафи ҳар ду даври мусобиқот камтар аз 15 миллиард доллар будааст.

Замоне ки Қатар дар соли 2010 барои мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2022 интихоб шуд, коршиносон харҷи рекордии онро онро 65 миллиард доллар баровард карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси бароварди дафтари машварати тамвили молии варзиш дар ИМА, масрафии молии баргузории ин мусобиқот дар Қатар ба 220 миллиард доллар мерасад. Ҳасан ал-Саудӣ, раиси ниҳоди масъули созмондиҳии ин мусобиқот дар Қатар низ гуфтааст, ки масрафи зерсохтҳои футбол аз соли 2010, ки Қатар мизбонии мусобиқотро дарёфт кардааст, то ба ҳол аз 200 миллиард доллар фаротар хоҳад рафт.


Далели мушаххас набудани масрафи куллӣ ин гуфта мешавад, ки бахши бештари ин маблағҳои миллиардӣ пеш аз баргузории мусобиқот дар иншооту зерсохторҳои ғайрмарбут ба футбол сарф шудааст. Ба таври мисол дар системаи ҷадиди метро як майдони ҳавоии байналмилалӣ, сохтани хиёбону кӯчаҳои ҷадид, ҳудуди 100 меҳмонхонаи нав ва шароити вижа барои сипарӣ кардан вақти фароғат. Маълум нест, ки бо ин гуна масрафи гӯшношуду рекордӣ давлати Қатар ҳазинаи худро ҷуброн мекунад ё не. Аммо ба андешаи аксари коршиносон мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи футбол боиси густариши зерсохтҳои ин кишвар гардида, эътибори Қатарро дар арсаи сиёсат ва варзиш боло мебарад.

Рӯшан аст, ки Қатар аз нафту газ ғанӣ аст, беш аз манфиати молӣ ниёз ба эътибору нуфуз дорад. Қатар яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон аст ва ММД-и он ба ҳар сари аҳолӣ яке аз баландтаринҳо маҳсуб мешавад.


 

МАОШИ КАМУ ЗАҲМАТИ КУШАНДА ДАР ИНШООТИ ВАРЗИШӢ

Ин харҷу масраф дар пасманзари худ ҷанҷолҳое ҳам дошт. Дар атрофи сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти қаҳрамонии ҷаҳонии футбол дар Қатар чанд бор ҳолатҳои ҷанҷолӣ расонаӣ шуданд. Ин иншоотҳоро асосан муҳоҷирон аз Африқо ва Осиё сохтаанд.

Марг аз машаққати кор ва маоши ночиз аз мавридҳое буд, ки бо мусобиқаи қаҳрамонӣ дар Қатар рақам мехӯрд. Расонаҳо гузориш медоданд, ки аксари муҳоҷирин аз муносибати нодурусти корфармоён мемиранд.

Дар моҳи феврали соли 2021 як пойгоҳи таҳлилӣ тахмин зада буд, ки дар тӯли 10 соле, ки Қатар ҳаққи мизбонии Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол дар соли 2022-ро ба даст овард, беш аз 6500 муҳоҷири корӣ аз Ҳиндустон, Покистон, Непал, Бангладеш ва Шрӣ-Ланка дар Қатар ҷони худро аз даст додаанд. Ин пойгоҳ бо истинод ба иттилои сафорати Покистон навишт, ки дар тӯли солҳои 2010 ва 2020 дар Қатар 824 шаҳрванди Покистон ҷон бохтаанд. 60 дарсади ҷамъияти Қатарро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд.


 

ҶАНҶОЛҲОИ ОЛУДА БО ФАСОД

Пас аз баҳсҳои шадид ба сари фасодкорӣ дар интихоби кишвари мизбон ба баргузории ин мусобиқа собиқ президенти УЕФА ва сарвони (капитан)-и мунтахаби Фаронса – Мишел Платинӣ 18-уми июни соли 2019 бо ҷурми даст задан ба амалҳои коррупсионӣ боздошт шуд. Платиниро ба он муттаҳам мекунанд, ки ӯ ҳуқуқи баргузории Қаҳрамонии ҷаҳон – 2022-ро бо дарёфти пора ба кишвари Қатар фурӯхтааст.

Қабл аз ин собиқ президенти ФИФА Йозеф Блаттер иқрор шуда буд, ки кишвари Қатар ҳуқуқи мизбонии Қаҳрамонии ҷаҳон – 2022-ро ноадолатона ба даст овардааст. Йозеф Блаттер мизбонии Қатар аз Қаҳрамонии ҷаҳонии соли 2022 «иштибоҳи бузург» номида гуфта буд: «Қатар як кишвари хеле хурд аст. Футбол ва Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол барои ин давлат хеле бузург аст. Интихоби Қатар иштибоҳ буд. Мо дар кумитаи иҷроия ба мувофиқа расидем, ки Русия дар соли 2018 мизбони Чемпионати ҷаҳонии футбол ва Иёлоти Муттаҳида дар соли 2022 мешавад. Агар ду рақиби деринаи сиёсӣ бо навбат Ҷоми ҷаҳониро ташкил кунанд, ин як ишораи сулҳ хоҳад буд», - ёдовар шуда буд Блаттер.


Раҳбари собиқи ФИФА президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро гунаҳгори аслӣ шуморида гуфт, ки Саркозӣ бо таъсир гузоштан ба Мишел Платнӣ мизбониро ба нафъи Қатар ҳал кард. Платинӣ соли 2015 якҷо бо Йозеф Блаттер аз футбол ба муддати 8 сол барканор шуданд.

Он замон мақомоти ИМА гуфта буданд, дар 20 соли охир мансабдорони ФИФА ба маблағи тақрибан 150 миллион доллар ришва гирифтаанд ва инчунин ба интихоби кишварҳои мизбони Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Русия ва Қатар дар солҳои 2018 ва 2022 таъсир гузоштаанд. Моҷаро бо ин поён наёфта, маҳрумияти Қатар аз мизбонӣ матраҳ шуд, аммо касе ба ин муваффақ нашуд.

 

ҚОИДАҲОИ ШАДИДУ ҶОЛИБИ БЕСОБИҚА БАРОИ МУХЛИСОН

Бо вуҷуди ин ҳама Қатар нахустин кишвари исломӣ аст, ки баргузории мусобиқаи қаҳрамонии футбол дар соли 2022-ро мизбонӣ мекунад. Барои мухлисон ҳам қоидаҳои вижаеро ҷорӣ кард. Манъ кардани бӯсу канор ҳангоми тамошои футбол, пӯшидани либоси мувофиқ ба меъёрҳои исломӣ ва мисли ин аз ҷумлаи онҳост.


Сардори Раёсати фарҳанг ва санъати Вазорати фарҳанги Қатар Марям Ёсин ал-Ҳамадӣ гуфта буд, ки аз мухлисони меҳмон эҳтироми анъана ва расму ойинҳои як кишвари мусалмониро интизор аст. Барои нақзи қавоиди эъломшуда аввал ҷарима ва дар сурати такрор аз 3 то 5 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед