Ru  | Tj
«Аврупо ташнаи мусиқии мардумии тоҷикист». Ансамбли фолклории тоҷик Ғарбро тасхир намудааст
«Аврупо ташнаи мусиқии мардумии тоҷикист». Ансамбли фолклории тоҷик Ғарбро тасхир намудааст
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Аврупо ташнаи мусиқии мардумии тоҷикист». Ансамбли фолклории тоҷик Ғарбро тасхир намудааст

Нашр шуд

Дар шаҳри Турсунзода Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» фаъолият менамояд, ки дар замони шӯравӣ мусиқии мардумии Тоҷикистонро дар паҳнои кишварҳои Аврупо муаррифӣ намудааст. Муаллифи Halva.tj перомуни таърихчаи таъсис, сафарҳои ҳунарӣ ва дастовардҳои ин ансамбл қисса намуд.

АЗ ҚАРАТОҒ ТО «ҚАРАТОҒ»

Ғоя (идея)-и таъсис додани ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» ба соли 1987 дуруст меояд. Ин ансамбл аввалин бор дар деҳаи Қаратоғ аз сӯйи якчанд нафар маҳфилорои деҳа ба таври шабнишинӣ ба вуҷуд омад. Гуфтан мумкин аст, ки ин клуби завқмандони деҳа ё худ маҳфили санъаткорони халқӣ буд. Санъаткорони деҳа моҳе ду маротиба ҷамъ омада, барои болидагии табъи худ ҳунарнамоӣ мекарданд. Сурудҳои халқии «Абдуллоҷони хоса», «Сабза лаби ҷӯ», «Уштур ба чаман», «Бале, мурғак», «Мошова», «Майда» ва амсоли инҳо ҳамеша дар ин шабнишиниҳо садо медод. Оҳиста-оҳиста сафи иштирокдорони шабнишинӣ зиёд гардид, ба он занон ва ҷавонони фарҳангдӯсти деҳа низ шомил шуданд. Санъаткорон дар ин маҳфилҳо асосан асбобҳои миллии доира, меҳтар ва карнайро ҳамҷӯр мекарданд.

«Садри ин маҳфилҳо ва санъаткорони куҳансоли деҳаро Бобои Қорӣ ва Мулло Абдуҷаббор меномиданд. Ин ду бузургвор дар ҳама тӯйу сурури деҳот ҳозиру нозир ва рӯҳбахши санъатдӯстон буданд. Мо аз онҳо на танҳо суруду ашӯла, балки рақси мардонаи хоси мардуми Қаратоғро низ ба худ мерос гирифтем. Бештари фолклорсароён намедонанд, ки рақси мардона бо садои «ҳо рақе-е-е, ҷум ҷаҳала, ҷаҳ ҷаҳе-е-е...», ки дар баробари овоз дасту пову сари иҷрокунанда баробар ва бо як шиддат ба амал меояд, ба санъати қадимии водии Ҳисор тааллуқ дорад. Мутаассифона, то ҳол дар ягон ҳамоиши фарҳангии ҷумҳуриявӣ иҷрои ин рақсро мушоҳида накардам», - гуфт бузургсолтарин узви ансамбл Ашӯралӣ Қараев.
Соли 1988 якчанд шахси фарҳангдӯсту соҳиби ғурури миллӣ, ки дар мақомотҳои болоӣ кор мекарданд, дар мавриди баргузории шабнишиниҳои фарҳангии ҳунармандони Қаратоғ огоҳ шуданд. Дар пайи он бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистони шӯравӣ шабнишинии мазкур ба Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» табдил шуд.

ПЕШНИҲОДИ РАДНАШАВАНДА

Ҳамин тариқ, ҳунармандони ансамбл бори нахуст дар саҳнаи калон, дар толори шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе бо иҷрои сурудҳои мардумии Қаратоғ ҳунарнамоӣ намуданд. Аз таъсиси он муддати зиёде нагузашта, бонуи фарҳангшинос бо номи Франсуаза аз Фаронса, ки барои таҳқиқи маҷмӯъи одатҳо, маросимҳо, афсона ва сурудҳои оммавии мардуми деҳот ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ансамблро сарпарастӣ кард.

«Охири соли 1988 таъҷилан ба маҷлиси вазорат таҳти раисии вазири фарҳанги Тоҷикистон муҳтарам Нур Табарович, ба шаҳри Душанбе даъват карданд. Он солҳо роҳбари бахши фолклори шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода будам. Вазир дар маҷлис гуфт, ки фарҳангшиноси фаронсавие мехоҳад ба яке аз ансамблҳои фолклории Тоҷикистон ҷиҳати сафари ҳунарӣ ба Аврупо сарпарастӣ намояд. Аз ин рӯ ансамблҳои минтақаи Рашту Кӯлоб омодагӣ бинанд. Дарҳол аз ҷоям хеста, гуфтам, ки чаро ансамбли Қаратоғ ва фолклорсароёни Турсунзода омода нашавад, охир мо низ мехоҳем ҳунарнамоӣ кунем», - зикр намуд собиқ корманди шуъбаи фарҳанг Исматулло Неъматов.

Ҳамин тавр, вазир иҷозат додааст, ки ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои интихоб шудан омодагӣ бинанд. Фарҳангшиносбонуи фаронсавӣ, дар натиҷаи боздид намудан аз ҳунарнамоиҳои санъаткорони минтақаҳо ҳунарнамоии ансамбли «Қаратоғ»-ро писандид.

Мутасаддиёни вазорат пеш аз раҳсипор шудан ба Аврупо аз ҷараёни омодагии ансамбл дидан карда, аз байни 40 нафар ҳунарманд 18 касро барои сафар интихоб намуданд. Сафари онҳо ба моҳи январи соли 1989 дуруст омад. Дар ин сафари ҳунарӣ вазири фарҳанги Тоҷикистони шӯравӣ Нур Табаров, санъаткорони маҳфили «Қаратоғ» Ашӯралӣ Қараев, Абдуҳомид Раупов, Муродалӣ Сафаров, Қиматой Мирзоумарова, Истатой Абдуллоева, Исмоил Одилов, санъаткорон аз шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода Исматулло Неъматов, Хушмаҳмад Ҳаётов, Зиёда Қадамова, инчунин гӯруғлисарои тоҷик Ҳақназар Кабуд, фалаксарои номвар Гулчеҳра Содиқова ва дигарон ширкат варзиданд. Воқеан санъаткорони фолклориро сафари пур аз хотироти ширин дар пеш буд.

ПЕШВОЗИ ГАРМ

Ба гуфтаи яке аз санъаткорони сафаркарда Исматулло Неъматов, сарояндагони ансамбл ва масъулини сафар сараввал аз Душанбе ба Маскав ва аз онҷо ба шаҳри қадимаи Флоренсияи Итолиё парвоз кардаанд. Корвони ҳунари тоҷикро дар истгоҳи нақлиёт тоҷикони муқими Итолиё, эрониҳо, тоҷикони афғонистонӣ, паштуҳо, арабҳо ва мардумони маҳаллии гуногун, инчунин сайёҳони кунҷков бо гулдастаҳои тоза пешвоз гирифтаанд. Ансамбл низ баробари аз автобус фаромадан бо дафу карнайу меҳтар ба ҳунарнамоӣ шурӯъ намудаанд.

«Тибқи барномаи сафарӣ, рӯзи нахуст бояд истироҳат мекардем. Аммо ба пешвози мо омадани ҳаводорони зиёдро дида, илҳомамон афзуд. Хастаиҳои роҳ бо дидани чеҳраи хандони мухлисони санъати тоҷик дар як он гум шуд. Ҳамин тавр, қариб ду соат дар театри кӯчагӣ ҳунарнамоӣ кардем, агарчи иҷрои мо дар он макон тамоман дар нақша набуд. Як нафар тамошобин намоишро тарк кунад, ду-се нафари дигар ба ҷояш омада меистод. Ҳамон рӯз фаҳмидам, ки мардуми Аврупо ташнаи санъату ҳунарҳои мардумии тоҷик ҳастанд», - мегӯяд Ашӯр Сафаров хотираҳои сафари ҳунариро варақ зада.

САФАР БА ШАҲРИ ИШҚ

Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» баъд аз ҳунарнамоӣ дар Флоренсияи қадим ба шаҳри Гануяи Итолиё парвоз кардаанд. Ҳаводорони санъати куҳани мардуми тоҷик санъаткоронро бо гулдастаҳо ва қарсакҳои самимӣ пешвоз гирифтаанд. Мутаассифона, баъд аз ҳунарнамоӣ дар онҷо яке аз аъзои ансамбл Абдуҳомид Раупов бемор шуда, бистарӣ гардидааст. Аҳли ансамбл маҷбур шудаанд, ки беморро ба парастории сардухтури бемористон супорида, роҳ гиранд ба сӯйи шаҳри ишқ – Порис (Париж).

Тавре Исматулло Неъматов қисса мекунад, сарпарастон арзиши як билети консерти ансамблро дар Порис, 80 франк ҳисобидаанд. Ҳар як рӯзи консерт 800 ҷойи нишаст аз тамошобин пур мешуд. Пешопеш ба тамошобинон барномаи консертӣ бо забони фаронсавӣ пешниҳод гардида буд, аз ин рӯ танҳо дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ қарсак зада, хандида мемонданд, - афзуд ӯ.

«Мо дар саҳнаи ҳунари кишварҳои Аврупо анъанаҳои қадимаи Қаратоғ – ҷашни арӯсию домодӣ, чодарбандӣ, шаҳмуборакбод, тахти шаҳ, гаҳворабандии тифл ва дигар маросиму урфу одатҳои миллиро намоиш додем. Барои саҳнасозӣ сандуқ, кӯрпачаҳо, матоъҳои гулдӯзишуда, лӯхтакҳо ва боқимонда ҷиҳозҳои ёрирасонро ҳамроҳи худ гирифта будем, ки ҷолибияти намоишҳоро бештар намуд», - илова кард Ашӯралӣ Сафаров узви Ансамбли фолклорӣ-этнографии Қаратоғ.

Баъд аз ҳунарнамоии ҳаждаҳрӯза дар театри консертии Порис ва Марсел онҳо ба Белгия азми сафар карданд. Албатта бо ҳамроҳии ҳамкори дар бемористон табобатёфтаи худ Раупов.

Ансамбл дар Белгия муддати ду рӯз ҳунарнамоӣ карда, самти худро ба Ҳолланд (Нидерланд) тағйир додаанд. Сипас сафари ҳунарӣ дар Олмон ва Суед (Шведсия) идома ёфта, дар шаҳри Маскави Русияи шӯравӣ ба анҷом расидааст. Сафари ҳунарии ансамбл ба Аврупо 37 рӯзро фаро гирифтааст.

Мутаассифона, ансамбли «Қаратоғ» пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонд.


ЭҲЁИ ДУБОРА

Соли 2004 бо ташаббуси раиси фарҳангдӯсти шаҳри Турсунзода Баракатулло Атохоҷа Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» дар назди шуъбаи фарҳанги шаҳрдорӣ таъсис шуда, дубора ба саҳнаи ҳунар баргашт.

Дар айни замон ансамбл аз 12 воҳиди корӣ: саркоргардон, роҳбари бадеӣ, роҳбари мусиқӣ, басаҳнагузор, ду овозхон, чор навозанда ва ду раққоса иборат аст.

Ҳунармандони ансамбли «Қаратоғ» дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» (2011), «Андалеб» (2016), ҷашнвораи ҷумҳуриявии «Тарона ва рақс» (2014), ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 2700-солагии Кӯлоби бостон ва дигар озмуну ҷашнвораҳо сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.

Имрӯз ансамбл дар ҳамкорӣ бо шоири ин диёр Абдуқаҳҳор Қосим ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани фолклор матну сурудҳои навро дар ҳавои сурудҳои халқии водии Ҳисор ва дар радифи гӯишҳои қаратоғӣ эҷод мекунанд.

Таронаҳои «Арӯсӣ қаратоғӣ», «Арӯсгуселон» ва суруди «Дасти ба даст, ёр ба боғ меравем», ки имрӯз чандин бор дар ҷашну маросимҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ аз тарафи ҳунармандони дигар шаҳру вилоятҳо иҷро мегардад, моли Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» аст.

Ансамбл дар саросари ҷумҳурӣ сафарҳои ҳунарӣ дошт. Махсусан соли 2015 дар вилояти Суғд аввалин бор барномаи бузурги консертӣ таҳти унвони «Арӯси қаратоғӣ»-ро дар таҳияи Сайфиддин Ӯроқов ва Абдуқаҳҳор Қосим пешниҳод карда буд, ки аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд. Дар ин намоиш ансамбл тамоми урфу одатҳои мардуми Қаратоғро аз гаҳвораи тифл то арӯсу домод манзури омма гардонид. Ба гуфтаи роҳбари ансамбл Сайфиддин Ӯроқов, бо сабаби пайдо нагардидани сарпараст харҷи барномаи сафарӣ аз ҳисоби худи 22 тан ҳунарманду муаллифи матнҳо пардохт карда шуд. Барои мо муҳимтар аз ҳама болидахотирии мухлисони санъати фолклор буд, ки фикр мекунам бо кафкӯбиҳои бардавоми худ ризоияти хешро аз ҳунарнамоии мо изҳор карданд, - мегӯяд роҳбари ансамбл.

Санъаткорони Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» дар мувофиқа ва сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ният доранд, ки моҳҳои апрел-майи соли равон ба сафари ҳунарӣ роҳ пеш гиранд. Ин ҳунарнамоӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Тошканд баргузор мегардад ва санъаткорон умед мекунанд, ки ин яке аз хотирмонтарин сафари консертӣ мешавад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед