Ru  | Tj
Аввалин таҷлили Сада баъди дохил шудан ба мероси фарҳанги ҷаҳонӣ
Аввалин таҷлили Сада баъди дохил шудан ба мероси фарҳанги ҷаҳонӣ
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Аввалин таҷлили Сада баъди дохил шудан ба мероси фарҳанги ҷаҳонӣ

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ аввалин таҷлили иди Сада баъди ворид шудани ин ҷашн ба феҳристи мероси ҷаҳонии Юнеско баргузор шуд.


Ҳазорон нафар бо вуҷуди ҳавои боронӣ рӯзи 28-уми январ барои таҷлил аз иди Сада ба Боғи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе омаданд. Рамзи асосии ин ҷашн – гулхан дар кӯчаҳои ин боғ афрӯхта шуда, рақсу суруд ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ низ баргузор шуд.


Бояд, гуфт, ки соли 2024 ин ҷашн бори аввал пас аз ворид шудани он ба Феҳристи мероси фарҳангии башарият аз ҷониби ЮНЕСКО таҷлил мешавад. 


Боғи Фирдавсии Душанбе ба хотири ҷашни Сада зебу зинат дода шуда, дар қад-қади гулгаштҳо дуконҳо бо дарози тӯли зиёда аз 1,5 километр гузошта шуда буданд ва  дар онҳо кишоварзон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон меваву сабзавот, асал, моҳӣ, гӯшт ва дигар маҳсулотро пешкаш карданд. Меҳмонони ҷашн ҳамчунин имкон доштанд аз хӯрокҳои миллӣ нӯши ҷон карда, ниҳолҳо ва тухмии рустанӣ харидорӣ кунанд.


Гузашта аз ин дар ин ҷашни Сада хунармандони тоҷик низ бо маҳсули дасти худ ширкат доштанд.  Дар байни дуконҳо ҳамчунин устохонаҳо мавҷуд буд, ки дар онҳо хоҳишмандон имкон доштанд барои худ армуғон фармоиш диҳанд. 


Меҳмонони фахрии маросим намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмиллалӣ дар Тоҷикистон буданд, ки ҳамроҳ бо вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода аз намоишгоҳ боздид карданд.


Хотиррасон мекунем, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Эрон 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО Ботсвана ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед