Ru  | Tj
Аз “Counter-Strike” то “Left 4 Dead”. “Геймер”-ҳои Душанбе ба кадом намуди бозиҳо шавқ доранд?
Аз “Counter-Strike” то “Left 4 Dead”.  “Геймер”-ҳои Душанбе  ба кадом намуди бозиҳо шавқ доранд?

Аз “Counter-Strike” то “Left 4 Dead”. “Геймер”-ҳои Душанбе ба кадом намуди бозиҳо шавқ доранд?

Нашр шуд

Қаблан агар мардум дар вақти холӣ китоб мехонданд ё ба саёҳат мебаромаданд, акнун дар асри нави технологияву кашфиётҳо дар баҳри воситаҳои зиёди фароғат ғӯтидаанд.

Бо тавлид шудани интернет имкониятҳо рӯз аз рӯз афзун шуда истодаанд ва ҳоло аксари ҷавонон дар вақти бекорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ муошират менамоянд ва бозиҳои видеоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти онҳо гардидааст.

Дар ҳоли имрӯз бозиҳои компютерию мобилӣ дар PS ё Xbox бо навъу тарҳи  гуногун дастрас гардидаанд. Дар ин миён,  шумораи зиёди бозиҳои зеҳние низ мавҷуданд, ки истеъдоди инсонро инкишоф медиҳанд.

Ҷавонони Душанбе низ аз ҳамсолони хориҷии хуб ақиб намонда, бо дӯстон дар  клубҳои бозӣ дар дилхоҳ намуди воқеияти виртуалӣ қувваозмоӣ менамоянд.

Чун таваҷҷуҳи ҷавонон ба бозиҳои видеоӣ зиёд шудааст, мо ба ҷавонони пойтахт саволҳои “Ба кадом намуди бозиҳои воқеияти виртуалӣ шавқ доред?”, “Имрӯз дар байни “геймер”-ҳо кадом намуди бозӣ маъруф аст?” ва “Дар ояндаи наздик чӣ навгониҳоро интизор ҳастед?”- ро пешниҳод намудем.

Аз посухи ҷавонон муайян гардид, ки дар кишвари мо бозиҳои “Counter-Strike 1.6”, “Counter-Strike: Global Offensive”, “Warface”,  “Left 4 Dead”, “Portal 2”; “Dota 2”; “Call of Duty”, “PUBG”, “FIFA” бештар маъруфият доранд.

Аслан, аз рӯи маъруфият, бозиҳои видеоии гурӯҳӣ ва стратегӣ дар мақоми аввал меистанд ва аксарияти онҳо дар режими онлайн бозӣ карда мешаванд.

Сокини 17-солаи пойтахт Фаррух Азизов дар мавриди бозиҳои виртуалӣ фикри худро ба таври зайл шарҳ дод: 

“Ман олами бозии “Half-Life”-ро дӯст медорам, зеро онро аз овони кӯдакӣ бозӣ мекардам. Маро бо ин бозӣ на танҳо хотираҳо, балки таърихи тӯлонӣ мепайвандад! Ман то ҳол қисми сеюми ин бозиро интизорам. Ширкати таҳиягар - “Valve” ҳанӯз ҳам нахустнамоиши қисми сеюми бозиро пинҳон медорад. Дар шабака ҳатто ҳазл пайдо шудаст, ки Гейб Нюэлл то се ҳисоб карда наметавонад. Ин аз он сабаб, ки ширкат боз як-ду «бозича» дорад, ки танҳо пеш аз қисми дуюм баромада буд, масалан, “Left 4 Dead”, “Portal 2”, “Dota 2” ва амсоли инҳо”.

Дар қатори нахустнамоишҳое, ки интизор ҳастанд,  геймерҳо бозиҳои видеоии зеринро ҳам номбар намуданд: “Half-Life 3”, “Mortal Kombat 12”, “FIFA 22”, “King's Bounty 2”, “Far Cry 6”.

Ҷолибияти дигар дар он аст, ки бозиҳои видеоӣ кайҳо боз натанҳо воситаи вақтхушӣ маҳсуб меёбанд, балки бозии касбӣ метавонад воситаи ба даст овардани даромади хуб ҳам бошад. Аз ин ҷиҳат он ба сармоягузориҳои муайяне ниёз дорад. Худи бозигарон дар ин бора чунин мегӯянд:

- «Мафҳуми «Киберварзиш» дар ҳаёти мо кайҳо ҷой гирифтааст.  Мусобиқаҳои калон, масалан, “Dota-2 – “International”” ташкил карда мешаванд, ки дар он дастаҳо аз тамоми ҷаҳон иштирок карда метавонанд.  Ҷоиза ба андоза 1000000 доллар муқаррар мегардад. Бозигар худ тасмим мегирад, ки маблағгузорӣ кунад ё на. Дар баробари ин дар бозии виртуалӣ барои харидани яроқ нархномаи муайяне тартиб дода шудааст, ки бар ивази пул метавон силоҳи беҳтареро аз яроқи стандартиву ройгони душман ба даст овард. Хоҳӣ, ки аз дигарон фарқ дошта бошӣ ва ё таҳиягарони бозии дӯстдоштаи худро дастгирӣ кунӣ – пас пардохт кун. Аммо ҳар кас худаш тасмим мегирад», - мегӯяд «геймер»-и ботаҷриба Масрур Одинаев.

Инчунин, ба гуфтаи вай, дар бозиҳои CS (Counter-Strike) метавон “скинҳоро” дастрас кард, ки камёбанд, иловатан имкон дорад, ки онҳоро баъдан фурӯшанд. Имрӯз, дар шаҳр мусобиқаҳои калон баргузор мегарданд, ки дар онҳо ҳам ба танҳоӣ ва ҳам якҷоя бо даста иштирок кардан мумкин аст.

Албатта, иштирок пулакӣ аст, зеро бе сармоягузорӣ фоида ба даст намеояд.

Ба гуфтаи “геймер”-ҳои Душанбе “Action-adventure” яке аз жанрҳои ҷолибтарини бозиҳои видеоӣ ба ҳисоб меравад. Ин жанр воқеан нотакрор аст, зеро дар он бозингарро гирдоби рӯйдодҳои филме, ки пур аз амалҳо, муҳорибаҳои қаҳрамонҳо ва муаммоҳои мураккаб аст, фаро мегиранд.

Инак якчанд бозиҳои “дилчасп” -и ин жанрро, ки дар шаҳри Душанбе маъруфанд, номбар мекунем: Олами Tomb Raider: “Tomb Raider. Survival Edition”, “Rise of the Tomb Raider”, “Shadow of the Tomb Raider”, “The Witcher 3: Wild Hunt”, “Assassin’s Creed III”, “Assassin’s Creed Odyssey”,  “Uncharted 3: Drake’s Deception”,  “Uncharted 4: A Thief’s End”,  “The Last of Us”, “The Last of Us Part II”,  “Dark Souls: Remastered”.



Дафтар, хома, ноутбук ва утоқи холӣ: тарҷумони ҳамзамон чӣ гуна касб аст?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед