Ru  | Tj
Аз манзара то мавзеъҳои торихиву сайёҳӣ. Ҷавони тоҷик гӯшаҳои Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад
Аз манзара то мавзеъҳои торихиву сайёҳӣ. Ҷавони тоҷик гӯшаҳои Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз манзара то мавзеъҳои торихиву сайёҳӣ. Ҷавони тоҷик гӯшаҳои Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

Нашр шуд

Бунёд Абдуллоев муддати зиёд аст, ки бо рассомӣ ва барелйефнигорӣ машғул аст. Ӯ бештар асарҳое меофаринад, ки мавзеъҳои сайёҳӣ ва табиати зебову нотакрори Тоҷикистони биҳиштосо дар он таҷассум ёфтаанд. Мавсуф аксарияти асарҳояшро дар жанрҳои маъмули натюрморт ва пейзаж тасвир мекунад. Барелйефҳояш низ аз рӯйи ин жанрҳо буда, дар хонаҳои шахсӣ, иншооти хусусӣ, рестурон ва кохҳои фарҳангӣ офарида шудаанд.

Муаллифи Halva.tj бо ин ҷавони пурҳунар ҳамсуҳбат шуда, аз пайроҳаи эҷодӣ, муваффақият, дастовард ва барномаҳои ояндаи ӯ қисса кард.


"МУҲИТИ ХОНАВОДА МАРО РАССОМ КАРД"

Бунёд Абдуллоев зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд аст. Ӯ 28-сол дошта, 8-сол мешавад, ки мустақилона ба рассомӣ шуғл меварзад. Номбурда аз овони хурдсолӣ бо нозукиҳои ҳунари рассомӣ ошност. Зеро падару амакаш рассоманду 30-сол аст, ки дар мактаби деҳа аз фанни ҳунари рассомӣ дарс медиҳанд.

"Аз замоне ки худро мешиносам, дар хонаамон рангу мӯйқалам ҳаст. Зеро падараму амакам рассомӣ мекунанд. Ман аз хурдӣ назди онҳо истода, кам-кам нозукиҳои ин пешаро меомӯхтам. Шавқу завқи зиёд ки доштам, падарам маро барои боз ҳам хубтар аз худ кардани ин ҳунар ба мактаби бачагонаи рассомӣ гузоштанд. Дар вақтҳои фориғ аз дарс даррав коғаз ва мӯйқаламу рангро гирифта, ҳамроҳи падарам ба тасвири манзараҳо мепардохтам. Ба қавле муҳити хонавода маро рассом кард", - мегӯяд ҳунарманди ҷавон.


Қаҳрамони мо ба ҳунари рассомӣ, ки меҳри зиёд дошт таҳсилашро аз рӯйи ихтисоси манзаранигори дастгоҳии донишкадаи ҳунари Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд идома дод. Бунёдҷон дар умум баҳри омӯхтани тамоми паҳлуҳои ҳунари рассомӣ 12 соли ҳаёташро сарф кард.

АЗ МАНЗАРАҲОИ ТОҶИКИСТОН ТО КИШВАРҲОИ АВРУПО. ТАСВИРҲОИ БУНЁД АБДУЛЛОЕВ

Бунёд Абдуллоев бештари асарҳояшро дар қолаби жанрҳои натюрморт ва пейзаж омода мекунад. Ӯ барои тасвири манзараҳои Тоҷикистон ба шаҳру ноҳия ва гӯшаҳои гуногуни кишвар сафар мекунад. Қаҳрамони мо мегӯяд, барои манзаранигорӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷиканд, Шаҳристону Айнӣ, Искандаркӯл ва Ойкӯлу Кемкӯл, ҳамчунин ба бошишгоҳҳои Артуч, Ширкенту Бодомча ва ғайра рафта, табиати нотакрори диёрро тасвир кардааст.


"Рассоме, ки табиати воқеъиро дар асараш таҷассум мекунад, офаридаҳояш зуд ба дили тамошобин ҷой мегирад. Тоҷикистони биҳиштосои мо он қадр манзараҳои зебо дорад, ки диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад. Бояд мо, ҳунармандон, ин муъҷизаҳои дилфиреби табиати ватанамонро ба ҷаҳониён тавассути ҳунарамон муаррифӣ кунем", - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Бунёд Абдуллоев дар баробари тасвири манзараҳои Тоҷикистон ҳамчунин табиат ва мавзеъҳои торихии кишварҳои Аврупоро низ тасвир мекунад. Мавсуф урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва ёдгориҳои торихиро дар асарҳояш таҷассум мекунад.


БАРЕЛЙЕФ РАМЗИ ЗЕБОИСТ

Барелйеф як навъи жанри рассомӣ буда, бисёртар дар ороишу пардози биноҳо истифода мешавад. Бунёд Абдуллоев то имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даҳҳо барелйеф офаридааст. Ба қавли рассоми ҷавон, солҳои охир миёни ҷомеа талабот ба ин навъи ҳунар афзудааст.

"Барелйефро асосан аз гаҷ омода мекунанд. Барои офаридани он ҳунарманд бояд аз нозукиҳои ҳунари кандакорӣ низ воқиф бошад. Зеро гаҷро дар рӯйи девор тавассути асбобҳои махсус гузошта, онро кандакорӣ мекунанд. Мо дар барелйефҳо манзараҳои табиат, воқеаҳои торихӣ, қасру кӯшк, мева ва гулҳои гуногун меофаринем. Солҳои охир дар қасрҳои фарҳангӣ, рестурон ва хонаҳои истиқоматӣ тасвири барелйеф ба ҳукми анъана даромадааст. Чун барелйеф рамзи зебоӣ буда, ба хона шукӯҳу ҷалоли хосае мебахшад," - афзуд қаҳрамони мо.


Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, асоси барелйеф тасвир мебошад. Аз ин хотир барелйефнигор бояд рассоми хуб бошад. Бунёд Абдуллоев барои зебо шудани барелейфҳояш аз чароғҳои ранга истифода мекунад. Ӯ мегӯяд, чунин чароғҳо ба асар зеб бахшида, диққати бинандаро ба худ ҷалб месозад ва ҳамвориву ноҳамвориҳои онро ба тамошобин нишон медиҳад. Қаҳрамони мо то имрӯз беш аз 20 барелйеф дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷиканд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Девоштич офаридааст.

"НИЯТ ДОРАМ ДУКОНИ ҲУНАР БОЗ КУНАМ"

Шабакаҳои иҷтимоъӣ имкон фароҳам овард, ки ҳунармандон низ маҳсули дастони худро тавассути он намоиш дода ба фурӯш гузоранд. Бунёд Абдуллоев ҳам дар шабакаҳои иҷтимоъии Фейсбуку Инстаграм саҳифаи худро боз карда, асарҳояшро муаррифӣ мекунад. Бо вуҷуди ин қаҳрамони мо мехоҳад дукони ҳунар боз карда, асарҳои офаридаашро ба фурӯш гузорад.


"Ният дорам, ки бо даст додани имкон як дуконе боз кунам ва асарҳои офаридаамро ҷой диҳам. Ҳоло тавассути шабакаи иҷтимоии Инстаграм мусаввараҳоямро ба фурӯш гузоштаам. Сатҳи ҳунардӯстии мардуми мо ин рӯзҳо хеле баланд рафтааст. Мардум дар баробари расми чеҳраи пайвандон тасвири манзараҳоро низ фармоиш медиҳанд. Мо низ пайваста дар хидмати халқу ватан ҳастем ва кӯшиш мекунем бо ҳунарамон кишвари азизамон Точикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем," - изҳор дошт Бунёд Абдуллоев.

Қаҳрамони мо мегӯяд, сайёҳон низ ба мусаввараҳое, ки табиати дилфиреби Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, таваҷҷуҳи бештар доранд.


БЕҲТАРИН РАССОМИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Бунёд Абдуллоев то имрӯз дар озмунҳои зиёди вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат варзидааст. Мавсуф бо пешниҳоди беҳтарин асарҳо, хоса манзараҳои зебои кишвар ғолибият ба даст овардааст. Ҳамчунин дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон ватани азизи ман" сазовори мақоми дувум гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шудааст.

"Соли 2019 дар озмуни "Рассоми беҳтарин" ки миёни рассомони ҷавони 18 шаҳру ноҳия баргузор шуд, сазовори мақоми аввал гаштам. Дар озмуни мазкур "Беҳтарин рассоми вилояти Суғд" эътироф гардидам. Афзун бар ин боз дар даҳҳо озмунҳои шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок кардаам. Ният дорам дар ҷашнвора-озмун ва намоишҳои байнулмиллалӣ низ ширкат варзам", - гуфт рассоми ҷавон.


Қаҳрамони мо афзуд, ки мехоҳад ҳарчи бештар манзараҳои диданбоб ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро тасвир карда, гӯшаҳои ин кишвари биҳиштосоро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед