Ru  | Tj
Аз Саразми бостон то кӯҳҳои Фон. Мавзеъҳои таърихиву табиии Панҷекат дурдонаҳои сайёҳианд
Аз Саразми бостон то кӯҳҳои Фон. Мавзеъҳои таърихиву табиии Панҷекат дурдонаҳои сайёҳианд
Аксҳо: аз Интернет

Аз Саразми бостон то кӯҳҳои Фон. Мавзеъҳои таърихиву табиии Панҷекат дурдонаҳои сайёҳианд

Нашр шуд

Бешубҳа, нафаре нест, ки бо дидани Саразми бостонӣ ангушти ҳайрат нагазида ва ё мафтуни кӯҳҳои Фону Ҳафткӯли нозанин ва Кӯли Калон нагашта бошад. Ин ва дигар дороиҳои таърихиву табиӣ Панҷекати бостониро миёни гардишгарон маҳбуб гардонда ва ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷ барои сайру тамошо ин маконро интихоб менамоянд. Шиносоӣ бо таъриху тамаддуни ғаниву бостонӣ ва тарзи зиндагонии мардуми деҳоти он ҷаҳонгардонро як ҷаҳон таассурот мебахшад.

Ин навбат аз ҷаззобияти мавзеъҳои тамошобоби ноҳия хоҳем гуфт, ки бо диданашон ҳар касе як умр дилбанди онҳо мемонад.

 

САРАЗМ - НАМУНАИ АВВАЛИН ДАВЛАТШАҲР


Соли 1976 қадимтарин шаҳраки бостонии Осиёи Марказӣ – Саразмро кашф намудани Абдуллоҷон Исҳоқов ҳангомаи ҷаҳонӣ шуд. Пас аз 21 сол шогирди ӯ Абдурауф Раззоқов кори устодашро идома дода, Маликаи Саразмро пайдо кард, ки боз ҳам таваҷҷуҳи доираи васеи бостоншиносонро аз саросари олам ба ин мавзеъ ҷалб сохт.

- Устод Исҳоқов солҳо пайдоиши Саразмро интизор буданд. Ба он далел, ки марказҳои тамаддун – Панҷекат, Самарқанд, Хуҷанд ва Бухоро таърихи 2500-сола доранд. Ҳол он ки сароғози таърихи мо – суғдиёну бохтариён ба 5000 сол бояд расад. Яъне бояд ҳатман маҳалле пайдо мешуд, ки таҳрикдеҳи пайдоиш ва рушди ин шаҳрҳо бошад. Ниҳоят, ёфтани табари биринҷӣ аз ҷониби Ашӯралӣ Тайлонов аз ин мужда дод. Дар натиҷаи ҳафриёт Саразми аҳди энеолит, яъне давраи сангу биринҷиро кашф карданд, ки 5500-6000 ҳазор сол қабл шаҳрнишин, кишоварз, чорводор, маъдангудоз, ҳунарманд ва тоҷир будани ниёгони моро собит месозад. Ин барҷастатарин кашфиёте буд дар таърихшиносии миллӣ, - аз аҳамияти ин ёдгории нодири таърихӣ гуфт Абдурауф Раззоқов.

Бостоншинос афзуд, ки дар ҷомеаи Саразм намунаи аввалин давлатшаҳрро мебинем. Ҳатман дар он як гурӯҳ идоракунандагон низ буданд. Онҳо ақлу заковати воло доштанд. Масалан, барои сохтани зарфи сафолӣ хоки мувофиқро аз доманакӯҳҳои Зарафшон пайдо мекарданд. Дар ҳаррофӣ деворҳо чор тарҳи баробар доранд. Яъне, меъморон нақша кашида онро тарҳрезӣ мекарданд, ки ин нишонаи маданияти шаҳрсозию шаҳрдорист. Дигар ин ки дар ҳазораи сеюм анбори ғалла бо гунҷоиши 100 тонна мавҷуд будааст. Ин миқдор маҳсулот эҳтиёҷоти мардумро бо орд ва тухмӣ таъмин менамуд.

Бояд гуфт, ки Саразм аввалин объекти таърихии кишвар аст, ки соли 2010 ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд. Соли 2020 бошад, 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон таҷлил гардид.

 

АЗ ПАНҶЕКАТИ ҚАДИМ ТО ЭРМИТАЖИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ


Объекти дигари таърихӣ Панҷекати Қадим мебошад, ки дар масоҳати 13,5 километр доман густурдааст. Мувофиқи маълумоти бостоншиносон, шаҳр дар асри V бунёд ёфта, охири асри VII бар асари тохтутози аҷнабиён ба хароба табдил меёбад. Ҷусторҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ аз соли 1946 оғоз гардида, то ба ҳол идома доранд. Ҳангоми ҳафриёт дар ин ҷо ду қасри калон, 8 кӯчаю хиёбон ва даҳҳо манзилу иморат пайдо шудаанд. Панҷекати Қадим дар замони арзи вуҷуд доштани Роҳи бузурги Абрешим ба авҷи тараққиёт мерасад ва асри VII замони гулгулшукуфоии шаҳр ҳисоб меёбад. Махсусан, дар ин давра санъати рассомӣ рушд мекунад. Намунаҳои беҳтарини онро дар деворнигораҳои шаҳр дидан мумкин аст, ки дар онҳо, асосан, саҳнаҳои разми қаҳрамонҳои «Шоҳнома» тасвир ёфтаанд. Қисме аз ин бозёфтҳо дар осорхонаи Эрмитажи шаҳри Сант-Петербург нигоҳ дошта мешаванд, ки нусхаи онҳоро дар осоронаҳои кишвар вомехӯрем.

Ҳоло бошад, аз сайри таърихӣ ба табиати муъҷизаосои шаҳри Панҷакент мерасем.

 

КӮҲҲОИ ФОН – ДУРДОНАИ САЙЁҲИИ ИДМ


Кӯҳҳои Фон зеботарин системаи кӯҳӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ ва қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақиланд. Он дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷекату Айнӣ қад кашида, нуқтаи баландтаринаш Чимтарға аз сатҳи баҳр ба 5489 метр мерасад.

Кӯҳсори Фон яке аз мавзеъҳои асосии сайёҳии кӯҳӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи зиёди кӯҳнавардонро аз гӯшаву канори олам ба ҳам меорад. Хатсайрҳои он басо ҷолибу диданиянд, ки дар як замон аз тамошои дараҳои гулпӯш, расидан ба қуллаҳои барфпӯш ба кас ҳаловат мебахшад. Ҷаззобияти кӯҳҳои Фон ба ҷуз аз табиати дилфиребаш боз дар он аст, ки давоми сол дар он ҳамагӣ 250 мм боришот ба қайд гирифта мешаваду дар фасли тобистон ҳарорати ҳаво аз 30 дараҷа боло намеравад. Аз ин рӯ, моҳҳои июл-сентябр беҳтарин вақт барои саёҳати кӯҳнавардист.

Адиб ва сарояндаи рус Юрий Визбор пас аз дидани ин кӯҳҳо ба ваҷд омада, вақти бозгашт менависад: «Қалби ман дар кӯҳҳои Фон монд. Акнун бедил меравам».

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2014 Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил феҳристи мавзеъҳои тамошобоби кишварҳои узвро бо номи «Дурдонаҳои Иттиҳод» тартиб дод. Аз миёни мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон кӯҳҳои Фон ба ин рӯйхат ворид гардид. Дар қатори кӯҳҳои Фон ба «Дурдонаҳои Иттиҳод», инчунин хиёбони наздибаҳрии Боку (Озарбойҷон), ибодатгоҳи Хор Вирапи Арманистон, Майдони гирди Остона (Қазоқистон), мақбараи «Гӯри Мир»-и Самарқанд (Ӯзбекистон), Ишқободи Туркманистон, мамнуъгоҳи Орхейи куҳани Молдова, маҷмааи қасрҳои Петергоф ва шаҳри Сочии Русияро шомил шуданд.

 

«АРТУЧ» – БЕҲТАРИН ПОЙГОҲИ КӮХНАВАРДӢ


Аксари онҳое, ки ба сайри кӯҳҳои Фон меоянд, ҳатман дар пойгоҳи сайёҳӣ-кӯҳнавардии «Артуч» мемонанд. Пойгоҳ дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, дар масоҳати 15 гектар доман густурдааст. Он, воқеан ҳам, макони дилкушоест, ки офтоби ҷонбахшу қуллаҳои барфпӯш ва табиати ҳамешасабзи атрофаш ба кас нерӯву тавон мебахшад. Ба сайёҳону меҳмонон низ беҳтарин хидматрасонӣ пешкаш мешавад ва аз дохилу хориҷ гурӯҳ-гурӯҳ ва оилавӣ ба ин ҷо меоянд. Аксари гардишгарон аз ин ҷо ба сайри Кӯли Калон мебароянд, ки дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Зарафшон дар масоҳати қариб 44 километр доман густурда, дар ҳудуди он кӯлҳои Алои Калон, Алои Боло, Чапдара, Аловиддин ва баландтарин нуқтаи кӯҳҳои Фон – Чимтарға (беш аз 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр) ва ғайра ҷойгир аст.

Ба ҷуз оне, ки дар пойгоҳи сайёҳии «Артуч» инфрасохтори зарурӣ барои алпенистон муҳайё гардидааст, инчунин кӯҳнавардони ҷавон низ таълим дода мешаванд ва он макони баргузории мусобиқаҳои варзиши кӯҳист.

Шуҳрати «Артуч» аз замони шӯравӣ вирди забонҳо буду айни замон натанҳо миёни гардишгарони минтақа, балки ҷаҳон маъруф аст. Ин аст, ки соли 2020 Аянси байналмилалии сайёҳии кӯҳӣ «Артуч»-ро «Беҳтарин пойгоҳи сайёҳии кӯҳӣ» эътироф намуд. Ин, албатта, ба болоравии нуфузи байналмилалии мавзеъ бетаъсир нахоҳад монд.

 

ҲАФТКӮЛИ ҲАФТРАНГ


Ҳамчунин, зебоиҳои кӯҳҳои Фон дар Ҳафткӯли нозанин намои бештар ёфтааст. Ҳафткӯле, ки пур аз асрор асту то ҳол ҳақиқати онро касе дарнаёфта. Ва, ҳақиқатан ҳам, аҷиб аст, ки мо роҳи обгузарро аз як кӯл ба кӯли дигар намебинему он бо тағйири ранг дар кӯли баъдӣ пайдо мешавад. Аҷибтар ин ки рӯди саркаши Шинг бо ҳазорон туғён ба кӯли Мижгон мерезад ва таскин меёбад. Инро муъҷизаи табиат мегӯянд!

Ҳафткӯл дар дараи Шинг воқеъ буда, бо номи кӯлҳои Марғузор низ маъруф аст, ки номи азимтарин кӯли силсилакӯлҳост. Кӯли аввал бо номи Мижгон маъруф аст, ки дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр доман паҳн карда. Кӯли ҳафтум – Ҳазорчашма бошад, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Ҳафткӯл аз ҳафт кӯли рангоранг иборат аст бо номҳои Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғзор ва Ҳазорчашма. Дар мавриди ҳар як кӯл қиссаву ривояти алоҳидаест миёни мардумони маҳаллӣ, вале ин ҳақиқат аст, ки табиати ҷаззоби Ҳафткӯл ҳар бинандаро тасхир мекунад.

«Ҳафткӯл мавзеи бисёр зебост. Табиаташ тағйирёбанда аст ва шояд зебоияш ҳам дар ҳамин бошад. Ман аввалин бор дар Тоҷикистонам ва ба дигарон дидани табиати ғайриодиву мардуми меҳмондӯсти тоҷикро тавсия медиҳам», - таассуроташро баён медорад як гардишгари фаронсавӣ.

Ҳамин гуна мавзеъҳои ҷолибу диданӣ дорад Панҷекати бостонӣ ва ҳар касе як бор сайри кӯҳҳои Фону Кӯли Калон ва ё Ҳафткӯл мекунад, орзуи дубора дидани онҳоро дар дил мепарварад. Зеро таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои табииӣ сол ба сол зиёд мегардаду маконҳое, ки дар он пойи одамӣ кам расида дар Панҷекат зиёданд.

Дар ин баробар оромгоҳи сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакию зиёрати мақбараи яке аз намояндагони барҷастаи олами ислом Муҳаммади Башоро аҳли дилро ба ин диёри зебоманзар меорад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед