Ru  | Tj
Душанбе бо кадом шаҳрҳо бародаршаҳр аст?
Душанбе бо кадом шаҳрҳо бародаршаҳр аст?

Душанбе бо кадом шаҳрҳо бародаршаҳр аст?

Нашр шуд

Бародаршаҳрҳо - шаҳрҳои давлатҳои гуногун, ки дар байни онҳо робитаҳои доимии дӯстона барқарор карда шудаанд. Онҳо барои шиносоии васеъ бо ҳаёт, таърих ва фарҳанги якдигар истифода мешаванд. Ҳоло Душанбе дорои 18 бародаршаҳр бо кишварҳои чун Замбия, Яман, Тунис, Австрия, ИМА, Олмон, Русия, Туркия, Эрон, Чин ва ғайра мебошад. Чӣ ин шаҳрҳоро бо пойтахти Тоҷикистон мепайвандад? Halva.tj чанд мисоли ҷолибро овардааст.

Аввалин шаҳре, ки Душанбе муносибатҳои бародарона барқарор кардааст, Лусакаи Замбия мебошад. Шартномаи дӯстӣ соли 1966 имзо шуда буд.
Lusaka.jpg
Ба туфайли робитаҳои дӯстона мубодилаи байни клуби Тоҷикистони Шӯравӣ «Помир» ва «Пауэр Динамос» -и Замбия имконпазир гардид. Соли 1989 се бозигари тими миллии Замбия ба Тоҷикистон омаданд.

Дар солҳои 60-ум бо шаҳри Санъаи Яман шартнома ба имзо расониданд. Яке аз кӯчаҳои Душанбе Сана номгузорӣ шудааст - ба ифтихори ин шаҳри бародаршаҳр.

sana--jemen-goroda---stolicy-gosudarstv--849871.jpg

Шаҳри Клагенфурти Австрия ва Боулдери Амрико, чойхонаи “Тоҷикистон”и худро муаррифӣ ифтитоҳ намуданд. Тӯҳфаи мутақобилаи амрикоиҳо интернет-кафеи Маркази Дӯстӣ дар пойтахт буд.

Chayhana_v_Bouldere_SShA_shtat_Kolorado_t.jpg

Соли 2003 Душанбе бо пойтахти Туркия – Анқара муносибатҳои бародаршаҳри имзо кард. Тоҷирони турк дар бунёди маркази тиҷоратии VEFA дар кӯчаи Бохтар, ки соли 2007 ба истифода дода шудааст, саҳм гузоштанд.

Дӯстии Душанбе ва Санкт-Петербургро бо рӯзҳои фарҳангии ҳар ду кишвар  дар Тоҷикистон соли 2014 қайд намуданд.

Моҳи майи соли 2020, дар авҷи пандемияи коронавирус, шаҳрҳои бародаршаҳри чинӣ ба Душанбе кӯмаки башардӯстона расонданд.

изображение_viber_2020-05-13_16-31-59.jpg
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед