Ru  | Tj
Бо «Fotehjon» ба қуллаҳои нав бирасед. Донишномаи диҷитолии тоҷикӣ дар чӣ ҳол аст?
Бо «Fotehjon» ба қуллаҳои нав бирасед. Донишномаи диҷитолии тоҷикӣ дар чӣ ҳол аст?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Бо «Fotehjon» ба қуллаҳои нав бирасед. Донишномаи диҷитолии тоҷикӣ дар чӣ ҳол аст?

Нашр шуд

Ба донишномаи диҷитолии "Fotehjon" дар як соли охир қариб 7 ҳазор  корбар ворид шуда, аз он беш аз 16 ҳазор маротиба боздид карданд. Инак чанд муддатест, ки "Fotehjon" ба ҳуши маснуъии ChatGPT пайваст аст. Аз ин рӯ имконоти посухгӯйии он ба пурсишҳои мушаххас афзунтар шуд. Муаллифи "Fotehjon" кӯшиш кард, то ҳар посухи суолу дархостҳои корбаронро аз пойгоҳи маълумоти фаровони ChatGPT дарёфт карда, ба забони форсии тоҷикӣ дастрас кунад.

Рамазон Нуров, як тан аз барноманависони фаъоли тоҷик аст. Ӯро чун муаллиф ва созандаи донишномаи диҷитолии “Fotehjon” мешиносанд. Аз фаъол шудани донишнома ҳамагӣ як  сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ин рӯзҳо беш аз 2 ҳазор корбар дорад. Муаллифи Halva.tj бо созандаи “Fotehjon” суҳбат ороста, дар бораи эҷоди бахшҳои нав дар донишномаи диҷитолӣ ва такмил шудани шеваи кори он пурсон шуд.

“FOTEHJON” 1 СОЛА ШУД!

Аслан идеяи сохти “Fotehjon” дар зеҳни Рамазон Нуров соли 2020 пайдо шуда буд. Барои пиёда кардани он наздики 3 сол вақт сарф шуд. “Fotehjon” пас аз бедорхобиҳо ва такмили такрор ба такрор  1-уми марти соли 2023 фаъол шуд. Инак як сол аст, ки он мавриди корбурди доираи васеъи корбарон қарор дорад.

Дар муддати як сол кӯшиш кардам, то шакли барномаи корбурдии “Fotehjon” дар бунсоза (платформа)-и Android сохта шавад. Сипас бахшҳои нав, аз ҷумла рассоми бархат (онлайн), тарҷумони бархат, бозиҳои “мусобиқа”, “шоҳбайт” ва “ҷанговарча”-ро ворид кардем. Ҳамзамон донишнома дорои вебгоҳ (вебсайт)-и  худ шуд”, – гуфт ин барноманавис.

ТАРЗИ КОРИ БАХШИ “ДОНОЯК-ЧАТ” ЧӢ ГУНА АСТ?

Дар айни ҳол бахши “Донояк-ЧАТ” танҳо дар барномаки “Fotehjon” барои Android кор мекунад. Он яке аз бахшҳои муҳимтарини донишномаи диҷитолӣ аст. Он ба пурсишҳои зиёди корбарон посухи мушаххас медиҳад. 

“Аксари ҷавонони тоҷик чанде пеш дар бораи тарзи корбурди ҳуши маснуъӣ, бавижа ChatGPT маълумоти кофӣ надоштанд. Ё аз тарзи насби он дар роёна огоҳ набуданд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки бигзор онҳо тавассути “Fotehjon” аз ҳуши маснуъӣ баҳра бибаранд. Ҳамин тавр бахши “Донояк-ЧАТ”-ро ба ҳуши маснуъӣ пайваст кардем. Як вижагии ин бахши донишнома дар он аст, ки бо корбар ба забони форсии тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад. Яъне корбар пурсишҳояшро ба забони форсии тоҷикӣ менависад, матн дар “Донояк-ЧАТ”  тарҷума шуда, ба хотираи ҳуши маснуъӣ равон мешавад. Посухи ёфтшуда аз забони инглисӣ ё дигар забон ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума шуда, дар чат пайдо мешавад. Албатта  тарҷумаи ҷавобҳо ба забони форсии тоҷикӣ ба таври олӣ набуда, каме ғалат дорад. Бо ин ҳама мазмунро хато баргардон намекунад. Корбар ба як хондан муҳтавои посухро мефаҳмад”, - шарҳ дод Рамазон.
Дар аксари вақтҳо бахши “Донояк-ЧАТ”-и Fotehjon” посухҳоро барои суолҳои корбарон аз ду манбаъ мегирад: яке аз пойгоҳи маълумоти худ ва боз аз заминаи фаровони ҳуши маснуъии пайвастшуда. Ин бахш ба пурсишҳои гуногун аз фанҳои физик, кимиё, фанновариҳои навин, барноманависӣ, бозорёбӣ, иқтисод, бозаргонӣ, сармоягузорӣ, мантиқ, таърихи дунё, равоншиносӣ, ҷомеъашиносӣ ва дигар арсаҳо ҷавоб медиҳад.

ТАРЗИ СУОЛГУЗОРӢ ДАР ҲУШИ МАСНУЪӢ

Муаллифи донишномаи диҷитолӣ мегӯяд, ки корбарон аз “Донояк-ЧАТ” дар бораи таъриху ҷуғрофия ва дигар мавзуъҳои марбут ба Тоҷикистонро бештар мепурсанд. Аммо ин рӯзҳо пойгоҳи тоҷикии ин бахши барномак фарогири маълумоти камтар аст. Қарор аст, тибқи хоразмӣ (алгоритм)-ҳои нав он рӯз аз рӯз ғанитар шавад.

“Тавсия медиҳам, ки бештар дар хусуси фанновариҳои нав, бозорёбӣ, бозаргонӣ ва дигар фанҳои дақиқ бештар пурсанд. Суолҳо бояд дақиқ ва дуруст дода шавад. Сифати посухҳои чунин суолҳо қонеъбахштар хоҳад буд”, - афзуд Рамазон.


БОЗ ДУ БАХШИ МУФИДИ “FOTEHJON”

Ҷӯишгарбахши дигари донишнома аст, ки ба сомонаи ҷустуҷӯии Google монандӣ дорад. Як вижагӣ ҳам дорад, ки барои дохил шудан ба вебгоҳҳое, ки муҳтавои ғайриахлоқӣ доранд, маҳдудият гузошта шудааст. Он ба вебгоҳҳои зарурӣ ва омӯзишӣ ворид шуда, барои донишомӯзон маълумоти фаровони маърифатиро дастрас мекунад.

- Ин бахш барои дар олами беохири веб роҳгум назадани наврасону ҷавонон ёрмандӣ мекунад. Барои волидон низ муфид аст, ки фарзандашонро назорат кунанд, то ба ҳар вебгоҳҳои нозарур ворид нашаванд, - тавзеҳ дод ин барноманавис.

Бахши “Муҳаррири бархат” барои ислоҳи хатоҳои матни асноду номаҳо, ки ба забони форсии тоҷикист, ихтисос дода шудааст. Он ғалатҳои  имлоӣ ва дастурии забони тоҷикиро ба таври худкор ёфта, ислоҳ мекунад.

Аммо барноманавис дар муайян кардани тарзи навишти бархе аз вожаҳо оҷиз монд, зеро дар миёни забоншиносон баҳси имло то ҳол давом дорад. 

“Аз Кумитаи забон ва истилоҳоти вобастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шудем, ки бароямон намунаи охирони имлои забони тоҷикиро бароямон дастрас кунанд. Аз он ҷо гуфтанд, ки феълан таҳияи имлои нав ҷараён дорад. Аз ин рӯ тарзи дурусти навишти бархе вожаҳо дақиқ нашудааст. Сарфи назар аз ин бахши “Муҳаррири бархат” ёвари онҳое, ки бо матн сару кор доранд, шуда метавонад. Масалан аз 50 дарсад бештари ғалатҳои 10 саҳифаи матнро дар як муддати кӯтоҳ пайдо карда, матнро пухтатар мекунад”, - афзуд муаллифи “Fotehjon”. 

РАМАЗОН НУРОВ КИСТ?


Аслан Рамазон Нуров донишомӯхтаи риштаи барноманависии Донишгоҳи фаннии Муҳаммад Осимии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2018 то соли 2021 дар донишкадаи фанновариҳои иттилоъотиву иртибототи ин донишгоҳ фаъолияти омӯзгорӣ дошт. Пасон ба унвони десишгар (дизайнер)-и нашрияҳои «Пайрав» ва «Омӯзгор» ба кор пардохта, то имрӯз масъулияти мудирии вебгоҳи маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон»-ро низ бар дӯш дорад. Ӯ ин рӯзҳо дар заминаи ҷамъоварии маводи гуногун дар пойгоҳи маълумоти донишнома, сарфи сармоя барои нигаҳдории фаннии он тани танҳо кор карда истодааст. Аз ин рӯ талош дорад, ки бо дарёфти сарпараст барноманависи дигарро низ барои тавсеъаи “Fotehjon” ҷалб кунад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед