Ru  | Tj
Буҷулбозӣ, хурӯсҷанг ва чиликдангал. Тоҷикон боз чӣ бозиҳои миллӣ доранд?
Буҷулбозӣ, хурӯсҷанг ва чиликдангал. Тоҷикон боз чӣ бозиҳои миллӣ доранд?
Акс: Коллажи Halva.tj

Буҷулбозӣ, хурӯсҷанг ва чиликдангал. Тоҷикон боз чӣ бозиҳои миллӣ доранд?

Нашр шуд

Бозиҳои суннатӣ як бахши муҳими ҷашни Наврӯз ба шумор меравад. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои паҳлавонон дар риштаҳои куштигирӣ, аспдавонӣ, пойга, бандкашӣ, чавгонбозӣ баргузор мегарданд. Дар баробари ин бозиҳои дигаре низ ҳастанд, ки бештар миёни кӯдакону наврасон роиҷ ва маъмул мебошанд. Муаллифи Halva.tj дар бораи ин бозиҳо нақл намуд.

Тухмҷанг


Тухмҷанг яке аз бозиҳои машҳури анъанавии бачагон буда, дар ҷашнҳои Наврӯз, Қурбон ва Фитр бо тухми пухтаи мурғ бозида мешавад. Бачаҳо тухмҳоро нӯг ба нӯг мезананд, тухми кадоме, ки тухми дигареро шикаст, он тухми шикастаро моли худ мекунад. Дар охир тухми яке аз бачаҳо пирӯз шуда, ҳамаи тухмҳои дигаронро ба шикаст мерасонад ва аз они худ мегардонад.

Ҳавзак-ҳавзак  

Як навъ бозиест, ки онро калонсолон бо мақсади хушҳолӣ кардан бо кӯдакони хурдсол мебозанд. Дар хона падар, модар, модаркалон ё яке аз аъзои оила кафи дасти кӯдаки 1-2 соларо боз намуда, ангушти ишоратиашро дар кафи кӯдак чарх занонида, таронаи «Ҳавзак»-ро мехонад ва ангуштакони ӯро ба кафаш як-як қат кардан мегирад. “Ҳавзак, ҳавзак, гирдакош сабзак. Ору биёд, об хӯрад, Оҳу биёд, об хӯрад...” Чун навбат ба ангушти хурдӣ расид, падар номи кӯдакро гирифта, бо овози баландтар: «Эй ба ин майдаҳак шӯрбо нарасид»- гӯён дасташро ба ҳаво бардошта, «Ҳӯ-лӯ-лӯ, барги каду», «Ҳӯ-лӯ-лӯ, барги каду»-гӯён ҳамин ибораро се бор такрор мекунад. Кӯдак аз ин ҳолат завқ бурда механдад.

Буҷулбозӣ


Буҷулбозӣ намудҳои зиёд дошта, он бо буҷул – қисме аз устухони пойи гӯсфанд ё буз бозида мешавад. Пас аз ба замин партофта шудани буҷулҳои бозигарон вобаста ба тарзи истодани онҳо, ки асп, хар, пукка ва чикка меноманд, яке аз бозигарон ҳуқуқи шурӯъ кардани бозиро ба даст меорад ва ба нишон гирифта задани буҷули ҳарифон мекунад. Шахси мағлуб ё буҷули худро ба ғолиб медиҳад ва ё ӯро ба пушташ савор карда як масофати кӯтоҳро тай мекунад.

Қолбозӣ, шалоқак, ҷизнибозӣ


Бозии анъанавии духтарон буда, бештар дар фаслҳои гарм дар майдонча ва роҳравҳо барпо мешавад. Шумораи бозигарон аз 2 то 8 нафар буда метавонад. Барои бозӣ ҳар кадом духтарон яктоӣ сангҳои гирду ҳамвор мегиранд, ки он “қол“ ё “лап” ном дорад. Дар замини ҳамвор катакчаҳо мекашанд ва бо навбат хоначаҳоро якпоя ҷаҳида мегузаранд. Хоначаро ба чор катаки хурдтар ҷудо мекунанд ва ба онҳо бо тартиб рақам мегузоранд.

Камонварӣ


Камонварӣ яке аз навъҳои машҳури варзиши миллӣ буда, таърихи қадимӣ дорад. Асбоби асосии ин навъи варзиши камони суннатӣ мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрушакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё фулузоти ранга оро медиҳанд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месозанд.

Чормағзбозӣ

Чормағзбозӣ бештар дар фасли тирамоҳ, дар айёми пухтани чормағз ва пас аз он баргузор мешавад. Онро писарони аз 7 то 18-сола, баъзан ҷавонони калонтар низ бозӣ мекунанд. Навъҳои гуногуни чормағзбозӣ вуҷуд дорад. Масалан, “қуббабозӣ”, “чорпай”, “зангул” ва ғ. Тибқи қоидаҳои бозӣ, шахсони ғолиб чормағзҳои бозигари мағлубро аз худ мекунанд.

Чиликдангал


Барои бозӣ ду чӯб, яке 30-40 см (ченчӯб) ва дигарӣ кӯтоҳтар 15-20 см лозим аст. Дар замини ҳамвор давраи диаметраш 1,5-2 метра мекашанд. Бозигари якум ё дастаи якум дар дохили давра истода, чӯбчаро бо чӯби калон ба масофаи дур мезанад. Аз он ҷое, ки чӯбча афтод, ҳарифон чӯбчаро гирифта, ба даруни давра ҳаво медиҳанд. Бозигари даруни давра саъй мекунанд, ки бо чӯби калон зада чӯбчаро аз хатти давра дур кунад. Ба қадди чӯби калонӣ масофаи аз хатти давра то ҷойи афтидаи чӯбчаро ҳисоб мекунанд. Агар ҳарифон чӯбчаро тавонистанд, ки ба давруни давра партоянд, он гоҳ ҷойҳо иваз мешаванд. Касе, ки холҳои бештар гирифта, аз марра гузашт, ғолиб дониста мешавад. Ғолибон мағлубонро бо як тарзи “зу-у-у” гуфта, бо давонидан ҷазо медиҳанд.

Арӯсбозӣ, арӯсбиёрак

Як навъ бозии маъмули духтаракони хурдсол буда, дар боғ ё ҳавлӣ баргузор мегардад. Яке аз духтараконро ҳамчун «арӯс» интихоб карда, ба ӯ либосҳои тоза мепӯшонанд ва ба сараш рӯймоли калон меандозанд. Ду-се нафари дигар нақши меҳмононро бозӣ мекунанд, ки як-як ба арӯсхона медароянд. Яке аз духтарон доира менавозад ва дигарон бо навбат аз ҷой хеста мерақсанд.

Байтбарак


Як нафар аз иштироккунандагон байте мехонад, ҳариф ё ҳарифон (агар байтбарак гурӯҳӣ бошад) дар ҷавоб бояд байте бихонанд, ки бо ҳарфи охирини байти хондаи бозигари якум оғоз ёфта бошад. Дар байтбарак касе ғолиб шумурда мешавад, ки ба байти гуфтааш ҳариф ё ҳарифон ҷавоб додан натавонанд. Байтбарак аз қадимулайём то имрӯз дар миёни мардуми тоҷик роиҷ аст. Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ (дар дарсҳо, маҳфилҳои адабӣ, рӯзҳои ҷашн, махсусан, иди Наврӯз) мусобиқаи байтбарак баргузор мешавад.

Хурӯсҷанг


Хурӯсҷанг дар шакли намоишӣ ва мусобиқавӣ дар ҷашнҳои Наврӯз, сайрҳои баҳорӣ ва баъзе маъракаҳои халқӣ баргузор мегардад. Мусобиқаи хурӯсҷанг дар майдонҳои кушод мегузарад. Ду нафар довталаб хурӯсҳои худро дар майдон сар медиҳанд. Хурӯсҳо ба якдигар бар хӯрда, ба қафаси синаашон якдигарро мезананд. Ҳамон хурӯсе мағлуб шуморида мешавад, ки рӯ ба гурез ниҳад. Соҳиби хурӯси ғолиб бо мукофот табрик карда мешавад.

Тутикал

Ин бозиро бештар бачаҳои синни то 15-сола иҷро менамоянд, ки ташкили бозӣ аз гурӯҳи бачаҳо иборат буда, 10-12 нафарро дарбар мегирад. Аз рӯйи фаслҳои сол дар тобистон гурӯҳи бачаҳо дар дашт ё ин ки дар майдончаи варзишӣ бозии мазкурро иҷро менамоянд. Як мавзеъро интихоб намуда, дар рӯйи замин мобайни давраро муайян карда, заминро каме чуқурча карда, чӯби дарози калтакмонандеро рост гузошта, гирдашро мустаҳкам менамоянд. Дар нӯги чӯб тоқиро гузошта, ба шакли давра ҳар ду пойҳояшонро ба пеш дароз карда мешинанд. Яке аз иштирокдорони фаъол бо суруд бозиро шурӯъ намуда, ҳангоми бо ҳиҷо ва оҳиста хондани матни суруд ангушти ишоратиашро ба болои пойи ҳар як иштирокдор расонида, давр задан мегирад. Дар болои пойи касе аз бозигарон тарона ба охир расад, пойҳояшро ба қафо кашида, аз давраи бозӣ мебарояд. Ҳамин тариқ, матни суруд чанд маротиба такроран хонда мешавад. Ширкаткунандагон ба навбат аввал як пояшонро ва баъдан пойи дигарашонро гирифта, аз бозӣ мебароянд. Шахси охирмонда мағлуб дониста шуда, дар назди чӯби давра барои ҳимояи тоқии сари чӯб посбон мешавад. Агар нафаре аз бозигарон тоқиро аз посбон гирифта тавонаду гурезад, боз шахси посбонбуда мағлуб ҳисоб шуда, такроран посбон мемонад.

Тути кал,

Тутмони кал.

Панҷа парешони шакар,

Ҳафтодро ҳаштодро.

Мех мехи оҳанӣ,

Силсиламоҳ кулча биёр,

Аз даҳони мурча биёр.

Андар кашу,

Мандар каш.

Дасту пои чапу ростро каш,

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед