Ru  | Tj
Бунгоҳи фарҳангию маърифатии «Созидание» дар шаҳри Турсунзода дусола шуд
Бунгоҳи фарҳангию маърифатии «Созидание» дар шаҳри Турсунзода дусола шуд
Акс: Sputnik

Бунгоҳи фарҳангию маърифатии «Созидание» дар шаҳри Турсунзода дусола шуд

Нашр шуд

Рӯзи 28-уми апрел бунгоҳи фарҳангиву маърифатии русии «Созидание» дар шаҳри Турсунзода дувумин солгарди таъсиси худро таҷлил кард. Дар ин маросим сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, масъулини ҳукумати шаҳри Турсунзода, ширкати алюминийи тоҷик «ТАЛКО», ҳайати фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, намояндагони созмонҳои собиқадорони ҷангу заҳмат ва сокинони шаҳри Турсунзода ширкат карданд.

Сафари Русия Семён Григорев бо таъкид бар аҳамияти бунгоҳи мазкур барои сокинони шаҳри Турсунзода зикр кард, ки таъсиси бунгоҳи «Созидание» натиҷаи ҳамкориҳои судманди Русия ва Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи Григорев, дар ҳеч яке аз кишварҳои пасошӯравӣ ба мисли Тоҷикистон бо забони русӣ хуб ҳарф намезананд. «Ончи дар тӯли 30 сол таҳти роҳбарии раисҷумҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои Русия ва дӯстии мо дастоварди бузург аст», - таъкид кард ӯ.

Сафири Русия дар идома гуфт, ки беш аз 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекунанд. Григорев ҳамчунин аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва се намояндагии донишгоҳҳои бузурги кишвараш дар Душанбе ёдовар шуд.

Семён Григорев изҳори итминон кард, ки ҳамаи ин имкон медиҳад, то ҷавонони имрӯза таҳсилоти хуб бигиранд ва бо бунёди корхонаҳои саноатии муосир ва пешрафта дар Тоҷикистон ҷойҳои корӣ таъсис бидиҳанд.  

Бояд гуфт, ки барои таъсиси Бунгоҳи фарҳангию маърифатии Русия дар шаҳри Турсунзода дар баробари дастгирии мақомоти шаҳри Турсунзода ва ширкати алюминийи тоҷик «ТАЛКО» ҷониби Русия 2 млн доллар сармоягузорӣ кард.

Соли 2023 бинои дуошёнаи Бунгоҳи фарҳангию маърифатии «Созидание» таъмир карда шуд, ки дар он барои бачагон ва калонсолон дарсҳои мусиқӣ, забони русӣ, адабиёт, риёзиёт, рассомӣ, дӯзандагӣ, синфи роёнаӣ, толори хор, рақс ва синамову консерт ташкил карда шуд.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед