Ru  | Tj
«Чаккаи тоҷикӣ»: Онро чӣ гуна тайёр намуда ва бо чӣ истеъмол мекунанд?
«Чаккаи тоҷикӣ»: Онро чӣ гуна тайёр намуда ва бо чӣ истеъмол мекунанд?
Аксҳо: Интернет

«Чаккаи тоҷикӣ»: Онро чӣ гуна тайёр намуда ва бо чӣ истеъмол мекунанд?

Нашр шуд

Чӣ гунае, ки медонем, шир маҳсулоти зудвайроншаванда мебошад. Аз ин рӯ, барои дуру дароз нигоҳ доштани хосиятҳои шифобахшии он, мардум дастурҳои гуногунро пешниҳод кардаанд.

Яке аз чунин маҳсулоти ошхонаҳои миллӣ ин “чакка” мебошад, ки онро дар шимоли Тоҷикистон “сӯзма” низ мегӯянд. Чакка маҳсулоти шириест, ки таъми турш дорад. Онро метавонед, ҳам танҳо бихӯред ва ҳам ҳамроҳ бо хӯришу хӯрокҳои гуногун. Дар кадом хӯрок ва чӣ гуна истифода намудани чакка ба ҳунару истеъдоди кадбонувон вобаста аст. Аммо бояд гуфт, ки ошхонаҳои тоҷикиро бе чакка тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Чакка бо сабзавот

Чакка бо сабзавот

Таъми чакка на танҳо ба мардуми тоҷик, инчунин ба хориҷиёне, ки ба ин кишвар меоянд, писанд аст. Гумон мекунам, имрӯз на ҳама дар бораи тарзи тайёр намудани он маълумот доранд. Дастури омода намудани он хеле оддӣ аст. Чакка аз ҷурғот ва ё қатиқ (кефир) омода мешавад. Пас аз он, ки мо ҷурғотро омода кардем, онро ба латта андохта, дар ҷойе овезон мекунем. Дар деҳот онро дар шохи дарахт меовезанд ва ба зери халта зарферо мегузоранд, то оби ҷурғот чакида ба он бирезад. Пас аз 8-10 соат оби он пурра рафта ва чакка омода мешавад. Ҳамчунин, метавонед мувофиқи таъб ба он намак низ илова кунед.

Чакка дар шаклҳои гуногун дар хони тоҷикон намудор мешавад:

Чакка бо кабудӣ. Шаклҳои гуногуни кабудӣ: пиёзи сабз, гашнич, шибит, пӯдина ва райҳонро майда реза намуда, онро бо чакка омехта мекунем. Хӯриши омодашударо ба зарфе андохта, болои онро бо кабудии дилхоҳ - шибит, гашнич ва ё пӯдина оро медиҳем.

Чакка бо сабзавот. Мо помидору бодрингро дар шакли чоркунҷа ва қаламфури булғорию карамро дар шакли дарозрӯя майда карда реза мекунем. Сипас, чаккаро дар зарфи алоҳида гирифта, ба он каме об илова мекунем ва бо қошуқ обу чаккаро дуруст ҳал мекунем. Сабзавоти резакардашударо ба зарф гирифта, аз болои он чаккаи омодакардаамонро мерезем ва мувофиқи хоҳиши худ онро бо кабудӣ оро медиҳем.

Чаккаи хушк - қурут. Қурутро ҳамагон дӯст медоранд. Дар сурати дуруст нигоҳ доштани қурут, таркиби он ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад. Бо вуҷуди ин, таъми лазизу ғайриоддии қурут имкон намедиҳад, ки он дар хонаҳои тоҷикон дуру дароз нигоҳ дошта шавад. Бӯйи махсуси он, ҳам калонсолон ва ҳам кӯдаконро водор мекунад, то онро зуд бихӯранд.

Курут шаклҳои гуногун дорад: гирда, силиндрӣ, шакли пирамидавӣ, гулбарг бо хатҳои рост ва шакли мавҷи дарё. Дар байни онҳо, навъи маъмултарини он, курути мудаввар мебошад. Аз нигоҳи мардум, қурути лазизтарин “Қурути Мастчоҳ” аст, ки дар саросари Тоҷикистон машҳур гардидааст.

Чаккаи хушк - қурут

Чаккаи хушк - қурут

Тарзи омода намудани қурут хеле содда мебошад. Мо чаккаро намак намуда ва онро ба гирдачаҳои хурд-хурд тақсим намуда, сипас дар кафи ду даст тоб медиҳем, то он шакли доираро ба худ гирад. Қурутро ҳар шахс метавонад ба шакли хости худ: секунҷа, гирд, силиндрӣ ва ғайра омода кунад. Сипас, онро дар офтоб ба мӯҳлати 4-5 рӯз мехушконанд. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон барои боз ҳам хуштаъм шудан, ба он қаламфури хушки майда ва кабудиҳои хушки майдашуда илова мекунанд. Дар фасли зимистон ҷойи чаккаро дар дастурхони мардуми тоҷик қурути хушк иваз мекунад. Қурутро 3-4 соат дар оби гарм тар карда, онро дар табақи чубин бо кафи даст молиш медиҳанд. Дар натиҷа боз чакка омода мешавад. Аз оби қурут хӯроки дигари миллии тоҷикӣ - қурутоб омода мешавад. Қурутоб хӯроки дӯстдоштаи мардуми ҷануби Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин, чаккаро дар дигар таомҳои милии тоҷикӣ: оши бурида, оши тупа, биринҷоба, умоч, хӯрокҳои бирёнӣ ва гӯштӣ истифода мекунанд. Чакка дар ошхонаи мардуми тоҷик ҷойи махсус дорад.

Чакка

Чакка

Бояд гуфт, ки чакка дар баробари маҳсулоти лазиз буданаш, инчунин хусусияти табобатӣ низ дорад. Олимон муайян кардаанд, ки маҳсулоти ширии турш (чакка) нисбат ба худи шир дар организм зудтар ҳазм мешавад. Чакка ҳангоми ворид шудан ба меъдаи инсон афшӯраҳои ҳозимаро талаб намекунад. Аммо ҳангоми ворид шудани шир ба меъда ин чиз ба назар мерасад. Масалан, шир як соат пас аз истеъмол дар меъда 32% ва маҳсулоти ширии турш (чакка, ҷурғот) 91% ҷаббида мешавад. Маҳсулоти ширии турш (чакка) аз он ҳисоб парҳезӣ ва шифобахш аст, ки дар он ба таври мустақим кислотаи ширӣ ва миқдори зиёди бактерияҳои кислотаи зинда, инчунин моддаҳои антибиотик мавҷуд аст.

Чаккаро барои табобати бемориҳои системаи ҳозима, сил, норасоии калтсий дар бадан ва ғайра истифода мебаранд.

Хулоса, чаккаи тоҷикӣ, на танҳо маҳсулоти болаззат, балки хеле фоидабахш низ аст.




Saliheen - як хатбар ва инсонҳои зиёди хайрхоҳ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед