Ru  | Tj
Далелҳои ҷолиб аз Бозиҳои XIII-и зимистонаи паралимпии Пекин-2022
Далелҳои ҷолиб аз Бозиҳои XIII-и зимистонаи паралимпии Пекин-2022
Аксҳо: Аз интернет

Далелҳои ҷолиб аз Бозиҳои XIII-и зимистонаи паралимпии Пекин-2022

Нашр шуд

Пас аз анҷоми Бозиҳои зимистонаи Олимпии Пекин-2022, Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ оғоз гардид. Мусобиқаи мазкур аз 4-ум то 13-уми март давом ёфта, варзишгарон барои касби медалҳо миёни ҳам рақобат намуданд. Пеш аз маросими ифтитоҳи Олимпиада гузашти ҳайати мунтахабҳои ҷаҳон бо бардоштани парчамҳояшон, ки 46 мамлакати ҷаҳонро дар бар мегирифт баргузор гашт.


Мо дар матлаби зер шуморо бо чанде аз далелҳо ва лаҳзаҳои ҷолиб ва парчамбардорони муваффақи олимпиада, ки ливои меҳани худро дар гузашти паралимпии Пекин -2022 болои сар кардаанд, огоҳ месозем.


1.          Дар таърихи бозиҳои Олимпии зимистона бори аввал дар Бозиҳои XIII-и зимистонаи паралимпии Пекин-2022 барфҳое, ки барои гузаронидани бозиҳо истифода мешаванд, ба таври сунъӣ сохта шуданд. Барои тавлиди барфҳои майдони варзишӣ 185 миллион литр об лозим омад. Тибқи гуфтаи истеҳсолкунандагони барф, ҳаҷми воқеии он тақрибан 10 маротиба бештар аст.

2.          Пойтахти Чин аввалин шаҳрест, ки ҳам бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи паралимпиро мизбонӣ мекунад ва машъали бозиҳои зимистонаи Паралимпии соли 2022 мероси ғании олимпии Пекинро нишон медиҳад.


3.          Дар ин мусобиқа прасноубординг ҷавонтарин намуди варзиш эълон шуд.

4.          Варзишгар Ден Кноссеннии амрикоӣ дар Олимпиада аз намуди лижаронии кросс ва биатл қувваозмоӣ кард. Ӯ соҳиби шаш медали паралимпӣ аст: як тилло, чаҳор нуқра ва як биринҷӣ. Кноссен дар ҳайати артиши Амрико хизмат мекард ва соли 2009 пас аз як таркиш дар Афғонистон ҳарду пояш бурида мешавад.


5.          Лижарони украинӣ Оксана дар натиҷаи таъсири радиатсионии Чернобил бо нуқсонҳои сершумори дасту пойҳо таваллуд шудааст. Пас аз ин падару модараш ӯро дар хонаи кӯдакон мегузоранд. Дар синни ҳафтсолагӣ Гей Мастерси амрикоӣ ӯро ба ватанаш мебарад. Вай дар Олимпиада шарафи мунтахаби Амрикоро ҳимоят кард.

6.          Бозиҳои паралимпии Пекин барои дарвозабони Чех Михаил Вапенка охирин олимпиада буд. Ӯ аз соли 2010 инҷониб дар ҳамаи бозиҳои паралимпӣ иштирок намудааст. “Ман ба варзиш машғул шудам, то нишон диҳам, ки шахси маълул чӣ кор карда метавонад”, - гуфт дар мусоҳибааш бо IPC.

Чун анъана гузашти варзишгарон аз рӯи алифбои забони мизбони мусобиқа баргузор карда мешавад. Тибқи нақша маросими ифтитоҳ аз давлати шоҳигарии Белгия оғоз гардида, бо гузашти варзишгарони мизбон ба охир расид.


Дар инҷо мо аз тарҷумаи ҳоли аҷиби парчамбардорони панҷ давлат баъзе далелҳои муҳимро пешниҳоди Шумо менамоем.

1. Ба феҳристи аввал ду ҷуфти варзишгар аз ИМА дохил мешаванд.

Данелл Амстед ва Тайлер Картер аз миёни 67 варзишгари ИМА ба ҳайси парчамбардори бозиҳои зимистонаи Паралимпии соли 2022 интихоб гардиданд. Данелл Амстедро дар ин гузашт шавҳараш Роб Амстед ҳамроҳӣ кард. Онҳо ягона ҷуфти оиладор дар даста буда, аз соли 2008 якҷоя ба конкибозӣ машғуланд. Барои Данелл, ин чаҳорумин Бозиҳои паралимпӣ мебошад, ки ширкат меварзад. Ӯ аз ин навъи варзиш дорандаи се карат медали биринҷии занони дорои нуқсони биноӣ дошта мебошад.

"Ман бисёр дар ҳайрат будам. Онҳо кори аҷибе карданд, вақте шавҳарамро бо ман ҳамроҳ намуданд. Ӯ ҳамеша дар паҳлӯи ман буд ва ба ман нерӯ мебахшид. Ин як шарафи бузург аст”, - гуфтааст варзишгар. 

Тайлер Картер бошад, бори дуюм аст, ки дар бозиҳои паралимпӣ ширкат мекунад. Ҳоло ӯ дар осорхонаи олимпӣ ва паралимпии ИМА кор мекунад.


2. Дар ҷойи дуюм, Ҷакомо Бертанолли варзишгар аз кишвари Италия меистад.

Ҷакомо Бертанолли қаҳрамони дукаратаи паралимпӣ аст, ки дар Бозиҳои охирини зимистона дар Пхёнчхан дар категорияи маълулон медалҳои тилло ба даст овардааст. Вай бо ҳамроҳии роҳбалад ва дӯсти мактабиаш Фабрисио Козалем аз варзишӣ слалом байни мардон ва гигант слалом ғолиб омад. Ӯ аввалин унвони ҷаҳонии худро дар Тарвисио - Италия дар соли 2016-2017 ба даст овардааст. Дар ин бозиҳо ӯ ба Андреа Равелли, ки аз худаш ҳафт сол калонтар аст, ғолиб омад.

3. Интихоби Бенҷамин Давиен ба ҳайси парчамбардори бозиҳои паралимпии Фаронса дар маросими ифтитоҳи Пекин-2022 арҷгузорӣ ба касби ӯ мебошад. Ӯ аз варзиши парабиатлон ва лижаронӣ баромад намуд. То ин замон аз ин намудҳои варзиш 19 медал дар қаҳрамониҳои ҷаҳон ба даст овардааст. Қатори варзишгарони паралимпӣ иштирок доштани ӯро сабабе аст. Ҳаёти Даве дар моҳи июли соли 2006 ба кулли тағйир ёфт. Ӯ дар синни 17-солагӣ ба садамаи автомобилӣ дучор шуд, ки дар натиҷа зонуи чапаш шикаст. Пас аз ҷарроҳӣ ӯ ба беморие гирифтор шуд, ки дигар пойи чапаш ҳаракат намекард.


4. Энрике Планти 39-сола парчамбардори кишвари Аргентина буд. Ӯ аз синни 11-солагӣ бо аробачаи маъюбӣ ҳаёти худро ба варзиши лижаронӣ пайваст месозад. Лижарони аргентинӣ инчунин мехоҳад, бо ҳамаи маҳдудиятҳое, ки варзишгарони маълул доранд, мубориза барад. Дар ин роҳ ӯро дӯстдоштааш, Триана Серфати ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо 10 сол аст, ки бо ҳам якҷо зиндагӣ мекунанд.

5. Кишвари Канадаро дар ин мусобиқа парчамбардорон Айна Форрест ва Грег Уестлейк муаррифӣ намуданд. Инҳо ҷуфти муваффақи паралимпӣ мебошанд. Форрест барандаи медали секаратаи паралимпӣ аз намуди кёрлинг дар аробачаи маъюбӣ аст. Уестлейк яке аз хокейбозони серҷоизатарини Канада мебошад. Онҳо то ба ин мусобиқа расидан, бо душвориҳои зиёд пандемияи COVID-19-ро паси сар намуданд. Грег Уестлейк пеш аз муаррифии кишвараш ба рӯзноманигорон чунин гуфт:

“Мо метавонем дурӯғ гӯем ва бигӯем, ки ин тавр набуд, аммо яке аз мушкилоти бузургтарини ин бозиҳо танҳо ворид шудан ба он буд. Вале ман он ҳама мушкилоте, ки бо бемории COVID-19 доштам, гузаштам ва имрӯз бениҳоят ифтихор дорам. Ман интизор шуда наметавонам, мехоҳам ки ҳозир ба майдон бароям”


Пас аз даҳ рӯзи рақобатҳо Бозиҳои XIII-и зимистонаи паралимпӣ ба охир расид. Давоми ин рӯзҳо лаҳзаҳои афтодану хестанҳо ва бохту пирӯзиҳоро варзишгарон аз сар гузарониданд. Мунтахаби Чин дар маҷмӯъ бо касби 61 медал дар ҷадвал садрнишин гардид. Мунтахаби Украина бо ба даст овардани 29 медал соҳиби ҷойи дуюм ва мунтахаби Канада бошад бо касби 25 медал ҷойи сеюмро аз они худ карданд.



Филми “9 далел барои зистан” ба башарият чӣ паёме дорад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед