Ru  | Tj
“Дар бораи пул”. Барои муваффақ шудан чӣ гуна бо пул бояд муносибат кард?
“Дар бораи пул”. Барои муваффақ шудан чӣ гуна бо пул бояд муносибат кард?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

“Дар бораи пул”. Барои муваффақ шудан чӣ гуна бо пул бояд муносибат кард?

Нашр шуд

Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши омӯзишии “Дар бораи пул” баргузор гардид. Онро ширкати навтаъсиси “Пул” бо шиори “ПУЛ – Сарфакор бош! Ба нақша гир! Пасандоз намо!” роҳандозӣ кард. Дар доираи ҳамоиш аз сӯйи чанде аз чеҳраҳои муваффақ, ки дар самти бадасторӣ, нигоҳдорӣ ва харҷшавии пул таҷрибаи калон доранд, суҳбати омӯзанда гузаронида шуд.

Муаллифи Halva.tj дар ин маърака ширкат варзида, аз суҳбати меҳмонон, ки таҷрибаи ҳаётиро нақл карданд, баҳравар шуд ва нуктаҳои муҳимро сабт кард.

- Бархе мегӯянд, ки пули бисёр дарди сар аст. Гурӯҳи дигар, бахусус, ҷавонҳо бар ин назаранд, ки мушкилии асосӣ дар набудан ё камии пул аст. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳоли зиёд будани пул низ як гурӯҳ одамон наметавонанд сатҳи зиндагии худро хубтару беҳтар кунанд. Шояд ба ин хотир, ки танзим ва идораи пулро наомӯхтаанд. Сарфакорӣ ва беҳудахарҷӣ кадом мушкилотро ба бор меорад. Тасмим ва қарори дурусти вобаста ба пул замина фароҳам меорад, ки ояндаи зиндагии шумо ба таври мусбат шакл гирад. Аслан, ба пул чӣ гуна муносибат бояд кунем? Фурсати он расидааст, ки дар ин бора фикр кунем”, - гуфт дар оғоз муҷрии маърака Субҳон Ҷалил ва нахустин шуда аз ҳаёти худ қисса кард.

 

“ПУЛИ ВОЛИДОНРО БО ҲАДАФ САРФ МЕКАРДЕМ”


Субҳон Ҷалилов, журналист, ровӣ, соҳибкор:

- Маро баъди хатми мактаб ба артиш набурданд. Чун синнам мувофиқ набуд. Аз ин рӯ, ҳамроҳи як ҳамсабақам, ки ӯро ҳам ба хидмат нагирифтанд, роҳи даромадро ҷустем. Дар як кунҷи шуъбаи фарҳанг биноеро иҷора гирифта, қаҳвахона фаъол намудем. Дар онҷо нӯшоба, хӯрокҳои гарм ва хӯришҳо омода мекардем. Мизоҷон доштем. Пули аввалини коркардаам аз ҳамин ҷо буд. Он вақт миёнаи солҳои 90-ум буд. Гардон кардани кор ва пул ба даст овардан хеле душвор буд. Барои ба Душанбе омада, маҳсулоти лозимӣ гирифтан аз чанд дидбонгоҳҳо мегузаштем. Аслан, вақте 18 сола шудам, шарм медоштам, ки аз волидон пул гирам. Аз ҳамин ҷиҳат, ҷамъ ва идора кардани пулро барвақт сар карда будам. Волидон ҳам дар бораи пул ва сарфакорӣ бисёр суҳбат намекарданд. Чун доираи тасаввуроташон доир ба пулу иқтисод на он қадар фарох буд. Бо амри тақдир ба факултаи физика дохил шудам. Замони даонишҷӯйӣ харҷ зиёд буд. Ба хотире, ки манзили иҷораи мо арзонтар бошад, дар яке аз маҳаллаи шаҳркаи Гипрозем, ки ба бозор наздик аст, зиндагӣ кардем. Таҷрибаи ҷамъ кардани пулро доштем, аз ҳамин рӯ, нисбатан ба дигар ҳамсабақон сарфакортар будем. Орд мехаридем, нон мепухтем. Ман то ҳол тоба кекс (нони қандини мавиздор) пухта метавонам. Барои кам шудани харҷ маҳсулоти хӯрокворӣ харида, ғизо ҳам мепухтем. Бо пули волидон фақат ғизо, роҳкиро ва дафтару китоб мехаридем. Дигар харҷу масрафро ба худ иҷозат намедодем. Вақте ба мо – донишҷӯён пешниҳод карданд, ки ба маҳфили “Таъмири радиову телевизор” аъзо шавем, аксарият рад кардем. Чун ҳавобаландона мегуфтем, ки муҳандис мешавем, на усто. Маърифати молии кофӣ надоштем, ки тасмими дуруст гирем. Мо намедонистем, ки усто нашуда, муҳандис намешавем. Баъзе аз ҳамсабақон, ки узви маҳфил шуда буданд, дар Ҷопону Малайзия муваффақтарин муҳандис шуданд. Бале, дилхоҳ корро аз як чизи хурд шурӯъ кардан дуруст аст. Хонишу омӯзишро дар мадди аввал гузошта, боз барои фарох шудани сатҳи фаҳмиш аз пешхидмат, мушовири мағозаҳои калон ва посбон шудан шарм накунед.

 

“ПУЛИ ҲАЛОЛ ЁФТАН БАРОЯМ ХУРСАНДӢ БУД”


Мавзуна Чориева, варзишгар, дорандаи нишони бозиҳои олимпӣ:

- Падар дар зиндагиям нақши зиёд дошт. Баъд аз 6-солагӣ худро шинохтам. Дар 19-солагӣ соҳиби нишони бозиҳои олимпӣ шудам. То ба чунин натиҷа расидан як қатор мушкилиҳоро паси сар кардам. Вақте барои тамрини куштиву муштзанӣ ба толори варзишӣ рафта будам, пул пурсида буданд. Мехостам, ки бо пули худам харҷи ба варзиш лозимиро пардохт кунам. Бинобар ин бо падару модар маслиҳат карда, нонфурӯшӣ карда будам. Модар нон пухта медод, ман дар бозор мефурӯхтам. Пас аз чанд вақт ба таблакфурӯшӣ низ сар кардам. Падарам кулолгари хуб буд, аз уҳдаи таблаксозӣ ҳам мебаромад. Ҳамин тариқ, пули ба варзиш лозимиро худам кор мекардам. Пойпӯши варзишиям тез-тез корношоям мешуд. Тасмим гирифтам, ки пойафзордӯзиро ҳам ёд гирам. Кафшдӯзиро ҳам бо гузашти чанд вақт ёд гирифтам. Бароям пули ҳалол ёфтан, хурсандӣ буд. Варзиш бе пул намешавад, ҳамзамон, дар ин самт қувва дар мадди аввал меистад, баъд сармоя. Солҳо гузашт. Дар мусобиқаҳои сатҳи баланд пул лозим буд. Шахсони дигаре буданд, ки кӯмак мекарданд. Пасандози худро низ сарф мекардам. Дар маҷмӯъ, ба 100 давлат сафар доштам ва дар таҷрибаам 280 рақобат аст, ки аз ин фақат 2 мағлуб асту халос. Ба ҷавонҳои имрӯза мегӯям, ки пеш аз ҳама мухлиси кори худ бошед. Агар ба касб ошиқ набошед, пас аз ин роҳ баргардед. Бовар дорам, ки фарзандони ман низ баробари калон шудан хоҳанд донист, ки пул чӣ аст ва чӣ хел онро харҷ кардан лозим.

 

“ДОШТАНИ НАҚШАИ ХАРОҶОТ МУҲИМ АСТ”


Таҳмина Баҳрона, мудири кулли “Атлас таксӣ”:

- Падарам иқтисоддони беҳтарин буд. Дар оила интизоми истифодаи пул ҷорӣ буд. Ҳар рӯз аз мо пурсиш мекард, ки чӣ гуна пулро сарф кардем. Вақте соҳиби оила шуда, фарзанддор шудам, чунин хислати падарам лозим шуд. Ёд дорам, ки музди аввалинам хеле хурд буд. Лекин бо дуруст ба роҳ мондани тартиби воридшавӣ ва харҷшавии пул моҳонаро дуруст сарф карда метавонистам. Пас аз 16 соли оиладорӣ оилаам вайрон шуд ва бо сабабҳои зиёд бо 3 кӯдак бехона мондам. Масъалаи вазнини харидани хона пеш омад. Пас аз 9 соли ҷамъоварию сарфакории пул дар Душанбе соҳиби хона шудам. Агар дониши идора кардани пул ва малакаи тартиб додани нақшаи харҷи пулро ёд нагирифта бошам, шояд соҳибхона намешудам. Ростӣ, 9 сол кори ҳалол кардам, аз бисёр чиз худро маҳрум сохтам. Албатта, падару модар ёрӣ медоданд. Падари дурандешам аз пасондозашон ба ман пул дода буданд. Ман бо пасандози ҷамъкардаам мошине харида, онро чун таксӣ ба нафаре иҷора додам. Мошин 3 сол кор кард. Дар байн пул пасандоз шуд. Пас аз таҷрибаҳои зиёд бо як дӯсти наздик ширкат фаъол намудем. Бо бонкҳо ҳамкорӣ кардему шумораи мошинро зиёд намудем. Нақшаи баргардонии пулро дуруст ба роҳ мондем. Ҳамин тариқ, шумораи мошин афзуд ва кори ширкат барор гирифт. Барои муваффақ шудан иззату эҳтиром кардани волидон, устодон ва ҳар нафаре, ки ба рушд ёфтанатон саҳм гузоштааст, хеле муҳим аст. Гузашта аз ин, бовар доштан ба худ ва нақшаҳо амри зарурист.

 

“БАРОИ РУШДИ БОЗАРГОНӢ МОШИНУ ХОНАРО ФУРӮХТАМ”,


Тоҳир Иброҳимов, тарроҳ, мудири Ҳафтаи муди Тоҷикистон:

- Ман дар мактаб сустхон будам. Аз ҳамон вақт ҳамчун пешдизмат кор мекардам. Ҳамаи маблағам ба дилхушию фароғат сарф мешуд. Фикр мекардам, ки ин хурсандию рақсу бозӣ чизҳои муҳими ҳаёт аст. Баъдан дунболи ҳавас ба Қазоқистон барои таҳсил рафтам. Таҳсилро ба як навъ азоб тамом кардам. Мехондам, аммо аз чӣ бошад, ки ду ҷумла дар сарам намеистод. Фикр доштам, ки шарманда мешавам. Дар яке аз рӯзҳои зебо дар ҳафтаи муди Қазоқистон иттифоқан иштирок кардам. Пас аз он орзуи кӯчаке кардам, ки дар Тоҷикистон низ ҳафтаи муд ташкил мекунам. Пас аз хатми таҳсил дар чанд ниҳоди давлатӣ кор кардам. Аммо “ман”-и худро наёфтам. Дар оғози соли 2019 аз кор рафтам ва ба ҷодаи эҷод рӯ овардам. Бо созмон додани гурӯҳ барои ташкил кардани ҳафтаи муди Тоҷикистон кор кардем. Мо фақат ғояҳои нави марбут ба муд доштем, аммо пул не. Барои пеш рафтани кор мошин ва ҳуҷраи аз бибиям меросмондаро фурӯхтам. Боз қарзҳо гирифтам. Ҳамин тариқ, 8 мавсими ҳафтаи мудро баргузор намудем. Ман мошину хонаамро боз соҳиб шуда, ожонс низ роҳандозӣ намудам. Қариб нисфи ҷаҳонро гаштам ва барои муаррифӣ шудани тарроҳони тоҷик то андозае ҳисса гузоштам. Аммо дар аввал бисёриҳо бовар надоштанд, ки муваффақ мешавам. Дар ин роҳ афтоданҳову дубора хестанҳо низ буд, бе ин намешавад. Ба ҷавонҳои навроҳ мегӯям, ки аз таваккал кардан натарсед, асло маблағҳоятонро зери болин нагузоред, дар бонк монед беҳтар ва амнтар аст.

 

“БАЪДИ МАОШИ АВВАЛИН БА ҚАДРИ ПУЛ РАСИДАМ”


Маҳмудхон Акбаров, ҷавони 21-сола, мутахассиси масоили қарз:

- Ман 21 солам. Овони хурдиям дар ноҳияи Шаҳритӯс паси сар шудааст. Айни ҳол ба ҳайси мутахассиси қарз дар ташкилоти молӣ кор мекунам. Мафҳумҳои сарфакорӣ ва пасандознамоӣ аз замони мактабхонӣ бароям ошност. Чун барои табобати як узви оилаамон пули зиёд лозим буд. Он вақт падарам бинокор буд. Бо пули қарз ба Русия мерафт. Барояш кори хуб ёфтан ҳам душвор буд. Ба ман беҳуда пул намедод. Аз ҳамон вақт сарфа карда, ман қадри пулро медонистам ва онро бомақсад кор мефармудам. Ба ман кори савдо маъқул буд. Аз овони мактабхонӣ сар карда, ба кори савдогарон кӯмак мекардам ва дастмудзи аввалинамро низ аз бозор гирифта будам. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дохил шудам. Дар солҳои аввали донишҷӯйӣ дар хонаи аммаам зиндагӣ мекарадам. Гӯё ба роҳу равиши зиндагӣ бепарво будам, чун аксар вақт хӯроки гарму либоси тоза тайёр буд. Дар соли дуюми таҳсил писари аммаам оиладор шуд. Ман маҷбур ба хобгоҳ кӯчидам. Ин ҷо зиндагӣ маҷбур кард, ки хӯрокпазию либосшӯйӣ ва дигар ташвишҳои рӯзгорро азхуд кунам. Ҳаёти мустақилона барои ман аз хобгоҳ сар шуд. Аввалин коре, ки ба ихтисосам наздик асту ба ивази он пул гирифтам, асло аз ёд намеравад. Барои як маркази тадқиқотӣ пурсишҳои сотсиологӣ гузаронда, ҳисоботи мукаммале омода кардам. Маоши аввал 169 сомонӣ буд. Баъди маош гирифтан қадри пулро амиқтар дарк кардам. Имрӯз низ ҳамчун мутахассиси қарз кор карда, перомуни аҳамияти пул ва дуруст ба кор бурдани он ба дигарон машварат медиҳам.


Дар назар аст, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии атрофи Душанбе низ маъракаи маърифатии “Дар бораи пул” доир шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед