
Дар Душанбе дурнамои таҳсили онлайнии Русия баррасӣ шуд
Нашр шуд
Семён Гиригорев, сафири Русия дар Тоҷикистон итминон дорад, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба таҳсилоти Русия ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад. Дар ин бора ӯ дар як ҳамоиши коршиносон, ки дар дафтари «Российское пространство» баргузор гардид, эълон дошт.
«Таҷрибаи кори ҳаррӯза нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба дарёфти маълумоти русӣ ва таҳсил ба забони русӣ - аз макотиби миёна то олӣ на танҳо коҳиш намеёбад, балки сол аз сол меафзояд. Ҳамоиши имрӯза қадами дигаре дар тақвияти ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи гуманитарӣ мебошад», - баён намуд Семён Григорев.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 11-12-уми апрел дар шаҳри Душанбе мизҳои гирд дар мавзӯи фанновариҳои муосири расонаҳои хабарӣ, тағйирёбии иқлим ва муҳити зист дар Авруосиё баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки созмондиҳандаи ҳамоиши мазкур Маркази иттилоотӣ-таҳлилии омӯзиши равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дар фазои пасошӯравии вобастаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ламоносов мебошад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед