Ru  | Tj
Дар Душанбе Конфронси IX минтақавии ҳамватанони рус дар кишварҳои ИДМ баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси IX минтақавии ҳамватанони рус дар кишварҳои ИДМ баргузор гардид
Аксҳо: Halva.tj

Дар Душанбе Конфронси IX минтақавии ҳамватанони рус дар кишварҳои ИДМ баргузор гардид

Нашр шуд

Дар Душанбе дар бинои намояндагии Россотрудничество Конфронси IX минтақавии ҳамватанони рус аз кишварҳои хориҷии наздик баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 23 нафар намояндагони диаспораи рус аз 12 кишвари минтақа, раҳбарияти кумитаҳои дахлдори Шӯрои федератсия ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия, воҳидҳои Вазорати корҳои хориҷии Россия, Россотрудничество, намояндагони як катор вилоятҳои Россия, муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва коркунони муассисаҳои хориҷии Россия дар ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ифтитоҳи тантанавии конфронс бо суханони Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев оғоз гардид. Сафири Россия зимни суханрониаш таъкид кард, ки вақтхои охир вазъияти байналмилалӣ ниҳоят тезу тунд гаштааст. Бо зуҳури бадбинӣ нисбати миллати рус, ҷомеаҳои хориҷии Россия дар як қатор кишварҳо аз ҷониби неруҳои носолим ҳамчун ҳадаф қарор дода шудаанд, вале чунин ҳолат барои Россия ҷиҳати идома додани роҳи пешгирифтааш монеагӣ эҷод карда наметавонад.

«Пас аз оғози амалиёти махсуси низомӣ, кишварҳои ғайридӯст ба муқобили Россия ҷанги гибридиро оғоз карданд, ки ҳадаф аз он такон додани вазъияти дохилии сиёсии кишвари мо, коста гардонидани иқтисодиёт ва инвизои байналмилалии он мебошад. Ҷамъиятҳои хориҷии Россия дар як қатор кишварҳо дар сафи пеши бархӯрд бо бадбинӣ нисбати миллати рус қарор гирифтаанд», - таъкид кард Сергей Григорев ва афзуд, ки кор бо ҳамватанон яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Россия ба ҳисоб меравад.

Дар Конфронси минтақавии ҳамватанони рус вакилон масъалаҳои ҳамкориҳои башардӯстона дар ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштирокчиён бо маърӯзаҳо, вобаста ба масъалаҳои ҳифзи хотираи таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва тарғиби забони русӣ баромад карданд. Дар назди ҳозирин бо маърӯзаи хеш муовини раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналхалқӣ Баир Жамсуев низ баромад карда, дар бораи ташаббуси Президенти Қазоқистон оид ба таъсиси созмони байналмиллалии таблиғи забони русӣ ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, Шӯрои федератсияҳо ба кӯмак ба диаспораҳои руси бурунмарзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

«Шӯрои Федератсия ба кор бо ҳамватанон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, зеро ин масъала дар самти ҳимояи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои ҳамдиёрони бурунмарзии мо маҳз дар фаъолияти байнипарлумонӣ ва қонунбарорӣ ниҳоят муҳиманд. Бо дарназардошти вазифаҳои дар наздамон гузошташуда ва таваҷҷуҳи Палатаи вилоятҳо ба ҳамватанони бурунмарзиамон гузаронидани чунин чорабинӣ барои мо хеле муҳим аст. Дар ҳолати зарурӣ он бояд барои ворид намудани тағйирот ба қонунгузории амалкунандаи Россия дар қисмати ба ҳамватанони мо дахлдор кӯмак расонад», қайд кард Баир Жасумаев.

Вобаста ба нақши муттаҳидкунандаи Россотрудничество дар мисоли хонаҳои русӣ дар Душанбе ва Хуҷанд, роҳбари ин намояндагӣ дар Тоҷикистон Иван Иванов ибрози ақида намуд. Ба ҳайси мисол, ӯ таҷрибаи бомуваффақияти кор бо ҳамватанони ҷавонро мисол оварда, барои тақвият додани лоиҳаҳои ҷадиди муштарак, барномаҳои табодул ва корҳои фаъоли баъдибарномавӣ дар сатҳи кишвар даъват кард.

Ба ҳайси гардонандаи Конфронс аъзои Шӯрои умумиҷаҳонии ҳамоҳангсозӣ – котиб – ҳамоҳангсози Шӯрои ҳамоҳангсозии ташкилоти ҳамватанони русӣ Ким Виктор баромад кард. Тибқи суханони ӯ, яке аз мавзуҳои асосии конфронс муттаҳид намудани ҳамватанон аз кишварҳои хориҷии наздик дар шароити чолишҳои муосир ба шумор меравад. Вобаста ба масъалаи мазкур намояндаи Қазоқистон Максим Крамаренко суханронӣ карда, оид ба комиссияи махсус, ки дар сохтори Шӯрои умумиҷаҳонии ташкилӣ таъсис дода шудааст, ибрози ақида намуд. Дар баробари ин, мавсуф аз тамоми намояндагони шӯроҳои ташкилии мамлакатҳои хориҷии наздик хоҳиш ба амал овард, то онҳо дар шӯроҳои худ шахси масъулеро таъин кунанд, ки оид ба раванди кор бо ҷавонон, мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда ва пешниҳодҳо, вобаста ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ маълумоти саривақтӣ пешниҳод кунад.

Нотиқи дигар аз Қазоқистон, Наталя Белик дар бораи таъсиси Федератсияи умумиҷаҳонии занони русзабон, ки онро муаррифӣ мекард, сухан ронда, оид ба муҳимияти нақши занон дар равандҳои ҳамгироӣ, инкишофи на танхо ҳамкориҳои гуманитарӣ, балки муколамаи байнифархангӣ ҳамчун унсури дипломатияи халқӣ алоҳида қайд карда гузашт.

«Агар чизе шуниданӣ бошӣ, аз мард бипурс, агар коре карданӣ бошӣ, аз зан бипурс», - бо истинод ба Маргарет Тэтчер дар суханронии худ Наталя Белик оид ба фаъол гардидани тиҷорат ва соҳибкории занон, пешбарии онҳо дар сиёсат, ширкатҳои тиҷоратӣ, мақомоти идоракунӣ ва институтҳои давлатӣ махсусан қайд кард. «Занҳо созмонҳои сершумори ҷамъиятӣ, фондҳо, аз ҷумла бо мақоми байналмилалии муттаҳидкунандаро таъсис додаанд», - таъкид кард Наталя Белик.

Қайд кардан муҳим аст, ки дар кори конфронс ҳайатҳои вакилони Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат доштанд. 

Конфронси IX минтақавии ҳамватанони рус аз давлатҳои хориҷии наздик дар шаҳри Душанбе бори аввал баргузор намешавад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ Конфронси II минтақавии ҷавонони ҳамватанони руси давлатҳои хориҷии наздик баргузор гардид, ки дар он беш аз 40 нафар намояндагони кишварҳои ИДМ ширкат доштанд. Дар вохӯрӣ иштирокчиён масъалаҳои муттаҳидсозии созмонҳои ҷавонони ҳамватанонро баррасӣ намуда, аз таҷриба ва самтҳои фаъолияти минбаъдаи муштарак, аз ҷумла масъалаҳои ҳифзи ҳақиқати таърихӣ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои ИДМ мубодилаи афкор намуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо далели қатъии он аст, ки Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла таъсири мутақобилаи фарҳангӣ – башардӯстонаро тавсеа медиҳанд.

Дар Тоҷикистон диаспораи ҳамватанони рус тамоми шароит барои ҳифз ва рушди ҳувиятро дорад. Дар дастгирии ҳамватанон Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, Хонаи русӣ, Маркази фарҳангию маърифатии русии ҳамватанон, Маркази илму фарҳанги Россия, калисои Свято – Николский ва марказҳою иттиҳодяҳои дигаре, ки аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Россия таъсис дода шуда, дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон фаъолият менамоянд, нақши муҳимро мебозанд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси IX минтақавии ҳамватанони рус дар кишварҳои хориҷи наздик аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии ташкилоти ҳамватанони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорат ва Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Конфронс аз 17 то 18 декабр дар бинои Намояндагии Россотрудничество дар Душанбе баргузор шуда, аз натиҷаи он қатъномаи хотимавии Конфронси IX минтақавии ҳамватанони рус дар кишварҳои хориҷии наздик ба имзо расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед