Ru  | Tj
Дар Душанбе кормандони шаҳрбонӣ (милитсия) бо забони русӣ диктант навиштанд
Дар Душанбе кормандони шаҳрбонӣ (милитсия) бо забони русӣ диктант навиштанд
Акс: halva.tj

Дар Душанбе кормандони шаҳрбонӣ (милитсия) бо забони русӣ диктант навиштанд

Нашр шуд

Соли 2023 дар Тоҷикистон аз ҷониби раисҷумҳури кишвар Соли забони русӣ эълон гардид. Дар ин маврид роҳбари давлат моҳи сентябри соли гузашта дар ҳузури ҳамтои русии худ дар чорчӯби маросими бошукӯҳи ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон хабар дода буд.

  Дар робита ба ин дар кишвар маъракаҳои гуногуни фарҳангию маърифатии вобаста ба забони русӣ баргузор мешаванд. Ташаббуси сарвари кишварро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ дастгирӣ карда, барои кормандони шаҳрбонӣ (милитсия)-и пойтахт дар мавзӯи «Душанбе, ту қалби Тоҷикистонӣ» диктант ба забони русӣ ташкил намуд.

«Ин ҳикояи меҳандӯстӣ дар бораи пойтахти кишварамон буда, зебоию покизагӣ ва ҳамешасабзии онро бозгӯ менамояд. Иқдоми мазкур ба ифтихори Рӯзи пойтахт ва Соли забони русӣ дар ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар имтиҳон беш аз 50 нафар ширкат варзиданд ва бояд муддати 45 дақиқа диктанти кӯтоҳро дуруст ва бидуни хато нависанд», - гуфт Сироҷиддин Шукурӣ, сухангӯйи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи масъулин, аксари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ донандаи якчанд забони хориҷӣ буда, бо русӣ ҳарф зада метавонанд ва фикрашонро низ баён мекунанд. Инчунин дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе давраҳои гуногуни омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил шудаанд, ки кормандон имкони баланд бардоштани сатҳи дониши худро доранд.

«Надонистани забонҳо дар ҷаҳони муосир мушкилзост. Аз ин рӯ мо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ҳамқадами замон бошем. Имрӯз мо сайёҳони зиёд, махсусан меҳмонони Русияро ба кишварамон мутаваҷҷеҳ сохта, бо онҳо ба забони русӣ суҳбат мекунем ва ба саволашон посух медиҳем», - мегӯяд паҳрабон (лейтенанти калони милитсия) Комрон Назаров.

Ба наздикӣ дар Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии забони русӣ баргузор гардид, ки дар он дар баробари мудирону омӯзгорони мактабҳои кишварамон мураббиҳои даъватшуда аз Русия низ ширкат намуданд. Мутахассисон масъалаҳои асосии соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор дода, аз таҷрибаи худ нақл карданд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед