Ru  | Tj
Дар Искандаркӯл бо гардишгарони хориҷӣ
Дар Искандаркӯл бо гардишгарони хориҷӣ
Аксҳо: Аз муаллифи мақола

Дар Искандаркӯл бо гардишгарони хориҷӣ

Нашр шуд

Искандаркӯл ё (мувофиқ ба гуфти тадқиқотчиён) Искодаркӯл минтақаест, ки ҳамеша таваҷҷӯҳи сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб мекунад. Ин кӯл 3,4 км квадратӣ паҳно дошта, дар баландии 2260 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Атрофи кӯл бо қаторкӯҳҳои баланди Ҳисору Фон иҳота шудаанд, ки ба табиати нотакрори ин минтақа ҳусни дигар зам мекунанд. Дар мавсими сайёҳӣ, ки фасли тобистон аст, ҳазорон сайёҳ ба тамошои Искандаркӯл меояд. Новобаста ба он ки тайи ду соли охир бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус сарҳадҳо баста буданд ва то ҳол ин мушкилӣ идома дорад, сайёҳон аз мамлакатҳои гуногун ба ин ҷо сафар мекардаанд. Мувофиқи гуфтаи сокинони маҳаллӣ ва масъулони ҳифзи табиат гарчанде шумораи хориҷиён дар ин муддат андаке кам шуда бошад ҳам, сайёҳии дохилӣ хеле рушд кардааст. Шаҳрвандони кишвар барои тамошои ин гӯшаи зебои диёр аз минтақаҳои гуногун меоянд.


Вохӯрдан бо сайёҳони хориҷӣ ва аз онҳо шунидани тавсифи зебоиҳои Тоҷикистон ҳамеша хушоянд аст. Мо ҳам аснои сафари худ ба Искандаркӯл бо се сайёҳи хориҷӣ рӯбарӯ шудем. Ин сайёҳон – Номмина Скотт аз Англия, Мишел Фахури аз Лубнон ва София аз Фаронса мебошанд. Ҳарсе сайёҳи ҷавон баъди тамошои чанд минтақаи Тоҷикистон ба Искандаркӯл омадаанд. Онҳо ба мо аз таассуроташон дар бораи урфу одатҳои тоҷикон, инсондӯстӣ ва меҳмонавозии халқи тоҷик, таомҳои миллӣ, табиати нотакрор ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар гуфтанд.



Номмина Скотт шаҳрванди Британияи Кабир аст. Ӯ 27 сол дорад ва соҳиби маълумоти олии иқтисодӣ аст. Айни замон дар шабакаи YouTube канали худро дорад ва дар он ҷо барои тамошобинонаш наворҳои гуногун аз мамлакатҳои сафаркардааш мегузорад. Скотт мегӯяд “Дар бораи Тоҷикистон пештар чизе намедонистам, ба ҷуз номаш. Албатта, медонистам, ки чунин як давлате дар харитаи ҷаҳон мавҷуд аст, вале дар бораи халқи он, табиати он ё фарҳангу маданияти он ягон маълумот надоштам”.


Скотт ҳангоми сафараш ба Туркия бо Муҳташам ном ҷавони тоҷик шинос мешавад ва дӯстӣ пайдо мекунад. Муҳташам ба Скотт Тоҷикистонро васф мекунад ва ӯро ба тӯйи хонадоршавиаш даъват менамояд.

“Дӯсти азизи ман, Муҳташам бисёр инсони хуб аст. Ғамхор, дастгир, садоқатманд, мисли ҳамаи тоҷиконе, ки ман ин ҷо дидам. Бо даъвати ӯ ба тӯяш омадам. Бори аввал тӯйи тоҷикиро дидам, дар маросимҳо иштирок кардам, бори аввал оши палови тоҷикиро чашидам ва рақси тоҷикиро ёд гирифтам. Ҳоло ба як хӯрдан бемалол ду табақ ошро тамом карданам мумкин” – бо табассум нақл кард Скотт.

Скотт ба мо таассуроташро дар бораи анъанаҳои тоҷикон гуфт. Ба гуфти ӯ дар ягон кишвари сафаркардааш чунин тӯйро надидааст. Сурудҳои тоҷикиро агарчи мазмунан нафаҳмида бошад ҳам, вале ба ӯ хеле писанд омадаанд. Ҳатто Скотт бо ҳунарманди халқии Тоҷикистон устод Ҷӯрабек Муродов, ки дар он базм ҳунарнамоӣ мекардаанд, аксбардорӣ ҳам кардааст. Ӯ гуфт: “Ман шодам, ки бо беҳтарин ҳунарманди шумо акси хотиравӣ гирифтам. Ин воқеа ҳеҷ гоҳ аз хотирам нахоҳад рафт”.


Скотт аз сайру тамошои худ дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ёдоварӣ карда, гуфт, ки ин шаҳрҳо бо доштани кӯчаҳои озодаву васеъ, гулгашту хиёбонҳои сабз, архитектураи гуногун, обу ҳавои тоза ва сокинони хандонрӯву дилкушод аз дигар мамлакатҳо фарқ мекунанд. Ба гуфти ӯ: “Барои як нафар меҳмони хориҷӣ пеш аз ҳама рафтору гуфтори хуши сокинон дилгармкунанда аст. Ман ин чизро дар тоҷикистониён дарёфтам, ҳатто зиёдтар аз он ки мехостам. Тӯли рӯзҳое, ки дар Тоҷикистон будам, худро бегона ҳис намекардам”.

Скотт дар давоми саёҳаташ дар Тоҷикистон ба омӯхтани забони тоҷикӣ ҳам кӯшиш кардааст ва ҳангоми суҳбат аз онҳо истифода мебарад ва дар баробари ин аз ҳамсуҳбатонаш калимаҳои навро пурсида, тарҷумаашро зуд дар телефонаш сабт мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло саёҳаташро дар Тоҷикистон идома медиҳад ва то рафтан забони тоҷикиро пурра аз худ мекунад.


Номмина Скотт чандин кӯлҳои Тоҷикистонро дидааст ва аз ҳама бештар зебогии Искандаркӯл ӯро дар ҳайрат андохтааст. «Ман дар умрам чунин зебоиро надида будам. Оби софи кабуд, ки ҳатто нӯшидан имкон дорад, кӯҳҳои баланд, ва шаршараи афсонавии Искандаркӯл маро мафтуни худ кард. Ин ҷо сарсабз аст. Дарахтони гуногун, олами набототу ҳайвоноти гуногун хеле хуб ҳифз шудаанд. Дар маҷмӯъ Искандаркӯл маконест, ки одами омада ба ин ҷо дил мебандад ва рафтан намехоҳад». Скотт нақша дорад, ки дар оянда зуд - зуд ба Тоҷикистон биёяд.


«Ин аввалин сафари ман ба Тоҷикистон буд ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки охирин нахоҳад буд. Ман мехоҳам дӯстонамро ҳам ба ин ҷо ҷалб кунам, чун Тоҷикистон кишвари зебост ва ҳар сайёҳи омада, бо худ таассуроти зиёде мебарад».

Ҳамсафарони Скотт - Мишел ва Софи ба Тоҷикистон барои кӯҳнавардӣ омадаанд. Онҳо барои ин навъи варзиш Бадахшонро интихоб кардаанд ва акнун ба саёҳат баромадаанд, то дигар минтақаҳои Тоҷикистонро ҳам бинанд. Ҳарду бо Скотт дар як сафарашон шинос шудаанд ва акнун якҷо ба минтақаҳои гуногуни кишвар саёҳат мекунанд. Мишел ва Софи ҳам бо англисӣ суҳбат мекунанд ва дар баробари ин мисли Скотт забони тоҷикиро омӯхта истодаанд. Мишел аслан филмбардор будааст ва гуфт, ки аз рафти сафарашон ба минтақаҳо наворҳои зиёде гирифтааст ва ният дорад ҳамаи онҳоро ҷамъ оварда дар бораи Тоҷикистон, як видеои хубе омода созад.



Софи гуфт, ки «Тоҷикистон имконияти ниҳоят хуби ҷалби сайёҳонро дорад ва метавонад аз ин ҳисоб натиҷаҳои хуб ҳам ба даст орад. Бубинед, кӯҳҳои ин ҷо баланд ва ростанд, ки кӯҳнавардон ҳамин гуна куҳсоронро меҷӯянд».

"Помири пурасрор". 7 далели ҷолиб дар бораи Бадахшон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед