Ru  | Tj
Дар сари як суфра. Ҳамнишинии Сабурӣ бо намояндаи Толибон вокунишбарангез шуд
Дар сари як суфра. Ҳамнишинии Сабурӣ бо намояндаи Толибон вокунишбарангез шуд
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Дар сари як суфра. Ҳамнишинии Сабурӣ бо намояндаи Толибон вокунишбарангез шуд

Нашр шуд

Ҳафтаи гузашта ду рухдоди муҳими дипломатӣ дар иртибот ба муносиботи минтақаӣ бо Толибон* иттифоқ уфтод. Ғайричашмдошт раисҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин устуворномаи сафири тозатаъйини Толибон дар Пекин Билол Каримиро расман қабул кард. Ба дунболи он Узбекистон бо сафири таъйинкардаи ҳукумати Ашраф Ғанӣ – Аҳмад Холид Илмӣ худоҳофизӣ карда, сафорати ин кишварро ба намояндаи Толибон Мағфуруллоҳ Шаҳоб таслим кард.

Рухдоди аввал боиси вокуниши шадиди Амрико шуд ва ҳамчунин огоҳони сиёсии Афғонистон низ, аз ҷумла намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба он вокуниш нишон доданд. Аммо маросими худоҳофизии сафир Аҳмад Холид Илмӣ, ки дар он оҳангсоз ва овозхони маъруфи Афғонистон – Амирҷон Сабурӣ ҳузур дошт, вокунишҳои ҷиддитаре дар пай дошт.

Ҳама чиз аз он ҷо оғоз шуд, ки телевизёни “Афғонистон интернешнал” маросими таслимдиҳии сафорати Афғонистон дар Тошканд ба намояндаи Толибонро намоиш дод. Дар ин маросим Амирҷон Сабурӣ дар канори Мағфуруллоҳ Шаҳоб, сарпарасти таъйинкардаи Толибон дар ин сафорат нишаста ва ин маросимро наззора мекард. Ҳузури ҳунарманде мисли Амирҷон Сабурӣ дар ин маросим боиси интиқод ва гуфтугӯҳое дар расонаҳои иҷтимоъӣ ва ҷомеъаи сиёсии Афғонистон шуд.

Пас аз он ки доманаи ин интиқодҳо густариш ёфт, билофосила Амирҷон Сабурӣ дар як видёи сабтшуда гуфт, ки ӯ сирфан ба хотири иштирок дар маросими худоҳофизии сафир Аҳмад Холид Илмӣ, ки яке аз дӯстони наздикаш аст, ҳузур пайдо кард ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоъӣ аз ин маросим бо мақсади сиёҳ кардани ӯ истифода мекунанд.


Амирҷон Сабурӣ дар тавзеҳи иштирок дар ин маросим гуфт, “дар ин чанд рӯз дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳарфҳое дар мавриди ман буда ва ман мехоҳам вазоҳат диҳам. Ба сафорати Афғонистон ба хотири худоҳофизии яке аз дӯстони бисёр азизам, ки чандин сол он ҷо сафир буд ва равобити бисёр хуб доштем, ба ҳамроҳии ман ҳама дӯстон рафта буданд ва мо фақат ба хотири худоҳофизӣ рафта будем. Он маҳфили худоҳофизӣ буд. Мутаассифона, яке аз расонаҳо ин гапро доман зад ва тарафдорону ҳамватанони моро як миқдор парешон сохт. Ман орзу дорам, ки ин расона аз ҳамватанони мо маъзарат бихоҳад”.

Ин баёнияи ҳунарманд мавҷи интиқодҳоро хомӯш накард ва ҳоло бархе расонаҳо бо ҳузури коршиносон иллати ҳузури Амирҷон Сабурӣ дар ин маросим ва мухолифат накардани намояндаи Толибонро воковӣ мекунанд.

Телевизёни “Афғонистон интернешнал” аз Фозил Сончоракӣ, мансабдори собиқ ва таҳлилгари масоили сиёсӣ дар ин масъала пурсидааст, ки иллати суистифодаи Толибон аз шахсияти ҳунармандон, ки ба бовари онон ҳунар ва мусиқӣ ҳаром аст, дар чӣ аст? Сончоракӣ ба вазоҳат гуфтааст, ки Толибон барои пешбурди умури сиёсӣ ва тақвияти қудрати худ аз тамоми василаҳои машруъу номашруъ истифода мекунанд.


Вай гуфтааст, ки барои Толибон меъёр манфиат ва қудрат аст, зеро вақте манфиат ва қудрат иқтизо кунад, аз шиорҳои иморатии худ чашмпӯшӣ мекунанд.
- Онҳо бисёре аз муфсидоне, ки дар замони ҷумҳурият фирорӣ буданд, вақте баргаштанду аз ин гурӯҳ ҳимоят карданд, Толибон ба оғӯш гирифтанд ва ҳеч озоре ба онон нарасониданд. Ва ҷинояткороне, ки узви гурӯҳ ҳастанд, бахшида мешаванд. Ҳамин тавр бисёре аз заноне, ки ронандагӣ ва овозхонӣ мекунанд, аз тарафи ин гурӯҳ бахшида мешаванд ва шариати ин гурӯҳ танҳо барои афроди норозӣ ва мазлум татбиқ мешавад, - таъкид кардааст ин коршинос.

Фозил Сончоракӣ ҳузури Амирҷон Сабурӣ дар канори намояндаи Толибонро мояи шармсорӣ дониста мегӯяд:

“Нишастани ҷаноби Сабурӣ дар канори намояндаи Толибон ин шармсорӣ ҳам барои сарпарасти Толибон аст ва ё ҳам шармсорӣ барои ҷаноби Сабурист. Барои нафари Толибон шармсорӣ аз ин ҷиҳат аст, дар ҳоле ки инҳо мухолифи ҳунарманд, мусиқӣ ва овозхонианд, як ҳунарманди номдорро дар канори худ мешинонанд ва ба як шакли фиребкорона аз ӯ касби манифат мекунанд. Дарвоқеъ мехоҳанд нишон диҳанд, Толибон бо вуҷуде, ки алайҳи ҳунару мусиқӣ ва овозанд, боз ҳам дар байни ҳунармандон маҳбубият доранд. Ин навъи суистифода аз тарафи Толибон аст. Аммо барои ҷаноби Сабурӣ шармсорист. Ӯ як ҳунармандест, ки чолҳои сиёсиро намефаҳмад, фиребкориро шояд намефаҳмад ва ба ногузир дар он ҷо нишонда шудааст. Аз ин ҷиҳат қурбонии суистифода шуд ва Толибон аз вуҷуди ҳунар ва маҳбубияташ суистифода мекунанд”, - мегӯяд ин коршинос.


Довуд Ирфон, нависанда ва пажӯҳишгари афғонистонӣ ҳузури Амирҷон Сабурӣ дар ин маросимро мавзеъгирии сиёсӣ медонад ва мегӯяд, мардум ҳақ доранд ин амали ӯро ба чолиш бикашанд. Ӯ мегӯяд, Сабурӣ дар ҷаҳони мусиқӣ кӯҳи бузургест ва ҳеч булдозер наметавонад онро такон диҳад. Ин ҳунарманд ҳатто агар дар васфи Толибон таронае бидуни мусиқӣ бихонад, боз ҳам ҷойгоҳи ҳунарии гузаштаву ҳол ва ҳатто ояндааш маҳфуз хоҳад буд.

 “Он ки мардум имрӯз мепурсанд, фақат фаҳми мавзеъгирии ҷаноби Сабурӣ аст. Мардум мехоҳанд бидонанд, ки хонандаи маҳбубашон мувофиқи зидди ҳунаритарин ва зидди инсонитарин ҳукумати ҷаҳон аст ё на? Ман фикр мекунам, бояд ба мардум ҳақ бидиҳем, ки аз Сабурӣ бихоҳанд таклифашро бо опортоиди толибонӣ мушаххас кунад. Ширкат дар маросими сафорати Толибон чӣ Сабурӣ бихоҳад ва чӣ нахоҳад, мавзеъгирии сиёсӣ аст. Ҳатто тавҷеҳи эшон узри бадтар аз гуноҳ аст”, - мегӯяд ин пажӯҳишгари афғонистонӣ.

Бояд гуфт, ки ҳузури Амирҷон Сабурӣ дар маросими муаррифии сарпарасти сафорати Афғонистон дар Тошканд ба ин сабаб мавриди вокуниш ва интиқодҳо қарор гирифт, ки ин гурӯҳ сиёсати оштинопазир бо ҳунар ва мусиқӣ дорад. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Толибон борҳо ҳунармандонро мавриди қатл ва озору азият қарор додаанд. Расман мусиқӣ аз назари ин гурӯҳ ҳаром аст. Ин буъди идеулужии сиёсати Толибон аст, ки мардум бо хашм аз ҳузури Амирҷон Сабурӣ дар ин маросим ва бавижа дар канори Мағфуруллоҳ Шаҳоб интиқод мекунанд.


Мағфуруллоҳ Шаҳоб писари Шаҳобиддини Диловар, вазири маъодини Афғонистон аст. Яке аз баҳсҳо ва интиқодҳое, ки дар пасманзари таъйинот ба вуҷуд омад, хешовандсолории гурӯҳи Толибон аст. Баъзе аз огоҳони умур интисоботи ахири ин гурӯҳро шабеҳи интисоботи даврони ҳукумати Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ маънидод карда, гуфтаанд, ки гурӯҳи мазкур аз ҳамон роҳе равон аст, ки дар гузашта сардамдорони ҷумҳурият рафта буданд.

Аз сӯйи дигар бо қабули расмии намояндагони Толибон аз сӯйи ду кишвар – Чин ва Узбекистон вокунишҳо ҳам ба вуҷуд омадааст. Бархе кишварҳо, ба мисли Амрико мухолифати худро изҳор доштанд. Кишварҳои минтақа, бавижа кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой равобити диплумосии худ бо ин гурӯҳро густариш мебахшанд. Ҳафтаи гузашта нишасти иқтисодӣ бо ҳузури намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар Кобул баргузор шуд ва муҳимтарин дархости Толибон дар ин нишаст ба расмиятшиносии гурӯҳашон аз тарафи ин кишварҳо буд. Ҳарчанд дар минбарҳои расмӣ шарти ба расмиятшиносии ин гурӯҳ ба масъалаи “ташкили ҳукумати фарогир” гиреҳ хӯрдааст, вале қадамҳои ахири Чину Узбекистон сиёсати дигареро дар қиболи ин гурӯҳ нишон медиҳад.

Гурӯҳи ҳаросафкани Толибон то ин ҷо ҳеч навъ нармиш дар муқобили ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон надодааст ва сиёсатҳои қавмгароёнаву занситезонаи ин гурӯҳ ҳамеша интиқод дар пай доштааст.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед