Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии «Забони русӣ дар макотиби миёна – мушкилот ва дурнамои рушд» ба кори худ шурӯъ намуд
Дар Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии «Забони русӣ дар макотиби миёна – мушкилот ва дурнамои рушд» ба кори худ шурӯъ намуд
Аксҳо: Halva.tj

Дар Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии «Забони русӣ дар макотиби миёна – мушкилот ва дурнамои рушд» ба кори худ шурӯъ намуд

Нашр шуд

Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии «Забони русӣ дар макотиби миёна: мушкилот ва дурнамои рушд» оғоз шуд. Дар маросими ифтитоҳи он сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, раҳбари намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Русия (Россотрудничество) дар ҷумҳурӣ Иван Иванов ва намояндагони муассисаҳои таълимии Қазоқистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.


«Мо медонем, ки дар Тоҷикистон ба рушду тарғиби забони русӣ аҳамият ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Хеле муҳим аст, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон мақоми вижаи он мушаххас шудааст – мақоми забони муоширати байни миллатҳо, барномаи давлатии омӯзиши забони русӣ дар асоси системавӣ ба амал бароварда мешавад. Дар тамоми мактабҳои кишвар шурӯъ аз синфи дуюм хонандагон забони русиро меомӯзанд», - зикр кард сафири Русия. Ба гуфтаи Григорев, забони русӣ дар ҳоли табдил шудан ба як унсури муҳими аст, ки ба шарофати он ояндаи мардуми Тоҷикистон ба таври ҷудоинопазир бо Русия пайванд хӯрдааст.

Ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Машраб Файзулло зимни суханронӣ иброз дошт: «Умедворам, ки ҳамоиши мазкур барои рушди минбаъдаи забони русӣ дар саросари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил самарабахш, муассир ва натиҷабахш хоҳад буд».

Дар маҷмӯъ дар ин ҳамоиш беш аз 360 тан мудиру омӯзгор, методисту коршиноси мактабҳо иштирок намуда, давоми се рӯз масъалаҳои мубрами соҳаи маорифро баррасӣ хоҳанд кард. Дар доираи ҳамоиш баргузории дарсҳои маҳорат, мизҳои гирд ва барномаҳои омодагии касбӣ дар назар аст, ки пас аз он ба иштирокдорон гувоҳинома тақдим мешавад.


Дар ҳамоиш мудирони мактабҳо, донишгоҳҳои омӯзгорӣ, нашриёт, коршиносон ва омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Сингапур, Австралия ва Испания суханронӣ хоҳанд кард. Ин ҳамоишро ширкати «РОСБИОТЕХ» бо супориши Маркази илм ва фарҳанги Русия (Россотрудничество) ташкил кардааст.


«Чунин ҳамоишҳо барои рушди раванди ҷалби омӯзгорон ва мудирони мактабҳои таълимашон забони русӣ ба равандҳои нав ва методӣ пешбинӣ шудаанд. Ин таҷрибаро на танҳо дар пойтахт, балки дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ бояд ҷорӣ кард», - таъкид кард раиси намояндагии «Россотрудничество» дар Душанбе Иван Иванов..

Дар маросими ифтитоҳ созмондиҳандагони ҳамоиш иброз доштанд, ки ҳамаи иштирокдорон ҳамроҳ бо роҳбарони нашриёти пешқадам, мудирияти мактабҳо, омӯзгорони забони русӣ ва фанҳои таълимашон бо забони русии Тоҷикистон мавзӯъҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд:

- Тартиби идораи вусъати истеъдодҳои табии илмии мактаббачагон дар минтақа: таҷрибаи хамкорӣ бо воҳидҳои махсус;

- Soft-Skills ва маҳорати шахсияти сарфакор ҳамчун унсурҳои такмили моҳияти таълим дар ҷаҳони номуайяни муосир;

- Инкишофи нутқи мактаббачагон дар эҷоди назму наср;

- Омодагии муҳандисии пеш аз донишгоҳ дар заминаи байналмилалӣ;

- Дар бораи сарфакорӣ, равандҳои Lean дар илму маърифат.

«Вақте мо бо ҳам ҳастем, амалҳоямон беҳтар, ҷолибтар ва комилтар мегарданд. Ман фикр мекунам, ки чунин ҳамоишҳо ниҳоят зарурӣ ҳастанд, чунки бо ин роҳ мо метавонем ҳам худро муаррифӣ намоем ва ҳам бо дигарон шиносоӣ пайдо кунем», - зикр кард Елена Копилова, омӯзгори забони русии мактаби рақами 6-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Душанбе.

Қобили зикр аст, ки забони русӣ дар макотиби миёнаи Тоҷикистон ба барномаи таълимии ҳатмӣ дохил карда шудааст. Дар саросари кишвар қариб 40 мактаб бо забони русӣ ва беш аз 150 мактаби дорои синфҳои русию тоҷикӣ фаъолият менамоянд. Дар оғози соли таҳсил (сентябр) боз 5 мактаби дигар бо забони русӣ ифтитоҳ ёфтанд, ки ҳар кадом барои 1200 хонанда пешбинӣ ва аз ҷониби Русия дар доираи созишномаи байниҳукуматии ҳарду кишвар сохта шудаанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед