Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон мушкилоти об ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон мушкилоти об ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Акс: halva.tj

Дар Тоҷикистон мушкилоти об ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

Нашр шуд

Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел бо иштироки иқлимшиносон, экологҳо, коршиносони соҳаи гидроэнергетика ва истифодаи об аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «Мушкилоти об ва зисти муҳити Осиёи Марказӣ: воқеият, сенарияҳои эҳтимолӣ ва роҳҳалли онҳо» баргузор гардид.

Коршиносон сенарияҳо ва роҳҳали муштараки мушкилоти об ва муҳити зистро, ки Тоҷикистону Русия бо он мувоҷеҳ ҳастанд, баррасӣ карданд. Қобили зикр аст, ки вобаста ба масъалаҳои мазкур моҳи марти соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди масоили об суханронӣ намуда буд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими мизи мудаввар баррасии таҷрибаи Русия буд: коршиносони рус дар бораи рӯйкардҳои пешомади ҷадид барои ҳалли мушкили манобеи об дар минтақа ва кумаки эҳтимолии Русия дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии об дар Тоҷикистон, ки ба рушди устувори кишвар ва минтақа таъсир мерасонанд, суҳбат карданд.

«Федератсия Русия аҳамияти ин мушкилотро дарк мекунад ва омода аст, то фаъолона дар ҳалли вазифаҳои илмӣ, фаннӣ, сиёсӣ ва дипломатие, ки дар назди мо истодаанд, мушорикат кунад. Русия ва Тоҷикистон ба таври муассир дар чаҳорчӯби Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ҳамкорӣ мекунанд. Мутахассисони рус аз Фарҳангистони илмҳо, аз ҷумла коршиносони сатҳи баланд, узвҳои пайваста (академикҳо) бо мақсади табодули таҷриба, пешрафтҳо дар заминаи истифодаи самараноки об мунтазам ба Тоҷикистон меоянд», - иброз намуд Игор Бурулко, котиби аввали Сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ба ташаббусҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёд дорад ва аз онҳо ҳимоят мекунад.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин чолишҳои ҷадиди муҳити зист дар Осиёи Марказӣ ва механизмҳои безараргардонии онҳо баррасӣ шуд. Афзун бар ин коршиносон дар бораи тағйирёбии иқлим дар минтақа ва таъсири он ба ҳифзи пиряхҳо мубодилаи афкор карданд.

Гуфтанист, ҳамоиши мазкур аз сӯйи Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав ва Маркази таҳқиқоти геополитикӣ, донишкадаи таърих ва равобити байналмилалӣ ва кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор гардид.


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед