Ru  | Tj
Дорухона дар дохили телефон. Чӣ тавр соҳибкори тоҷик мушкили мардумро осон мекунад?
Дорухона дар дохили телефон. Чӣ тавр соҳибкори тоҷик мушкили мардумро осон мекунад?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Дорухона дар дохили телефон. Чӣ тавр соҳибкори тоҷик мушкили мардумро осон мекунад?

Нашр шуд

Соли 2020 тамоми мардуми дунё, билҷумла тоҷикистониён аз даҳшати бемории сироятии COVID-19 ба тарсу ҳаяҷон афтода буданд. Роҳи рафти бемордорон танҳо дорухона буд, ки на ҳамеша доруи лозимиро пайдо мекарданд. Рӯз аз рӯз афзоиши сироятёфтагон дарёфти доруҳои заруриро мушкилтар мекард. Якбора ин тавр ранг гирифтани вазъ ба хаёли касе наомада буд. Он гоҳ мутахассиси соҳаи фанновариҳои иттилоъотӣ Бадриддин Гуляев барои ҳалли мушкили мардум камари ҳиммат баст.

Ӯ барои ба осонӣ пайдо кардани доруҳои зарурӣ вебгоҳ ва барномае сохт бо номи Доруи ман”. Ин лоиҳа аз будҷаи шахсии Бадриддин амалӣ карда шуд. “Доруи ман” барои пайдо кардани макони ҷойгиршавии дорухонаи наздик, номгӯйи он вобаста ба сифат ва пешниҳоди нархи доруҳо хидмат мерасонад. Дар зер чӣ тавр тавлид шудани ғоя ва таъсиси вебгоҳро Бадриддин ба муаллифи Halva.tj нақл кард.

ҒОЯИ НЕК ДАР РӮЗИ БАД

Рӯзи 20-уми майи соли 2020 буд. Балои ҳамагирӣ (пандемия) хонаводаи Гуляевҳоро низ нодида нагирифт. Панҷ нафар узви хонадони Бадриддин ба тоҷвирус сироят ёфтанд. Бинобар сабаби дар шаҳри Душанбе зиёд будани беморон худрави ёрии таъҷилӣ сари вақт расида натавонист. Бадриддин маҷбур шуд, ки сироятёфтагонро бо сабукрави худ ба бемористон барад.

“Пизишкон ба ман номгӯи тақрибан 20 адад доруро навишта доданд, ки дар асл он қадар ҳам доруҳои камёб набуданд, вале аз зиёд будани беморон ҳамаи доруҳо гӯё дар як шабғайб” зада буданд. Дар як рӯз, ба гумонам, ба сӣ ё чил дорухона сар задам. Худ ба худ фикр мекардам, кош чизе дар шакли таҷҳизоти зеҳнӣ бошаду ҳоло макони доруҳоро ба ман ёфта диҳад. Ҳамон лаҳза ба андешаам ғояи таъсиси феҳристи ягонаи доруҳо пайдо шуд. Тасаввур кунед, агар ҳамон рӯзҳо чунин система мавҷуд мебуд, ба эҳтимоли зиёд чандин кас аз дард раҳоӣ меёфт. Зеро дарсади зиёди беморон аз пайдо нашудани доруҳои зарурӣ азият кашиданд”.
Бадриддин ҳангоми аз як дорухона ба дигараш рафтан нақшаи кории “дафтари дорувории диҷитолӣ”-и навро дар зеҳнаш месохт. Ӯ мисли ҳар як соҳибкор дар бораи арзишмандии система ва барои таъсиси он роҳҳои ҷалби сармояро фикр мекард.


Мутаассифона, пас аз таҳқиқи бозори соҳа, суҳбат бо ширкатҳои бузурги дорусозӣ ва дигар намояндагони самт ӯ ба хулосае омад, ки ҳеч кас аз сармоягузории ин тарҳ манфиатдор нахоҳад буд. Бадриддин ҳамон рӯзҳо ният дошт, ки сабукрави нави тамғаи BMW X5 бихарад. Муддатҳо буд, ки ӯ барои ин намуди худрав пул ҷамъ меовард. Ӯ қарор дод, шодие, ки BMW X5-и нав ба ӯ мебахшад, бо ҳалли мушкили ҳазорон ҳамватанамон муқоиса кардан натавон. Ҳамин тавр ӯ ба маблағе, ки барои BMW Х5-и нав ҷамъ оварда буд, худрави арзонтар гирифт ва бо сармояи сарфашуда роҳандозии лоиҳаи “Доруи ман”-ро оғоз кунад.

БАРНОМАКИ КОМИЛАН РОЙГОН

Инак мебоист ба ин лоиҳа роҳи ҷалб кардани дорухонаҳоро пайдо кард. Ба ҳар як дорухона даромада, ба муассисон фаҳмондани кори вебгоҳ ва имтиёзҳое, ки онҳо ба даст меоранд, ҳамчунин ҷамъ овардани маълумот дар бораи дорухона кори бисёр вақтгир аст. Бадриддин нахуст бо кумаки донишҷӯёни донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳои пизишкии ҷумҳурӣ то андозае ба муаррифии лоиҳа муваффақ шуд.

“Бештари дорусозон бовар надоранд, ки ҳамкорӣ бо вебгоҳ ройгон аст. Ҳатто баъзеҳо гумон мекунанд мо намояндагони рақибонашон ҳастем. Як гурӯҳи дигар намефаҳманд, ки чаро мо ин корро ройгон ба роҳ мондем ва шояд дар дил аз мо гумонҳои нодуруст ҳам доранд. Мо бо ҳамаи дорухонаҳои кишвар ҳамкорӣ кардан мехоҳем, сарфи назар аз он ки дар кадом ноҳия ҷойгиранд. Ҳар кас метавонад барои ҳамкорӣ рақамҳои телефонии моро дар барномак пайдо намояд. Ё ин ки дар вебгоҳ шакли вижаи дархост мавҷуд аст, ки дорусозон метавонанд рақамҳои худро барои тамос гузоранд”.

Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 3 500 адад дорухона ба таври расмӣ сабтином кардаанд. То имрӯз коргурӯҳ беш аз 700 дорухонаро дар система ҷорӣ кардаанд, яъне натиҷаи дилхоҳ ҳоло ба даст наомадааст. Дар айни замон танҳо дорухонаҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ваҳдат дар феҳристи ноҳияҳое, ки бо вебгоҳ ҳамкориро ба роҳ мондаанд, шомиланд.

Тавре дар боло зикр гардид, корбарони барномаки “Доруи ман” тариқи барнома нархи доруҳоро дида метавонанд. Вале мумкин аст нархи баъзе доруҳо дар як сония иваз шаванд. Ба ин хотир коргурӯҳи барномак якчанд равиши нав кардани пойгоҳи доруҳоро ба роҳ мондаанд. Равиши якум ҳамгироии мустақими бархат (онлайнӣ) аст. Агар дорухонаҳо дастрасии доимӣ ба Интернет дошта бошанд, системаи баҳисобгирии савдоро ба кор мебаранд. Равиши дувум, дорухонаҳо метавонанд давра ба давра пойгоҳи дорувории худро дар шакли ҷадвали Excel ба барномак бор кунанд ва равиши севум ин аст, ки баъд аз боргузории махзани доруҳо, бо истифода аз дастгоҳи ҳушманд бо навбат иваз кардани нархи ҳар як дору аст.

БАДРИДДИН КИСТ?

Ӯ аз хурдӣ ба электроник ва фанновариҳои иттилоъотӣ шавқу рағбат дошт. Табиъист, ки мехост барноманавис шавад. Аз сабабе, ки бародараш бо тиҷорати бинокорӣ машғул буд, Бадриддин тасмим гирифт ба фарзанди падар кумак расонад ва дар риштаи иқтисод дар бахши бинокорӣ таҳсил кард. Аммо пас аз хатми донишгоҳ ӯ пайи касби орзуҳояш шитофт.

Бадриддин ҷавони ранҷбар буд. Аз соли дувуми таҳсил баъд аз дарсҳо дар Вазорати саноат ва фанновариҳои нав ба ҳайси мутахассиси фанновариҳои иттилоъотӣ кор мекард, сипас ба ширкати “Telecom Technology” гузашт. Аз солҳои фаъолият дар нахустин ширкати интернетрасон мушоҳида мекард, ки бисёре аз созмонҳо ба хидматрасонии баландихтисос дар соҳаи IT ниёз доранд, вале донандагони ин самт кам буд. Бадриддин барои пур кардани фазои холӣ соли 2008 ширкати шахсии худ “IT Сервис”-ро сабтином карда, кори хешро бо сармояи ибтидоии 8000 сомонӣ, ду коргар ва ду роёна оғоз кард. Нахустин мизоҷи ширкат барои насби дурусти нусхаи ширкатии системаи “Anti-Virus Kaspersky” ва хидматҳои изофӣ муроҷиат карда буд.


Бадриддин воқеъан дар фазои IT-и Тоҷикистон соҳибкори муваффақ аст. Ӯ дар айни замон мутахассиси соҳаи IT, соҳибкор ва иқтисоддони соҳаи бинокорӣ, муассиси ширкати “IT Сервис”, мудири лоиҳа ва мушовири соҳаи фанновариҳои иттилоъотӣ ва иртиботӣ мебошад. Сирри муваффақиятро дар интихоби касби дӯстдошта медонад. Касб набояд бар асоси замон ё манофеъи шахсӣ интихоб шавад, балки бояд аз рӯйи муҳаббат интихоб гардад, - ибрози андеша кард ӯ.

Албатта барои ҳар як мутахассиси соҳаи IT донистани забонҳои хориҷӣ, бавижа инглисӣ муфид аст. Бадриддин низ донандаи хуби ин забони хориҷист, аммо дар овони наврасии ӯ омӯзиши забони инглисӣ дар Тоҷикистон то ҳадди имрӯз фарогир набуд.

Нимаи солҳои 90 мо дар мактаб забони фаронсавӣ меомӯхтем. Боре муаллими фанни риёзӣ (аз ин фан баҳои аъло мегирифтаму шогирди дӯстдоштаи муаллими риёзӣ будам) ба ман тавсия дод, ки бештар ба омӯзиши забони инглисӣ майл кунам, зеро имрӯз забони илму фанноварӣ аст. Бо машварати ӯ ба нахустин давраи тиҷоратии забони инглисӣ аз рӯи барномаи Кембриҷ дар Душанбе, ки муассиси он Парвона Ҷамшед буд, сабтином шудам. Баъдтар фаҳмидам, ки муаллими риёзӣ низ сарфи назар аз синну соли бузурги худ шомили ин давраи омӯзишӣ будааст”.
Забони инглисӣ ба ӯ имкон дод, ки аз чандин кишвари пешрафтаи дунё боздид кунад. Бадриддин мехоҳад то умр боқист, ҳарчи зиёдтар ба кишварҳои гуногун сафар кунад. Зеро сафар кардан барои тавлиди ғояҳои нав ба шахси эҷодкор кумак мерасонад.

Албатта дар фаъолияти ҳар кас даврае мешавад, ки корҳо бо майл пеш намераванд ё ки гоҳе бо мизоҷ нофаҳмиҳо ба вуҷуд меояд. Дар ин сурат оилаи Бадриддин рӯҳиябахши ӯ аст. Ҳар лаҳзае, ки корҳои нобасомонаш ӯро хаста кунад, аз муҳаббати наздиконаш энержӣ мегирад. “Ҳар коре мекунам, барои наздиконам ва ояндаи фарзандонам аст”, - таъкид кард қаҳрамони мо.

Бадриддин давоми таҷрибаи тӯлонии худ ба чунин ақида омадааст: бо мизоҷ ё шарикон ошкоро будан, бо мизоҷ мубодилаи афкор кардан ва мушкилотро дар ҳамбастагӣ бо онҳо ҳал кардан корро осон мекунад. Ҳар иштибоҳро ислоҳ ва ҳар гуна вазъиятро бо роҳи созиш бартараф кардан мумкин аст, вале пеш аз ҳама шунида тавонистани фикри мизоҷ нақши муҳим дорад.

Гуфтанист, ки Бадриддин дар оилаи коргар ба камол расидааст. Модараш бо ҳунари миллии мардумии ҷӯроббофӣ машғул буд ва падараш ба ҳайси посбони идора фаъолият дошт.

“Овони хурдӣ орзуи ихтироъкор шудан маро ба ҳолам намегузошт. Ҳар шаб пеш аз хоб дар бораи пайдо кардани формулаи элементи кимиёии бевазнӣ фикр мекардам. Гӯё бо ин формула худравҳои парвозкунандаро ихтироъ мекардам. Воқеъан даврони кӯдакӣ афсонавитарин лаҳзаҳои умри инсон аст”.

Солҳои охир ӯ маҷбур шуд, ки дар як рӯз тақрибан 12 соат бо корҳои ширкат машғул шавад. Кӯшиш мекунад вақти холии худро бо оилааш гузаронад. Баъзан бо варзишҳои экстремалӣ, аз қабили лижаронӣ дар зимистон ва саёҳат дар баҳору тирамоҳ бо гурӯҳи сайёҳони “DaiDushki” машғул мешавад. Ҳамчунин ӯ ба ғаввосӣ хеле майл дорад ва дорои гувоҳиномаи байнулмилалии “Advanced Open Diver” мебошад. Ин гувоҳинома ба ӯ имкон медиҳад, ки дар баҳри кушод ба умқи то 40 метр шино ва киштиҳои ғарқшударо пайдо кунад.

Дар фарҷом Бадриддин гуфт, ки дар давоми 15 соли фаъолият дар ширкати худ чандин лоиҳаи муваффақро пешниҳоди мизоҷон гардонидааст ва имрӯз зиёда аз як милён нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ аз меҳнати ширкати “IT Сервис” баҳраманданд. “Вале ҳеч яке аз ин лоиҳаҳо мисли лоиҳаи “Доруи ман” эҳсоси неки фаромӯшнашаванда набахшидааст”, - гуфт ӯ.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед