Ru  | Tj
Дорусозе, ки бо тасвир таскин мебахшад
Дорусозе, ки бо тасвир таскин мебахшад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Дорусозе, ки бо тасвир таскин мебахшад

Нашр шуд

Рухшона рассом ва тарроҳест, ки ба нафарони камтавон умед мебахшад. Ӯ омезиши рангҳо ва тасвири табиати зеборо дӯст медорад, чеҳранигорӣ ва тарроҳи низ мекунад. Рассомӣ шуғли дӯстоштаи ӯст ва ин ҳунарро рангинкунандаи рӯзгораш медонад.

Рухшона Нозимова 22 сол дошта, зодаи ноҳияи Кушониён аст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши волидон ба бахши дорусозии Коллеҷи тибби шаҳри Бохтар дохил мешавад ва имсол дар бахши чорум таҳсил карда, дар ин баробар дар Мактаби санъати мусиқии бачагонаи шаҳри Бохтар рассомӣ ва тарроҳии либосу пойафзорҳои замонавиро меомӯзаду зебоиофариро идома медиҳад.

Ӯ мегӯяд, муҳаббатам нисбат ба рассомӣ беандоза аст, чун ин ҳунар рангҳои зиндагиро рӯшану зеботар месозад ва ба ман барои хушбин будан тавон мебахшад. "Аз хурдӣ ба рассомӣ меҳр доштам ва атрофро бо диди кӯдакона тасвир мекардам. Рассомӣ яке аз шуғлҳои писандидаам гашта буд ва дар ҳар лаҳзаи тасвир дилам таскин ва захмҳояш шифо меёфт", - ба ёд меорад қаҳрамони мо.


Рухшона зимни таҳсил дар мактаби миёна дар омӯзишу озмунҳои гуногунсатҳ ширкат карда, соҳиби ҷойҳои намунавӣ ва туҳфаву сертификатҳои зиёд гардидааст.

 

ДУНЁИ РАНГҲО ТАВОНБАХШ АСТ

Рассомӣ ҳунарест, ки пайваста омӯзиш ва эҷодкории нав ба навро талаб мекунад. Инсонро ба ҳаракат кардан, навовар будан ва зебоиофарӣ водор менамояд. Қаҳрамони мо низ пайваста рӯйи авроқи сафед рангҳоро бо ҳам омезиш дода, табитаи зебо, чеҳраи нав ва тарҳи ҷадиди либосҳоро тасвир мекунад.

- Барои рушди ҳунари рассомӣ пайваста аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабару маълумотҳои навро меҷустам, то ки боз ҳам рушд бахшам маҳорати худро. Соли равон дар шабакаи иҷтимоӣ озмуни онлайниро дидам, ки аз ҷониби як ширкати либосу пойафзори Туркия роҳандозӣ гардида буд, ба он дархост гузоштаму чанд намунаи кори худро пешниҳод кардам. Баъди чанд муддат ба ман занг зада гуфтанд, ки соҳиби ҷойи дуюм гаштаам ва дар баробари туҳфа имконияти таҳсил дар бахши тарроҳии яке аз донишгоҳҳои Туркияро соҳиб гаштаам. Он замон аз шодӣ гирйистам, - изҳор дошт ин рассоми ҷавон.


 

АЗ МАҲДУДИЯТ ТО ИМКОНИЯТ

Замони наврасӣ баъди як тасодуф Рухшона аз панҷаҳои як даст маҳрум гардида, бо вуҷуди имконияти маҳдуд доштанаш дар зиндагӣ хушбину некандеш аст. Ӯ мегӯяд, ҳар мушкиливу тасодуфи рӯзгор дар худ ҳикмат ва хайре дорад. Инсон дар сахтиҳо сабр ва шукргузор бояд бошад, то ба беҳрӯзиву хушиҳо бирасад.

- Имконияти маҳдуд доштан барои зебо зистану зиндагиро дӯст доштан набояд баҳона шавад. Аввалҳо барои чун дигарон зистан ранҷ мекашидам. Бароям анҷоми баъзе корҳо мушкил буд, вале таслим шуданро қабул надоштаму надорам. Ҳамин истодагарӣ буд, ки тавонманду қавиям кард ва имрӯз орзуҳои худро қадам ба қадам амалӣ намуда истодаам. Тасвири ин ҳама зебоиҳои дунё бо як даст низ имкон дорад, вақте ки муҳаббати зистану офаридан зиёд бошад. Рассомӣ ба ман қуввату боварӣ мебахшад. Рангҳои зебову рӯшан дар тасвирҳо шодиямро меафзояд. Маҳз барои ҳамин ин ҳунарро дӯст медорам, - мегӯяд Рухшона.


 

АЗ ОРЗУ ТО АМАЛ РОҲЕСТ РАНГИН

Тасвирҳои офаридаи Рухшона тамошобин ва талабгорони худро пайдо карда, ин рассоми соҳибзавқ то имрӯз беш аз 5 тасвири офаридаи худро фурӯхтааст ва аввалини онро, ки "Табиати кӯҳсор" ном гузошта буд, бо арзиши 100 сомонӣ фурӯхтааст. Имрӯз ӯ миёни ҷомеа шинохта ва соҳибэҳтиром буда, нақша дорад баъди хатми Коллеҷи тиббӣ ба Туркия рафта таҳсилашро дар бахши тарроҳӣ идома диҳад.

"Баъди хатми колеҷ ҳатман ба Туркия меравам ва онҷо тарроҳиву рассомиро омӯхта, ба ватан бармегардам. Орзу дорам, ки рассоми касбӣ ва тарроҳи шинохта гардам ва дар шаҳри Бохтар мағозаи либосҳоро ташкил кунам, ки тарҳи зебову нотакрор дошта бошад", - гуфт ин рассоми ҷавон.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед