Ru  | Tj
“Дурӯғ набояд гуфт”. Дар меҳвари филми “Дурӯғ” боз чӣ маҳфуз аст?
“Дурӯғ набояд гуфт”. Дар меҳвари филми “Дурӯғ” боз чӣ маҳфуз аст?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

“Дурӯғ набояд гуфт”. Дар меҳвари филми “Дурӯғ” боз чӣ маҳфуз аст?

Нашр шуд

Чанде пеш дар Кохи Суғдиён нахустнамоиши филми ҳунарии “Дурӯғ”-и коргардони ҷавон Ромиши Яздон ба намоиш гузошта шуд. Он аз рӯйи қиссаи “Дурӯғ”-и адиби маъруфи кӯдакон Азизи Азиз ба навор гирифта шудааст. Муаллифи Halva.tj дар нахустнамоиши филм ширкат дошт ва бо созандагону тамошобинон суҳбат орост.

ФИЛМ ДАР БОРАИ ЧӢ АСТ?

Филми “Дурӯғ” дар бораи оилаи ҷавоне, ки тарзи ҳаёти солим пеш мебарад, нақл мекунад. Диловар писараки калонии хонавода аст. Ӯ навраси ниҳоят серҳаракат буда, дар дунёи андешаҳояш зиндагӣ дорад. Бисёр вақт мехоҳад, ки бозӣ кунад. Сахтгирии муаллима ва талаботи дарс барояш писанд нест. Падараш дар як ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Модараш соҳибхона аст. Диловар дар хона фақат бо додарчааш бозӣ мекунад. Аммо хоҳиши том дорад, ки аз хона барояд ва дар бозиҳои кӯча қаҳрамон шавад. Рӯзе тасмим мегирад, ки худро бемор вонамуд карда, аз зарурати дарс рафтан халос шавад. Аз телевизион дар хусуи бемории кӯррӯда маълумот гирифта, ба модараш мегӯяд, ки тарафи рости шикамаш дард дорад. Ҳамин тариқ, бо ин дурӯғи бофтааш рӯзи аҳли хонавода ғайримуқаррарӣ мегузарад.


КОРГАРДОН: “БО КӮДАКОН КОР КАРДАН ДУШВОР АСТ”

Ромиши Яздон коргардони филми “Дурӯғ” буда, дар мавриди пайдоиши филм чунин гуфт: “Қариб як сол дар ҷустуҷӯи филмномаи хуб будам. Асарҳои зиёдеро мехондам, лекин ягон чизи мехостаамро намеёфтам. Рӯзе устод Ҳошим Раҳимов маро дар як маҳфил бо адиби бачагон Азизи Азиз шинос карданд. Мо хеле сӯҳбат кардем. Устод якчанд асарҳояшонро барои хондан тавсия доданд. Чанд асари устодро мутолиа кардам. Ниҳоят, қиссаи “Дурӯғ”-ро барои банаворгирии филм интихоб кардам».

Коргардони ҷавон ба ин назар аст, ки ҳар як иштибоҳи бузург аз сухани дурӯғ ё амали ноҷое сар мезанад. Монанди он ки Диловар – қаҳрамони марказии филм бо як сухани дурӯғ чӣ мушкилиҳоро ба сари худ ва аҳли оила меорад. Аммо тамошобини зирак дар пайи қиссаи дурӯғбофии Диловар боз масъалаҳои зиёдеро дарк мекунад.


- Барои ба як хулосаи аниқ омадан ва интихоби гузинаи охирини филмнома андешаҳо гуногун буд. Перомуни ин масъала бо Ҳошим Раҳимов, Азизи Азиз ва Некрӯзи Ҷалилиён баҳсҳо оростем, ки ба манфиати кор буд. Дар байни гурӯҳи корӣ мухолифати андеша набуд, чун нигоҳҳо монанд буданд, якдигарро зуд фаҳмидем. Аммо камбудие, ки то охир ислоҳ карда натавонистем, таъхир кардани бархе аз аъзои гурӯҳ ба майдони сабт буд. Агар мо, ҷавонон масъулиятшинос мешудем..., - хитоб кард коргардони ҷавон.

Ромиши Яздон мегӯяд, ки бо кӯдакон кор кардан хеле душвор аст. Агар ба кӯдак камтар баланд сухан гӯйӣ, меранҷад. Мулоим ҳарф занӣ, гӯшат намекунад. Ин нуктаро маҳз дар вақти банаворгирии филми “Дурӯғ” дарк кард.

- Диловар ва Иброҳим – ду қаҳрамони асосии филм бародаронанд, ки яке хонандаи синфи 5-ум ва дигаре 6-сола аст. Ҳарду доим муноқиша ва дар ғайби волидон задухӯрд ҳам мекунанд. Нақши онҳо дар филм чунин буд. Аммо берун аз филм ҳам бо ҳам зид шуданд. Ҳардуро танҳо гузоштан ғайриимкон буд. Ҳатман ҷанг мекарданд. Ҳисси бадбинияшон низ ба манфиати кор буд, чун барои нақшофаринӣ кумак мекард.


“ФИЛМ ХЕЛЕ ТОҶИКОНА БУД”. БАҲОИ ТАМОШОБИНОН

Фарҳод Ғаффорпур – ҳунарманд, коргардони ҷавон:

- Синамои Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳоли шаклгирӣ ва рушд қарор дорад. Бо назардошти вазъи синамо ва филмсозӣ дар кишвар филми "Дурӯғ" як бозёфт аст ва дар баробари камбудӣ муваффақиятҳои зиёде дошт. Мутаассифона, бо забони тоҷикӣ барои кӯдакон филм кам дорем ва пешниҳод мекунем. Бори аввал аст, ки бо фарзандони худ ба толори синамо барои тамошои филми тоҷикӣ рафтем. Онро тамошо кардем ва баъдан чанд соат атрофи филм сӯҳбат намудем, ки бисёр фараҳбахш буд. Боиси хушнудист, ки Ромиши Яздон ба ин қишри тамошобин таваҷҷӯҳ намуда, барои хурдсолон филм бардошт. Акнун фарзандони мо дар бораи худ ва муаммоҳои худашон филм мебинанд. Дар мо баъзан вақт ба мактаббачаҳо филмҳоеро намоиш медиҳанд, ки дар бораи калонсолон аст. Масъулон ба ҳеч ваҷҳ набояд ба чунин ҳолат роҳ диҳанд. Умедворам, ки мо (ҳамаи филмсозони кишвар) нозукиҳои филмсозӣ барои кӯдаконро беҳтар меомӯзем ва филмҳои хубу тамошобини самимиро фаровон дошта бошем.


Гулноз Тоҳириён – шоира:

- Файласуфе мегӯяд, коре ки як инсон барои ҷомеаи муқтадир ба сомон мерасонад, як инсони дигар ҳам ба он қодир аст. Вале фақат барои он ибтикор лозим аст. Филме, ки тамошо кардем, ибтикори бархостае аз рӯҳи тавонои ҳунарманд Ромиши Яздон буд, ки мақбуламон гардид. Агар дар меҳвари филм андешаи дурӯғ гуфтан ва ниҳояти дурӯғгӯйиро гузорем, нодуруст хоҳад буд. Чун дар муҳтавои филм бисёр чизҳои барои зиндагии мо муҳим, минҷумла мақоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар оромиши ҷомеа, нақши табиб дар тансиҳатию солимии ҷомеаи кунунӣ, ҳатто нақши ҳамсоя барои як ҳамсояи дигар ҷо дода шудааст. Филм хеле тоҷикона буд, чун самимияти бештар дошт.

Умар Алиев – коргардон:

- Филм филми оилавӣ аст. Онро аз кӯдаки хурдсол то бузургсолони оила ҳамроҳ дида метавонанд. Мутаассифам, ки чаро дар филм ягон нақш набозидам. Ба аҳли эҷод барор мехоҳам. Бахусус, ёдрас мекунам, ки Абдураҳмон Ғаниев, иҷрокунандаи нақши Диловарро тарбия бояд кунем. Дар симои вай истеъдоди наверо мебинам.


Интизор меравад, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ филми “Дурӯғ” дар кинотеатрҳо ба намоиш гузошта шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед