Ru  | Tj
Эмомалӣ Каримов дар 55-солагӣ ба табақтарошӣ рӯ оварду муваффақ шуд
Эмомалӣ Каримов дар 55-солагӣ ба табақтарошӣ рӯ оварду муваффақ шуд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Эмомалӣ Каримов дар 55-солагӣ ба табақтарошӣ рӯ оварду муваффақ шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Каримов зодаи ноҳияи Темурмалик буда, ҳанӯз аз даврони ҷавонӣ ба тиҷорати хурд машғул аст. Ӯ аз минтақаҳои дурдасти кишвар мағзу мавиз ва дигар меваҳои хушк ҷамъоварӣ намуда, дар баъзе бозорҳои марказии ноҳияҳои вилояти Хатлон ба фурӯш мегузорад. Амаки Эмомалӣ ба чунин шевае зиндагии худро пеш мебурду ва ҳоло бошад, дар баробари тиҷорат ба табақтарошӣ низ машғул аст. Ӯро бисёре аз мардумони минтақа ҳамчун устои моҳир ва пӯхтакор мешиносанду иззаташ мекунанд. 

Чанд соле қабл аз ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон устоеро бо номи Амонулло Тағоев барои буридани баъзе чинорҳои нодаркори ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик, ки зодгоҳи Эмомалӣ Каримов аст, меоранд. Баъди буридани чинорҳо Амонулло ба хулосае меояд, ки чӯби онҳоро тарошида, табақ созад ва аз ин рӯ, таҷҳизоти табақтароширо дар хонаи Эмомалӣ Каримов, ки дар наздикӣ ҷойгир буд, насб мекунад. 

Ҳамин тариқ, кори ин устои моҳир дар хонаи амаки Эмомалӣ оғоз мегардад. Дар ин замон қаҳрамони мо ба устои табақтарош танҳо кумакҳои техникӣ мерасонд. Баъдан оҳиста – оҳиста дар дили амаки Эмомалӣ завқи ин ҳунар пайдо мегардад. Дар натиҷа, баъди муддате ӯ низ, ки аз устои номдор Амонулло Тағоев ин ҳунарро омӯхта буд, ба табақтарошӣ оғоз мекунад. Ӯ дар муддати хело кӯтоҳ ин ҳунарро омӯхта ва ба иҷрои мустақилонаи он мепардозаду муваффақ мешавад. 

“Шуруъ аз соли 2015-ум дар баробари тиҷорат ба табақтарошӣ низ машғулам. Касе бовар надорад, ки ман дар чунин муддати кӯтоҳ ва дар 55-солагӣ ин ҳунарро омӯхтаам. Ба назари ман агар дар дили инсон завқ бошад, ба ҳама  муваффақият мерасад”, - мегӯяд Эмомалӣ Каримов.

Ӯро мардуми атроф ҳамчун устои моҳир ва табақтароши муваффақ дар муддати кӯтоҳ мешинохтагӣ шуданд. Аслан Эмомалиро табақҳои ғайриоддии тарошидаи ӯ машҳур намудааст.

“Рӯзе ҳангоми омода кардани косаю табақҳои одӣ ба сарам фикри омода кардани лаълию табақҳои дуошёнаву панҷошёна расид. Кори мо мисли тасвири тахайюлии рассомон аст. Яъне теғ дар даст чӯбро ҳар гунае, ки тасаввур мекунем, ҳамон гуна метарошем. Аз ин ҷост, ки табақҳои ғайриоддӣ ба зеҳнам расиду то имрӯз косаю лаълиҳои гуногуни ғайриоддиро омода менамоям”, - мегӯяд ӯ. 

Амаки Эмомалӣ бар он назар аст, ки аслан истифодаи чунин табақҳо бар нафъи мардумон аст. Яъне мегӯяд, ки дар як лаълии сетабақа ҳам мешавад хӯрок ва ҳам хӯришу сабзавотро ҷой дод. 

Ба назари қаҳрамони мо то имрӯз дар ягон минтақаи Тоҷикистон чунин табақтароше мавҷуд нест, ки бо тарошидани лаълиҳои чандтабақа машғул бошад ва аз ин ҷост, ки худро дар Тоҷикистон муаллифи ин кор медонад. 

Анъанаи истеъмоли ғизо дар табақи чӯбин дар минтақаҳои зиёди Тоҷикистон боқӣ мондааст. Маҳз ба ҳамин хотир, усто - Эмомалӣ муштарии зиёд дорад. Бахусус, нафароне, ки аз ҳудуди ноҳия ба дигар кишварҳо сафар мекунанд, ҳатман аз дӯкони ӯ табақҳое, ки аз дарахти тут, зардолу, чормағз ва чинор омода шудааст, мехаранду бо худ мебаранд.

Амаки Эмомалӣ тӯли ин солҳо, ки  ба табақтарошӣ машғул аст, худро дар ҳудуди вилояти Хатлон як устои муваффақ ва посдори ҳунарҳои миллӣ медонад. Бояд гуфт, ки чандин маротиба маҳсули дасти ин устои чирадастро дар намоишгоҳҳои расмӣ ба намоиш гузоштаанд. Ҳоло ӯ дар синни 62-солагӣ қарор дораду машғули ҳунар аст. Ба назари ин устои моҳир аз ҳунари косатарошӣ даромади хуб ба даст овардаву ва зиндагонии пур сохтан имконпазир аст. 

Рӯзи ҷаҳонии тарбуз. 5 дастурамали беҳтарин аз тармеваи хуштаъму сероб




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед