Ru  | Tj
Филми “9 далел барои зистан” ба башарият чӣ паёме дорад?
Филми “9 далел барои зистан” ба башарият чӣ паёме дорад?
Аксҳо: Аз Интернет

Филми “9 далел барои зистан” ба башарият чӣ паёме дорад?

Нашр шуд

Филми нави коргардони фаронсавӣ - Кристоф Баррате "9 далели зистан" ном дорад. Нақшҳои асосиро дар филм Виктор Белмондо, Жерар Ланвен, Йоанн Элунду, Орнелла Флёри, Мари-Сона Конде, Лили Опти ва Дафна де Катрбарб иҷро кардаанд. Давомнокии филм 91 дақиқа буда, жанри он драма-мазҳака аст.

Ба андешаи инҷониб, ҳадафи коргардон аз таҳияи филм нишон додани дӯстии ҳақиқӣ, инсонпарварӣ, беҳуда нагузаронидани вақт, даъват ба корҳои нек ва қадр кардани зиндагӣ аст.

Қаҳрамони асосии филм Томас писари духтур - Рейнард аст. Ӯ бештари вақти худро дар клубҳои шабона бо дӯстони бади худ мегузаронад ва ҳамеша масту сархӯш аст. Як шаб вақти баргаштан ба хона суръати мошинро баланд карда, ба девори хонаашон бармехӯрад ва ба ҳавзи об меафтад. Рейнард аз хона мебарояд ва мебинад, ки чӣ тавр Томас бо либосҳои тар дохили хона шуда, болои фарши тоза изи пои чиркин мегузорад. Маҳз ҳамин ҳодиса боис мешавад, ки Рейнард дар бораи писараш фикр кунад ва барои аз роҳи бад гардонидани ӯ чорае андешад. Аз ин лиҳоз, саҳнаҳо дуруст ва ҷобаҷо гузошта шудаанд. Рейнард бештари вақташро дар беморхона мегузаронад.

Рӯзи дигар Рейнард Томасро ба беморхона оварда, ба ӯ бемори дувоздаҳсолааш Маркус (Ҷоан Элунду), ки гирифтори бемории диабети қанд асту дилу сутунмӯҳра ва гурдаҳояш ҳам хуб кор намекунанд, шинос мекунад ва талаб мекунад, ба Маркус таълим диҳад, то ки кӯдак ҳар рӯз аз ҳаёт лаззат барад. 

Дар аввал Том розӣ намешавад ва барои розӣ кардани ӯ Рейнард аз фишори молиявӣ истифода мебарад. Ӯ тамоми кортҳои писарашро маҳкам карда, телефонашро мегирад.

Аз ин лиҳоз, Том муқобилият карда наметавонад ва ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ мекунад. Ҷустуҷӯи забони умумӣ бо писари дувоздаҳсола душвор нест. Том 25 сол дорад, аммо гуфтан мумкин нест, ки вай ба камол расидааст. Аз ин рӯ, шӯхӣ ва фолбинии ӯ бо Маркус посухи ҷолиб пайдо мекунад. Як далели ғамангезе, ки онҳоро мепайвандад, модари Том аст. Модари Том низ дар 12 солагии Том вафот карда буд ва ҳамчунин Маркус низ дар кӯдакӣ мисли Том хирсак дорад. Том ба ӯ дар бораи ҳаёти худ мегӯяд, зеро падараш барои гӯш кардани он ҳарфҳо вақт надошт. Оқибат фишорҳои равонии ба ҳам монанд асоси дӯстии воқеӣ ва зебо мегарданд.

Муҳаррики дигаре, ки дӯстии Том ва Маркусро мустаҳкам мекунад, пул аст. Том ҷодугар буданро хеле дӯст медорад, ӯ бо камоли майл писарро даъват мекунад, ки рӯйхати хоҳишҳои асосии худро нависад. Маркус нӯҳ хоҳишашро менависад, ки дар байни онхо калимаи «сиҳатшавӣ» нест, зеро дар тӯли солҳои беморӣ ва дард (ӯро бори аввал як соат пас аз таваллуд ба утоқи ҷарроҳӣ бурдаанд) дигар бовар надорад, ки ин имконпазир аст. Хоҳишҳои кардаи ӯ бисёр оддӣ ҳастанд: суруд хондан, иштирок дар бозии дастаи дӯстдоштааш, зиндагӣ дар меҳмонхонаи боҳашамат, телефони нав ва дигар хоҳишҳои ба ҳамин монанд.

Бояд гуфт, ки саргузашти маҳбуси собиқ Дрис ва аристократ Филипп ба филми Кристоф Баррате "9 далел барои зистан" шабоҳат дорад, ки яке аз қаҳрамонҳо маъюб буда ва дигаре зиндагии ӯро бо моҷароҳои ғайриоддӣ ранг медиҳад.

Барои Филипп Дрис ин як ҷаҳони дигар, фалсафаи дигари зиндагӣ аст, ки ӯ онро бо завқ меомӯзад ва нерӯ мегирад. Вале ин барои Маркус ва Том дунёи дигар нест. Писарак дар рӯзҳои хушҳол буданаш рӯҳи тоза дорад. 

Ҳикояи воқеие, ки сенарияи филм бар он асос ёфтааст Кристоф Барратеро ба худ ҷалб кардааст. Се сол пеш дар Олмон филми Марк Ротемунд ба намоиш гузошта шуда буд, ки зуд пешсафи прокат шуд ва баъд аз "Ҷангҳои Ситорадор" ҷои дуюмро ишғол кард. Чунки ҳама достони сентименталиро дӯст медоштанд. Писарбача дар он филм понздаҳ сол ва бозигар сӣ сол дошт. Кристоф Баррате қаҳрамонҳоро ҷавонтар кард, то дар муносибатҳои онҳо чизи кӯдакона боқӣ монад. Инчунин, Томро низ ба як дӯсти калонсол ва наврас монанд кард. Муносибатҳои наврасон яке аз бурдҳои асосии режиссёр дониста мешаванд. 

“Маро ба ҷаҳони ҷодугарӣ баред, ба ман ҳаётеро, ки намедонам, нишон диҳед” - ин сурудро Маркус ва Тома дар марказҳои дилхӯшӣ месароянд. “Маро дур кун” – “Envole-moi” - филми Кристоф Баррате дар асл чунин номида мешавад. Том Маркусро ба ҳаёти нав бурда наметавонад, аммо тамоми кори аздасташмеомадаро мекунад, то ӯро аз зиндагии қаблиаш дур кунад. 



“Ҳавои баҳор – заҳри мор”. Тоҷикон дар баҳору Наврӯз кадом зарбулмасалҳоро мегӯянд?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед