Ru  | Tj
Фред ва Матеош кистанд? Аз гурӯҳи овозадори ZANJABIL BRO то вазифаҳои ҳаҷву танзи замон
Фред ва Матеош кистанд? Аз гурӯҳи овозадори ZANJABIL BRO то вазифаҳои ҳаҷву танзи замон
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Фред ва Матеош кистанд? Аз гурӯҳи овозадори ZANJABIL BRO то вазифаҳои ҳаҷву танзи замон

Нашр шуд

Корбарони фазои маҷозӣ, хусусан сегменти тоҷикии шабакаи иҷтимоии Instagram зиёда аз ду сол мешавад, ки аз фаъолияти гурӯҳи овозадори Zanjabil bro бохабар ҳастанд ва қисме аз онҳо маҳсули эҷоди ин тимро пайгирӣ менамоянд. Дар гурӯҳи Zanjabil bro ду нафар – Фред ва Матеош фаъолият мекунанд. Фред – Фирдавс ва Матеош – Аъзам.

Асосан, наворҳои Фред ва Матеошро насли нав мебинанд, вале онҳо дар маҳсули эҷодашон на танҳо воқеоту ҳаводиси имрӯзро, балки аз гуфтору кирдору рафтори падарону падаркалонҳои мо ҳам истифода мекунанд. Дар кори эшон аз ҳама чизи асосӣ ин сохта набудани иҷрокунандагон мебошад, зеро онҳоро бинанда ҳеҷ гоҳ дар нақш намебинад, балки дар зиндагии воқеӣ эҳсос мекунад.


Чун мо ба хизматҳо, дигаркуниҳо ва кӯшишҳои бачаҳо хуб шиносем, тасмим гирифтем доир ба кор, пешравиҳо, гурӯҳ, пайдоиши идеяҳо, рекламаҳо, фазои блогинг дар кишвар, блогерони дохилу хориҷ ва умуман фаъолияти эшон сӯҳбате дошта бошем.

ҲАР КАС БОЯД БАРОИ МУВАФФАҚИЯТ Ё НОКОМИЯШ ХУДАШ ҶАВОБГӮ БОШАД

- Нахуст мехостем бифаҳмем, ки сабаби пайдоиши “никнейм”-ҳои Матеош ва Фред чист?

Фред: - То чанд соли пеш бачаҳо ба ҷӯз номҳои асосӣ боз худашон ё аз ҷониби рафиқонашон ягон номи дигар мегирифтанд. Агар дурӯғ нагӯям синфи чор ё панҷ мехондам, ки ҳамин номро дар телевизион дар як мусоҳиба шунида ва баъдан худ ин номро ба худ гузоштам.

Матеош: - Ростӣ, ман ҳам мехостам мисли дигар бачаҳо ягон номи дигар дошта бошам, вале баръакси Фред номи дуюмамро худам намондаам. Вақте ки мо брекданс машқ мекардем, ҳамонҷо як дӯстам маро Матеош мегуфт. То андозае бисёр гуфт, ки ҳам худам ва ҳам атрофиён одат кардем.


- Чӣ гуна ба блогинг омадед?

Фред: - Мо фикр намекардем, ки блогер ё вайнер мешавем. 6 –уми майи соли 2019 наворе омода карда, дар Instagram гузоштем. Он яку якбора паҳн шуд. Мардум хуб қабул карданд. Шумораи обуначиҳоямон ба маротиб зиёд шуд. Талабҳо аз ҳар ҷониб бисёр шуданд ва то ҷое расидем, ки ин корро барои худ ҳамчун масъулият қабул кардем.

- Баҳои шумо ба блогинг дар Тоҷикистон чанд аст?

Фред: - 3

Матеош: - 4

- Чаро ин гуна баҳо медиҳед?

Фред: - Рости гап дар ҳоли ҳозир кантенткорони аслӣ қариб, ки нестанд. Ҳоло нест нафар ё гурӯҳе, ки ба маҳсули эҷодаш диққатро зиёдтар ҷалб кунад. Дар омади гап бояд бигӯем, ки агар баъзеҳо бошанд ҳам, дастгирӣ надоранд ва онҳо ҳам дилхунук шуда истодаанд.

- Шумо дар мавриди ситонидани андоз аз блогерон дар як мусоҳибаатон чунин гуфтед: “Дар як моҳ як реклама дар Instagram медиҳем. Пулҳои начандон зиёди бадастовардаамонро барои пули интернет, пур кардани тавозуни телефон ва иҷораи дафтари корӣ харҷ мекунем. Яъне мо он қадр даромаде надорем. Аз ин рӯ, агар аз мо пардохти андоз талаб кунанд, шояд фаъолиятамонро бандем, чунки барои ин маблағ нахоҳад расид”. Дар ҷои дигар гуфтаед: “Умедворем, ки чунин андозро ҷорӣ накарда, баръакс, рушди ин соҳаро дастгирӣ мекунанд”.

Фред: - Бале, мо барои супоридани андоз омода нестем, зеро даромади мо ба он ҳад аст, ки ҳатто худро таъмин карда наметавонем.

Матеош: - Як чизи дигар ногуфта намонад, ки мо қисме аз рекламаҳоямонро тариқи бартер қабул мекунем. Яъне ба мо либос медиҳанд, мо мағозаи онҳоро реклама мекунем.

- Чаро шумо “гив” намекунед?

Фред: - Барои он ки, мо фоидаи яктарафаро намехоҳем. Ҳамеша коре мекунем, ки фоидааш дутарафа бошад. Вақте ки “гив” мекунем, албатта, ки фоида танҳо дар як тараф аст, пас чӣ даркор?

- Ба фикри шумо бояд блогер чиҳоро донад ва кадом хусусиятҳоро дошта бошад?

Фред: - Бояд ҳар коре, ки мекунад ё карданӣ аст, аввал оқибати онро фикр кунад. Агар танҳо фоидаву манфиати шахсияшро фикр кунад, пас дур нест он рӯзе, ки майдонро тарк кунад.


- Метавонед як паҳлӯи мусбат ва як тарафи манфии блогериро гӯед?

Матеош: - Паҳлӯи мусбат ҳамин аст, ки блогер дар як ҷо нанишаста, ҳаракат мекунад. Паҳлӯи манфӣ ин аст, ки бисёр вақт бачаҳо худашон фикр намекунанд, балки аз дигарон медузданд.

- Бо блогерӣ дар Тоҷикистон зиндагии хуб ва бе қарз доштан имконпазир аст?

Фред: - Ҳозир не, вале дар оянда мешавад. Ҳоло ягон блогер дар ин соҳа кори доимӣ надорад, моҳе реклама мешавад ва моҳи дигар не.

- Дар дигар кишварҳо продюссерон барои блогерон хонаҳои махсус ташкил кардаанд ва чандин нафарон гурӯҳӣ шуда, каналҳояшонро пеш мебаранд, дар мо чаро чунин нест?

Фред: - Барои он ки ҳама курпаро тарафи худ мекашад ва ҳама мегӯяд, ки ман зӯрам.

- Агар чунин шароит дар кишвар пайдо шавад, шумо розиед, ки якҷоя бо дигарон кор кунед?

Фред: - Мо на бо ҳама кор карда метавонем, зеро маҳсули эҷоди мо фарқкунанда аст. Беҳтар аст, ки дар роҳи худамон бошему ба ихтиёри худамон кор кунем.

- Шумо аллакай дар ин соҳа таҷрибаи хуб доред, фикр накардед, ки ҳамчун продюссер бачаҳои ҷавонро ҷамъ карда, сатҳу сифати блогингро дар Тоҷикистон беҳтар кунед?

Фред: - Ин фикр буд. Мехостем, як фестивали вайнерони ҷавонро ташкил кунем, вале аз сабаби серкорӣ вақтамон намерасад.

Матеош: - Тавре ки гуфтаанд ҳар нафар ба касе чизе омӯзонад, ба он ҷавобгар аст ва барои ҳамин фикр намекунам, ки вобаста ба ин соҳа ба касе чизе омӯзонам. Балки ба фикре ҳастам, ки ҳар кас бояд худаш ба по хезад ва барои муваффақият ё нокомияш танҳо худаш ҷавобгӯ бошад.


АЗ “А” то “Я”-и ZANJABIL BRO

- Ташкил кардани Zanjabil Bro идеяи кӣ буд ва чаро маҳз ин ном?.

Матеош: - Мо ҳамроҳи командаи брекдансамон барои чемпионати Осиё ба Хуҷанд рафтем. Ҳамакаса номи командаамонро фикр мекардем. Бисёриҳо номҳои сода ва якранг пешниҳод мекарданд. Вақте ки хӯрок гирифтем ва ман иловатан занҷабил дархост кардам, яке дар сарам ҳамин пайдо шуд. Бо бачаҳо ба мувофиқае расидем, ки номи командаро Zanjabil crew мемонем. Ҳамин тавр ҳам кардем ва баъдан вақте ки вайнериро бо Фред оғоз кардем, бидуни фикри зиёд номи гурӯҳро Zanjabil bro гузоштем.

Фред: - Сабаби ягонаи чунин ном гузоштанамон ин аст, ки юмори мо тез аст ва ба монанди занҷабил на ҳама онро таҳаммул карда метавонад.

- Мақсади асосии Zanjabil bro чист?

Фред: - Аввал, хурсанд кардани тамошобинон ва дуюм нишон додани проблемаву камбуди одамону ҷомеа.

- Рақиби Zanjabil bro кист?

Фред: - Мо касеро рақиб намедонем. Агар чӣ дар мо ҳам блогерон ва ҳам вайнерон ҳастанд, лекин онҳо равия ва аудитория худашонро доранд. Мо нафареро намедонем, ки монанди мо маҳсули эҷод дошта бошаду дар пайравӣ ба мо кор кунад, пас аз ин ҷост, ки Zanjabil bro рақиб надорад.


- Дар Zanjabil bro чанд нафар кор мекунанд?

Матеош: - Асосан ду нафар ҳастем. Ҳаруямон ҳам сенария менависем, ҳам операторӣ мекунем ва ҳам монтаж. Баъзан вақт агар аз дӯстон ягон нафари дигар пайдо шаванд, хоҳиш мекунем ва ёрӣ мерасонанд.

- Идеяи наворҳо чӣ гуна пайдо мешаванд?

Фред: - Аз зиндагӣ. Аз он чизе, ки мардуми мо замоне аз сар гузаронидаанд ё нав гузаронида истодаанд.

- Видеоҳои омодакардаи шумо ба аудитория чӣ медиҳанд?

Матеош: - Мо сад фоиз намедонем, ки чӣ медиҳанд, зеро қабули онҳо ба мо номаълум аст, вале мақсади ягонаи мо ин вазъи воқеии ҷомеаро нишон додан аст.

- Оё видеоҳое ҳастанд, ки ба навор гирифта бошеду аммо ба интернет нагузоштаед?

Фред: - Бале, кам ҳам нестанд. Ба мо касе сензура намекунад, вале худамон худсензура мекунем, зеро фазову муҳит ва аудитория то андозае ба мо шинос аст.

- Тахминан даромад ва харҷи як роликро гуфта метавонед?

Фред: - Гуфта наметавонем, зеро якранг нест. Моро ҳам даромадамон ва ҳам сарфу харҷамон номаълум аст.

- Нияти бо блогерони хориҷӣ кор карданро надоред?

Фред: - Мо ин фикрро чанд вақт пеш доштем, вале аз сабабе, ки ҳама наворҳои мо ба забони тоҷикиянд, дар бобати ҳамкорӣ ба касе аз блогерони хориҷӣ нанавиштем. Дар оянда кӯшиш мекунем, ки ҳамкорӣ дошта бошем.

АЗ ВАЗИФАҲО ТО МАСЪУЛИЯТҲО

- Шумо маълумоти олӣ доред?

Фред: - Бале, ман бо ихтисоси инженер-барномасоз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро хатм кардаам.

Матеош: - Ман ҳам маълумоти олӣ дорам. Донишгоҳи славянии Русиву Тоҷикистонро бо ихтисоси фарҳангшинос тамом кардам.

- Блогериятонро волидон ва атрофиён чӣ гуна қабул кардаанд?

Фред: - Волидон ягон тасмими фарзандашро дарҳол қабул намекунад, балки аввал фикр мекунад, таҳлил мекунад ва баъд ё розӣ мешавад ё не. Хушбахтона, волидонам ба кори блогериям зиддият надоранд.

Матеош: - Ман бачаи бисёр шармгин будам ва ҳатто аз ҳамсояҳо шарм медоштам, ки маро ногаҳон дар интернет набинанд. Вале оҳиста-оҳиста кор ранги дигар гирифт ва шукр ҳозир ҳамааш хуб аст. Волидони ман ҳам зид нестанд.


- Шумо ҷавонед ва оё гуфта метавонед, ки ба ҷавонони имрӯз чӣ намерасад?

Фред: - Ба фикри ман ҳоло ба ҷавонони мо ҳавасмандӣ дар соҳаи илм намерасад. Ҷавонони мо ба дигар соҳаҳо шавқ доранд, кор мекунанд, вақташонро мегузаронанд, вале ба назар ва мушоҳидаҳои ман онҳо ба илм камтар таваҷҷӯҳ доранд. Ба ихтироъкориву илмҷӯӣ ва таҳқиқ кам машғул мешаванд.

Матеош: - Ман фирк мекунам, ки ҳоло ҷавонон аз масъулиятҳояшон мегурезанд, яъне масъулиятро ҳис намекунанд. Масалан, маро агар дар мактаб ягон нафар мезад ё баҳои ду мегирифтам, ҳатман ҳамон шаб бароям шаби вазнине мешуд.

- Мо медонем, ки барои ба воя расонидани фарзанд волидон як қатор вазифаҳо доранд, ба фикри шумо ҷавонон дар назди падару модар чӣ рисолат доранд?

Фред: - Нахуст бояд аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар бошем. Онҳоро нигоҳубин кунем. Аз муваффақиятҳоямон ба онҳо бигӯем ва ҳар хоҳише, ки доранд, иҷро кунем.

Матеош: - Мо бояд тамоми кори аз дастамон меомадаро барои эшон анҷом диҳем. Ростӣ, ман ният дорам, ки барои волидонам як ҳавлии калон бихарам ва онҳо вақташонро ба замину зироаткорӣ гузаронанд.

- Ҳамин мусоҳибаро бо се калимагӣ ҷамъбаст кунед.

Фред: - Нав, шавқовар ва маърифатӣ.

Матеош: - Пурра, ғайриинтизор ва драмавӣ.




Расмкашӣ танҳо тасвири зоҳирӣ нест


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед