Ru  | Tj
Қиссаи бародароне, ки 45 сол боз хурӯсак омода мекунанд
Қиссаи бародароне, ки 45 сол боз хурӯсак омода мекунанд
Аксҳо: Аз муаллифи матлаб дастрас гардид

Қиссаи бародароне, ки 45 сол боз хурӯсак омода мекунанд

Нашр шуд

Дилшод ва Алишер аз хурдӣ ба хурӯсакпазӣ машғул ҳастанд. Онҳо ин ҳунарро аз падару модарашон омӯхтаанд. Ин ҳунар аз бобову бобокалонашон мерос омадааст. Оилаи Ахмедовҳо бо хурӯсакпазӣ дар Кӯлоб ном баровардааст.

Дилшод 54 сол дораду Алишер 52 сол. Ҳар ду нуқси модарзодӣ доранд ва ба гурӯҳи дуюми шахсони камтавон (имконияти маҳдуддошта) шомиланд.

Алишер дар 45-солагӣ оиладор шуда, ҳоло соҳиби се фарзанд аст. Фарзанди калонияш 6 сол дорад, аммо хурӯсак омода карданро аллакай омӯхтааст. Мегӯяд, «худ таҳсил накардам, аммо ҳатман фарзандонамро соҳибмаълумот мекунам». Ҳамсараш ҳам маъюб аст, дар хона ба Алишер кумак мекунаду хурӯсак омода менамояд.

Дилшод, мутассифона, фарзанд надорад. Ӯ низ бо ҳамсараш ба хурӯсакпазӣ машғул аст. Дилшод мегӯяд, онҳо чор навъ ширинӣ омода менамоянд. Ӯ ба ин кор аз 5-солагӣ шурӯъ кардааст. Дар он вақт модараш хурӯсак мепӯхту Дилшод ба бозор мебаровард.


Дилшод ва Алишер аз хурдӣ бо меҳнати дасти худ нон хӯрдаанд. Дилшод мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло то синфи 8-ум хондааст. Орзуи табиб шуданро дошт, аммо натавонист мактабро то охир хатм кунад.

Дар солҳои 80-уми асри гузашта дар шаҳри Кӯлоб корхонаи қаннодӣ кушода мешавад. Аз сабабе, ки ин хонавода худ ба чунин кор машғул буд, ба ин корхона ҷалб мегарданд. Дилшоду Алишер низ ҳарчанд хурд буданд, аммо ҳамроҳи падару модарашон онҷо кор мекарданд ва чор навъи ширинӣ истеҳсол менамуданд.

Аз чор навъ ширинии омода мекардаашон, ҳоло фақат як навъи одиашро омода мекунанд. Чун мегӯянд, маҳсулоти лозимаашон гарон шудаасту наметавонанд дастгоҳҳои ширинипазиро истифода кунанд. Ҳамин тавр, аз қолабҳои одӣ истифода бурда, чунин шириниҳо омода мекунанд. Харидорони ин навъ ширинӣ кӯдакон ҳастанд.

Дилшод ва Алишер дар пушт устухони зиёдатӣ доранд ва аз ин ҳисоб роҳат роҳ гашта наметавонанд. Дар хурдӣ барои табобат ва ҷарроҳӣ падараш ба як профессори рус нома навиштааст, вале профессор кафолати сиҳатии онҳоро надодааст ва гуфтааст, фақат ба варзиш машғул шаванд. Дилшод мегӯяд, ба варзиш машғул мешуданду табобатии ҷиддие накарданд, чун волидонаш ҳам базӯр зиндагиашонро пеш мебурданд.

Ӯ мегӯяд, ин ҳунар аз падарашон ёдгор мондааст. Аз ин рӯ ба корашон муҳаббату эҳтиром доранд. Онҳо 6-7 сол дар бозори «Саховат»-и Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода ба савдои қандак машғул буданд. Аммо пардохти пули иҷора барояшон мушкил афтоду боз ба Кӯлоб баргаштанд.

Алишер дар хонаи падарӣ бо бародаронаш зиндагӣ мекунад. Падар танҳо барои Дилшод тавонист, ки хонаи алоҳида гирад. Алишер мегӯяд, модараш мехост ба собунпазӣ машғул шавад.


«Азбаски бемории сактаи дил дошт, ҳангоми омода кардани собун ҷон дод. Ин ҳодиса соли 1992 рух дод. Баъди марги модар мо бисёр азоб кашидем, вале ҳамеша насиҳати модарро ба хотир меовардем, ки мегуфт: «Шумо ними танед, ҳамин ҳунарро ёд гиред, нонатонро меёбед», - ба ёд меорад Алишер. Модар хурӯсакпазиро дар назар дошт ва Дилшоду Алишер аз хурдӣ хурӯсак омода карда мефурӯхтанд.

Қаҳрамонҳои мо шабона хурӯсакҳоро бо ҳамсарашон омода мекунанд. Барои омода кардани ин навъ хурӯсак бештар шакар лозим мешавад. Масалан, Дилшод аз 6 то 12 кг шакарро харҷ карда, хурӯсак омода мекунад ва ду рӯз ба савдо мебарорад. Алишер ҳам ҳамин хел.

Алишер мегӯяд, «рӯзе марди ношиносе омада хурӯсак гирифт ва ба ман аҳсан хонду гуфт, «ман хурд будам, аз ту хурӯсак мегирифтам. Ҳоло бузург шудам, бо набераам омада боз аз ту хурӯсак мехарам». Ҳамин тавр, муносибати атрофиён бо Алишеру Дилшод ва назарашон ба кори онҳо нек аст.

Алишеру Дилшод 320 сомонӣ нафақа мегиранд ва бо ин маблағ як халта орд мегиранду халос. Даромади якрӯзаашон аз сӣ то панҷоҳ сомонӣ аст. Алишер мегӯяд, ин маблағ ба зиндагияш мерасад, вале пасандоз карда наметавонад. Ният дорад, агар шароити зиндагияш хуб шуд, ҳатман як хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити рӯзгор месозад. Чун ҳоло дар хонае зиндагӣ мекунад, ки шароти зиндагиаш сангин аст.

Дилшод ва Алишер мегӯянд, агар имконият шавад мехоҳанд ба мисли корхонаи қаннодии дар даврони Шуравӣ кор мекардаашон корхонаеро ба истифода диҳанд, ки ҳамон чор навъи ширинии пеш истеҳсол мекардаашонро омода намояд. Аммо мегӯянд, то ҳол ин тасмим барояшон чун орзу боқӣ мондааст.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед