Ru  | Tj
Хабарҳои рӯз ва машваратҳои илҳомбахш. Радиёҳои тоҷик чӣ пахш мекунанд?
Хабарҳои рӯз ва машваратҳои илҳомбахш. Радиёҳои тоҷик чӣ пахш мекунанд?
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Хабарҳои рӯз ва машваратҳои илҳомбахш. Радиёҳои тоҷик чӣ пахш мекунанд?

Нашр шуд

Дар куҷо метавон хабарҳои рӯзро гӯш кард, тавсияҳои муфиди коршиносони соҳаҳои худро омӯхт ва рӯҳияи хубро пайдо кард. Ба таваҷҷуҳи мухотабони Halva.tj мунтахабе аз радиёҳое, ки дар мавҷҳои Тоҷикистон пахш мегардад, пешниҳод мешавад.

“Радиёи Love”, @loveradio.tj

«Мавҷи ишқ» – радиёи ҷавонон аст. Дар ин радиё ба унвони меҳмон метавонед вебнамоёни маъруф, варзишгарон ва шахсиятҳои ҷолиби Тоҷикистонро бишнавед.

Басомад: 88.8 FM

Avtoradio, @avtoradio.tj

Радиёи марбут ба худравҳост, аммо дар барномаҳои он сухан танҳо дар ин бора нест. Дар мавҷи ин радиё метавон мусоҳибаҳои соҳибкорон ва шахсиятҳои эҷодкори гуногунро ба унвони меҳмонон бишнавед. Дар навбати худ муҷрии фаъол ва маҳбуби радиё Нигина намегузорад, то хаста шавед!

Басомад: 89.9 FM

Ҳамсадо, @hamsado

Мавҷи маҳбубтарин бо пахши мусиқии рақсӣ! Радиё бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ садо дода, тавассути он метавонед на танҳо бо оҳангҳои оташзо табъи худро болида созед, балки дар бахши “Салом, “Ҳамсадо” бо шахсони илҳомбахши Тоҷикистон ошно шавед.

Басомад: 94.4 FM

Радиёи нав”, @newradio.tj

Радиёе, ки бо гуногунрангӣ хушҳолӣ мебахшад. Дар ин радиё ҳар шунаванда чизи ҷолиберо барои худ пайдо мекунад, аз ҷумла аз гуфтугӯи занон, суҳбатҳои тарбиявӣ бо мутахассисон то иҷрои зинда тавассути навозандагон.

Басомад: 95.5 FM

Ховар

Радиёи хабаргузории расмии Тоҷикистон мебошад. Дар мавҷи ин радиё метавон аз ахбори охирини рӯзи кишвар хабардор шуд.

Басомад: 101.5 FM

Садои Душанбе

Хабарҳо аз Тоҷикистон, ҳаммчунин метавонед аз муҳимтарин ахбори байналмиллалӣ дар ин ҷо мутталеъ шавед.

Басомад: 102.2 FM

ZET.FM, @zet.fm103

Радиёи мусиқавиву иттилоъотии ҷавонон, ки ҷадвали пахши он шомили сутунҳои аслӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аст. Он дар саросари Тоҷикистон ба таври шабонарӯзӣ пахш мешавад.

Басомад: 103.3 FM

“ЗВЕЗДА”

Радиёи иттилоъотӣ-гуфтугӯии Русия бо таваҷҷуҳи вижа ба мавзуъоти ватандӯстӣ, низомӣ ва тарбиявӣ мебошад. Он барномаҳои торихӣ ва тарбиявӣ, китобҳои сабтӣ, мусиқии поп ва роки ватании солҳои 1990-2000, ҳамчунин нашрияҳои мунтазами хабарӣ дар бар мегирад.

Басомад: 103.6 FM

Тоҷикистон

Радиё дар бораи рӯйдодҳо ва ахбори муҳими сиёсии Тоҷикистон иттилоърасонӣ мекунад.

Басомад: 104.7 FM

Овози тоҷик

Ин барнома шомили хабарҳое аз рӯйдодҳои ҷолиби пойтахт, варзиш, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аст.

Басомад: 105.5 FM

Ватан, @radiovatan.tj

Ин радиё барои бештари мардум ба унвони «ватанӣ» шинохта буда, бо созмондиҳии ҷоизаи «ТОП-50» маъруф аст.

Басомад: 106.0 FM

Фарҳанг

Радиёи хабарие, ки тавассути он метавон иттилоъоти зиёдеро дар бораи масъалаҳои ҳифзи саломатӣ дастрас кард.

Басомад: 106.5 FM

Asia-Plus, @radioasiaplus

Радиёи мазкур бахше аз ширкати расонаии «Азия-Плюс» аст ва мавзуъоти гуногунеро дар мавҷи худ пахш мекунад. Ин як сабки зиндагии саргармкунанда, хабарҳои рӯз, барномаҳо ва пахшҳои гуногун бо меҳмонони вижаи даъватшуда мебошад.

Басомад: 107.0 FM

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед