Ru  | Tj
Хайрияи Рамазонӣ дар Суғд. Ошпазе, ки ҳар рӯз барои рӯзадорон оши ройгон мепазад, кист?
Хайрияи Рамазонӣ дар Суғд. Ошпазе, ки ҳар рӯз барои рӯзадорон оши ройгон мепазад, кист?
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Хайрияи Рамазонӣ дар Суғд. Ошпазе, ки ҳар рӯз барои рӯзадорон оши ройгон мепазад, кист?

Нашр шуд

Имсол анъанаи тақсими оши ройгон барои сокинон дар моҳи шарифи Рамазон дар маҳалҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он густариш ёфт. Тавре мушоҳида мешавад, оши палав дар аксари маврид бо сарпарастии саховатмандон, ки ошкор шудани номашонро намехоҳанд ва бо маблағи дастаҷамъии сокинони маҳалҳо фароҳам оварда мешавад.

Муаллифи Halva.tj субҳидам ба яке аз кӯчаҳои Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, бо ошпази пуртаҷрибае, ки аз оғози Рамазон то имрӯз дар маҳалҳои Хуҷанд ва деҳаҳои атрофи он барои рӯзадорон ош мепазад, ҳамсуҳбат шуд.

ОШПАЗИ ХУДОМӮЗ

Раҳимҷон Раҳимови 57-сола ин саҳар ҳам дар ду дег, ки ҳарду 20 кг биринҷ гунҷоиш дорад, ош мепухт. Ӯ беш аз 30 сол аст, ки дар маъракаҳои гуногуни сокинон ошпазӣ мекунад. Аслан, дар солҳои навҷавонияш, ки ба замони Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд, дар корхонаҳои давлатӣ ба ҳайси ронанда кор мекард. Ӯ дар омӯзиши ҳунари ошпазӣ устоде надорад. Малакаи барои одами зиёд ош пухтанро аз таҷриба кардан омӯхтааст.

- Ростӣ, ҳунари ошпазӣ хеле заҳмат ва эҳтиёткориро талаб мекунад. Ҳар бор лаззати ош ҳар хел мешавад. Агар оши палав ба хости дили ошпаз ва хӯрандагон нашавад мегуфтанд, ки «кори обу оташ-дия!». Имрӯз низ ин сухани ҳикматомез дар байни мардум ва ҳам ошпазон маълум аст. Ман 30 сол боз дар маъракаҳое, ки меҳмон зиёд аст, оши палав, кабоб, хомшӯрбо, резашӯрбо ва дигар навъҳои хӯроки якум мепазам, - мегӯяд амаки ошпаз.

Ӯ нахуст дар ҷамъомадҳои дӯстон ва маъракаҳои хонавода хӯрок мепухт. Аксар вақт наздикону пайвандон маҳсули дасташро хуш қабул мекарданд. Ҳамин тариқ, бо шарофати дӯстону наздикон дигарон низ фаҳмиданд, ки омода кардани таомҳои маърака аз дасти Раҳимҷон меояд.

КАЙ АНЪАНАИ ПУХТАНИ ОШИ ХАЙРИЯВӢ ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН РИВОҶ ЁФТ?  

Қаҳрамони мо бар ин иддаост, ки солҳои пеш дар Хуҷанд ва ноҳияҳои гирду атроф он қадар расм набуд, ки дар моҳи Рамазон оши хайриявӣ бипазанд. Дар майдони Регистони шаҳри Хуҷанд солҳои пеш оши хайриявӣ барои саҳар ва ифтори рӯзадорон тақсим мешуду бас.

«Ёд дорам, ки 3-4 сол пеш тақсими оши хайриявӣ дар айни моҳи шарифи Рамазон сар шуда буд. Чанд тан аз саховатмандон ва фаъолони маҳалҳо ба ман муроҷиат мекарданд, ки дар кори хайри онҳо шарик шавам. Дар як шаб 20, 25 ва 50 кг биринҷро дам карда, ош мепухтем. Дар ин шабонарӯз низ дар кӯчаи Гулбаҳори шаҳри Хуҷанд, кӯчаҳои Ёва ва Шарқи Ҷамоати деҳоти Ёва ош пухта истодаем», - илова кард Раҳимҷони ошпаз.

ЯКЧАНД МАХСУСИЯТИ ТАҲИЯИ ОШИ ПАЛАВ БАРОИ ОМ

Пухтани ош барои як хонавода, ки аз 10 нафар зиёд нест, осонтар мебошад. Аммо вақте маҳсулоти ош, аз ҷумла биринҷ, сабзӣ, пиёз ва гӯшт зиёд аст, пухтани он заҳмат ва ташвиши зиёдтаре дорад. Ба қавли ошпаз Раҳимҷон, на ҳар кас ҷуръат дорад, ки барои одами зиёд ва дар деги калон оши палави хуб пазад.  

- Аксарият фикр мекунанд, ки ошро танҳо гӯшт болаззат мекунад. Албатта, ин фикри хатост. Ошро равған ва биринҷи хуб лазиз мекунад. Вақте дар деги калон ош мепазам, пиёзро эҳтиёткорона то сурхак шудан мебирёнам. Дар ин вақт оташро баланд кардан лозим нест. Барои ширин ва хушнамуд шудани ош муҳим аст, ки сабзиро зиёдтар бирёнам. Дар вақти дам додани зирбаки ош биринҷро бо кафгир хуб мегардонам. Рост аст, агар маҳсулоти зирбак хуб бирён шавад, ош ҳатман хуб мешавад. Боз муҳим аст, ки ба оббардор будани биринҷ аҳамият диҳем, - фаҳмонид ошпази пуртаҷриба.

ТАРТИБИ ТАҚСИМИ ОШИ РОЙГОН

Тавре мушоҳида шуд, сокинони кӯчаи Ёва дар лаҳзае, ки Раҳимҷон дами ошро вайрон карда истода буд, сари дег наздик шуданд. Ошпаз ва ёваронаш аввал ба табақҳое, ки занҳо овардаанду аз издиҳоми сари дег дуртар истодаанд, ош кашида доданд. Баъдан табақи наврасону ҷавононе, ки дар навбат истода буданд, ба дасти ошпаз расид. Барои навбат дар байни сокинон нофаҳмие рух надод. Раҳимҷон аз ҳар шахсе, ки табақ дароз мекард, «барои чанд нафар ош кашам?» – гӯён савол медод. Мувофиқи гуфтаи онҳо ошро ба табақ меандохт.   «Ташаккур, дастатон дард накунад», – ба ошпаз бо эҳтиром мегуфтанд онҳо.  

ИФТИХОР АЗ ПЕШАИ ОШПАЗӢ

Чанд сол пеш Раҳимҷон бо ҳамроҳии дӯстон ба мавзеи зебоманзари Искандаркӯл рафтанд. Он ҷо низ дӯстон хоҳиш карданд, ки Раҳимҷон оши палав бипазад.  

«Ёд дорам, ки чанд сол пеш дар ҳавои тозаи Искандаркӯл оши палав пухта будем. Ба ин ҷо ҳамон рӯз сайёҳони зиёде аз Аврупо омада буданд. Онҳо фаҳмиданд, ки ман оши палав пухта истодаам. Баъди пухтани он аввал ба меҳмонони хориҷӣ дар табақҳои хурд ош кашида дода будем. Раҳбалад аз забони онҳо ба мо ташаккур гуфта буд. Хеле хурсанд шуда будам, ки оши пухтаам ба сайёҳон маъқул шуда буд. Шукр, ки то имрӯз ҳеч вақт аз оши пухтаам рӯйи сурхам зард нашудааст», - боифтихор гуфт ошпаз.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед