Ru  | Tj
Холид Ҳусайнӣ. Пизишке, ки нависандаи ҷаҳонӣ шуд
Холид Ҳусайнӣ.  Пизишке, ки нависандаи ҷаҳонӣ шуд
Аксҳо: Аз Интернет

Холид Ҳусайнӣ. Пизишке, ки нависандаи ҷаҳонӣ шуд

Нашр шуд

 Холид Ҳусайнӣ соли 1965 дар шаҳри Кобул дар як хонаводаи миёнаҳол таваллуд шудааст.

Хонаводаи Холид Афғонистонро тарк намуда буданд. Вале баъд аз солҳо вақте ки Холид ба Афғонистон ба ҳайси сайёҳ бозгашт вазъияти кишвараш ӯро дар ҳолати ногувор қарор дод.  Он замон дақиқан мисли имрӯзҳо дар Афғонистон таҳаввули калони сиёсӣ ба амал омада буд ва дар натиҷаи табаддулоти сиёсӣ рижим тағйир ёфт.

Холид пас аз солҳо ба зодгоҳаш баргашта, худро чун сайёҳ дар Ватан ҳис мекард, яъне ҳамон дардеро, ки ҳама муҳоҷирон ҳангоми бозгашт ба ватан эҳсос мекунанд.

Ӯ ҳамеша гуфтааст, ки аз ин дард хеле ранҷ бурдааст ва натавонистааст ҳамеша дар ватанаш бошад.

Фарозу нишеби зиндагии Холид

Падари Холид тоҷик ва модараш паштун буд. Падараш корманди Вазорати умури хориҷии Афғонистон ва модараш муаллими адабиёти форсӣ дар мактаби миёна буд. Ӯ давраи кӯдакии худро дар маҳаллаи Вазир Акбархони Кобул гузаронидааст. (Ҷойе, ки дар он қаҳрамони асосии достони «Бодбодакбоз» зиндагӣ мекард)

Холид Ҳусайнӣ бар асоси кори падараш дар Фаронса, Эрон ва Амрико зиндагӣ кардааст. Хонаводаи ӯ пас аз табаддулоти Ҳизби коммунист ва ишғоли ин кишвар тавассути Шӯравӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дархости паноҳандагӣ карданд. Ӯ дар як мусоҳиба ба тарсу ваҳшат, ки дар оилаи онҳо аз ҳоким шудани коммунистон ба вуҷуд омадааст, ишора кардааст.

Холид дар навҷавонӣ ба Амрико рафт ва онҷо зиндагиро оғоз намуд.

Аз пизишкӣ то навиштан

Холид баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи тиббии биология дохил шуд. Дар аввал ӯ ба ҳайси мутахассиси бемориҳои даруна дар бемористон кор кардааст. Табибе, ки шояд ҳеҷ гоҳ фикр намекард, нашри китоби аввалинаш чунон ӯро машҳур мекунад, ки дигар ӯ аз кори табибӣ даст мекашад.

Дунёи адабиёт назар ба олами бемориҳо ва табобат барои ӯ ҷолибтар буд. Холид, ки истеъдоди адабии худро аз падару модараш мерос гирифтааст, дар аввалин таҷрибаи нависандагии худ муваффақияти аҷоиб ба даст овард.

“Бодбодакбоз” - таҷрибаи шигифтангези нависандагӣ

Холид соли 2003 китоби «Бодбодакбоз»-ро навишт. Қиссаи ин китоб дар бораи писарбачае бо номи Амир аст. Дар солҳои ишғоли Афғонистон ӯ бо хонаводааш ба Амрико муҳоҷир мешавад. Пас аз солҳо, Амир ба Афғонистон бармегардад, то аз қадимитарин рафиқони кӯдакиаш хабаре бигирад ва ҳам бозиҳои кӯдакии худро пайдо кунад. (Яъне касоне, ки Амир бо онҳо ҳиси наздикият мекард.) Амир бехабар аз он буд, ки ӯро воқеаҳои ғайричашмдошт интизоранд. Чунин ба назар мерасад, он чизе, ки ӯ дар кӯдакӣ дар Афғонистон ва дар маҳаллаи Вазир Акбархон гузошта буд, ба зудӣ хотима намеёбад. Ӯ вориди Афғонистон мешавад ва худро дар миёни Толибон* мебинад.


“Kite Runner” ё “Бодбодакбоз” ба 48 забони дунё тарҷума шуд ва ҳафтаҳо дар рӯйхати бестселлерҳои “New York Times” дар ҷои аввал қарор гирифт. Навиштан дар бораи ҷаҳони Афғонистон ва ранҷу азобе, ки ба сари мардуми ин кишвар расидааст, яке аз муассиртарин сабабҳои фурӯши ин китоб буд. Аз рӯйи ин асар дар соли 2007 филме низ сохта шудааст.

Холид Ҳусайнӣ мегӯяд, ки ӯ бо навштани китоби “Ҳазор хуршеди тобон” навиштанро ба таври касбӣ оғоз кард.

Холид Ҳусайнӣ китоби дуюми худро дар соли 2007 навишт. Ин китоб «Ҳазор хуршеди тобон» ном дорад. Вай ин асарро ба тамоми занони рӯи замин ва духтарони худ бахшидааст. Китоби «Ҳазор хуршеди тобон» достони комилан занона аст.

Ин китоб дар бораи ду зан - Лайло ва Марям қисса мекунад. Он чи ки дар системаи сиёсии Афғонистон ба амал меояд, онҳоро маҷбур мекунад, ки бо як марди муштарак зиндагӣ кунанд.

Онҳо аз ду достони гуногун ва ду фарҳанги ҷудогона ба як зиндагӣ маҳкум шудаанд, яъне зиндагӣ бо ҳамсари воҳид ва дучори хушунати хонаводагӣ. Бо вуҷуди ин, Марям ва Лайло сарфи назар аз ҳама стереотипҳо муносибатҳои хуб доранд. Лайло бо тамоми кувва кӯшиш мекунад, ки Марямро аз ин фалокат наҷот диҳад.

«Ҳазор хуршеди тобон» пешрафти эҷодиёти Холид Ҳусайниро равшан нишон медиҳад. Вай бо навиштани ин роман нишон дод, ки танҳо “Бодбодакбоз” беҳтарин асари фаъолияти нависандагии ӯ нест. Романи «Ҳазор хуршеди тобон» ба фарқ аз “Бодбодакбоз” ба як ҷанбаи дигари эҳсосот ва муносибатҳои инсонӣ бахшида шудааст, ки таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ ҷалб кардааст. Ин китоб низ ба аксари забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст. Он инчунин дар рӯйхати бестселлерҳои “New York Times” дар ҷои аввал қарор гирифтааст.

Холид Ҳусайнӣ мегӯяд, барои навиштани романҳои худ формулаи оддиро истифода мебарад. Ӯ дар як фазои пурталотум барои тасвири саргузаштҳои персонажҳои худ омехтаи қувваҳои нек ва бадро истифода мебарад. Ҳикояҳои ӯ мураккаб нестанд ва азобу уқубати тасвиршуда хеле аён аст. Холид Ҳусайнӣ мегӯяд, ки ӯ бо ҳиссиёти амиқи инсон сари кор дорад ва ҳамин накта ӯро муваффақ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ маҳз ифодаи ҳамин ҳиссиёт дили хонандагонро ба китобҳои ӯ мепайвандад.

Бо вуҷуди ин, бештари хонандагони Афғонистон дар бораи эҷодиёти Холид Ҳусайнӣ ихтилофи назар доранд. Ба эътиқоди онҳо, ӯ бо вуҷуди зиндагӣ дар Афғонистон ба масоили ин кишвар амиқ ошноӣ надорад. 

Онҳо мегӯянд, дар ин китобҳо муноқишаи байни қавмҳои Афғонистон ба таври муболиғаомез тасвир шудааст. Ба эътиқоди онҳо он чизе, ки Холид Ҳусайнӣ ба хонандаи худ аз миллати ҳазора пешкаш мекунад, аз воқеият ба куллӣ фарқ мекунад. Мунаққидони ӯ мегӯянд, ки тасвири Холид аз зиндагии ҳазораҳои Афғонистон мазлумнамоёна ва хеле эҳсосӣ ва бо воқеъият фосила дорад.

Китобҳои Холид Ҳусайнӣ қиссаҳои содда ва зебо доранд. Вай чунон боварибахш ва ба таври намоён менависад, ки хонандаи пинҳонкор худро амалан дар чунин вазъият ҳис мекунад. Ҳикояҳои яксатрӣ ва соддаи китоб хонандаро чунон ба худ ҷалб мекунанд, ки ҳар кас ба он ғарқ мешавад.

Ҳарчанд китобҳои Холид Ҳусайнӣ қиссаҳои дарднок аз ранҷу азоби инсонӣ ҳастанд, аммо анҷоми хуби китоб ва анҷоми зиндагии қаҳрамонон он қадар ҷолиб ва зебост, ки мутолиаи онҳо эҳсоси хушҳолӣ медиҳад. 

Холид Ҳусайнӣ акнун як нависандаи амрикоӣ  аст, вале ба гуфтаи худаш пайванди бештар ва амиқтар ба Кобул дорад ва талош мекунад, то афғонҳоро дар ин рӯзҳои душвор кӯмак кунад.


«Шефтаи фарҳанги куҳан». Тоҷикистон аз нигоҳи рассомони рус




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед