Ru  | Tj
«Хонагаштак» ё «ҷашни арӯсон». Анъанаи нодири миллии тоҷикон
«Хонагаштак» ё «ҷашни арӯсон». Анъанаи нодири миллии тоҷикон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Хонагаштак» ё «ҷашни арӯсон». Анъанаи нодири миллии тоҷикон

Нашр шуд

Дар яке аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон – ноҳияи Деваштич ҳар сол 7-уми март анъанаеро бо номи «Хонагаштак» қайд мекунанд. Ба гуфтаи пирони рӯзгордидаи ноҳия, ин анъана танҳо дар ҳамин ноҳия, махсусан дар деҳаи Ғазантарак ба тарзи ба худ хоса таҷлил карда мешавад.

Бибии Азизбии 93-сола мегӯяд, ки аз замоне, ки худро мешиносам, дар деҳа «Хонагаштак» баргузор мегардид. Ин анъана аз қадимулайём мондаасту аз насл ба насл мегузарад ва яке аз анъанаҳои хуб барои наварӯсакон дар остонаи таҷлили иди бонувон аст.
Ҳанӯз чанд рӯз қабл аз «Хонагаштак» наварӯсоне, ки баъди 7-уми марти соли гузашта арӯсӣ кардаанду бори аввал дар зиндагии оиладориашон «Хонагаштак»-ро ҷашн мегиранд, барои ин маросим омодагиро оғоз менамоянд.

Қисмати аввали омодагиро покиза намудани хона ва ороиши он дарбар мегирад. Наварӯсон либосҳои арӯсонаи худ, тоқӣ, рӯймол ва рӯймолчаҳои дастибофтро гирдогирди хона ба тарзи махсус меовезанд.

Муҳаббат Маҳмудоваи 73-сола, ки чанд сол вазифаи раиси маҳалларо ба зимма дошт, зикр намуд, ки «замонҳои пеш ҳисоб мекарданд, ки арӯсак бо дасти худаш чӣ қадар руймолча дӯхтааст. Агар намедӯхт, механдиданд».
Мегузарем ба қисмати дигари омодагӣ ва ба ошхона роҳ мегирем. Зане хамир мешӯрад, дигаре фатир рост мекунад, яке ба оташдон ҳезум мегузорад, нафаре ширинӣ омода месозад. Дигарӣ дар гӯшае самбӯсаи варақӣ мепазаду яке чакчаку тушбера.


Ҳамин тавр, дасторхони идонаро бо фатирҳои болаззат, тушберақоқу саллаву қатлама, чакчаку паҳлававу дигар шириниҳои дастипаз, меваҳои тару хушк, ғӯлингу мағзу мавизу донагиҳои гуногун ва қанду қандалот моҳирона оро медиҳанд. Чанд хонаро ба ҳамин тарз ороста, барои истиқболи меҳмонон омода мешаванд.

Рӯзи 7-уми март субҳи барвақт хонаводаҳои наварӯсдор дарвозаро калон кушода, интизори меҳмонон мешаванд. Арӯсакон беҳтарин либосҳои худро ба бар мекунанду худро орову торо медиҳанд ва ба сар тоқиву сарандози тӯрӣ меандозанд.

Бояд зикр кард, ки ин ҷашн махсусан барои бонувон аст. Духтаракони хурду калон, ки чанд рӯз боз бесаброна «Хонагаштак»-ро интизор буданду бо дугонаҳояшон аз хонаи кӣ сар кардану дар куҷо ҷамъ шуданро нақша кашида буданд, ба даст ҳинову ба қош вусма кашида, бар тан чакану атлас ба бар карда, аз субҳ гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаи арӯсон ташриф меоранд. Арӯсон онҳоро бо салом пешвоз гирифта ба хонаи оросташуда даъват менамоянд. Духтаракон ба тарзи ороиши хона, либосҳои арӯс ва баъди чашидан аз дастархони пурнозу неъмат байни худ ба арӯс ва маҳораташ баҳо дода, муҳокима мекунанд. Зеро онҳо дар ин рӯз ба хонаи даҳҳо арӯс ташриф меоранд ва ба муқоиса кардан низ фурсат меёбанд.   

«Рисолати аслии ин анъанаҳо тарбияи наварӯсон дар бобати рӯзгордорӣ, сарфаю сариштакорӣ, нигоҳ доштани иффати нозуконаи модарона ва ба ҳаёти муосир мутобиқ кардани анъанаҳои куҳан мебошад. Ибтидо наварӯсони боистеъдод дар ин ҷашн бо намоиши истеъдоду ҳунари худ бо ҳам сабқат меварзанд. Мо сабқат гуфтем, вале аввалан ин баҳо гирифтани онҳо аз тарафи хурдсолон аст», - мегӯяд сокини ин ноҳия Шараф Зикруллоев.

Баъдан арӯсон бо дасти худ ба ҳамаи духтаракон бо назардошти синну сол туҳфаҳои пешакӣ омодакардаашонро ҳадя мекунанд.

«Давраҳои пеш чизҳои арзишашон камтарро, чун сақичи сафеду сиёҳ медоданд, чунки мардум дар харидории аксар туҳфаҳо вазнинӣ мекашиданд. Имрӯз бошад, гӯшвору ангуштарину шонаву ойина, собуну атр, рӯймолчаву сачоқча, сақичу дафтар, худнавису қалам, ороишот барои муй ва дигар намуди ашёе, ки барои ороиши духтаракон ба кор мераванд, чун армуғон тақдим карда мешаванд», - мегӯяд холаи Муҳаббат.
Духтаракон баъди гирифтани туҳфаҳо бо дуои зани солманде аз ин хона мебароянд ва роҳи хонаи арӯси дигареро пеш мегиранд. Ҳамин тавр, аз субҳ то шом қабулу гусели меҳмонон давом меёбад.

Аз рӯйи гуфтаҳои холаи Муҳаббат пештар ин ҷашн се рӯзи пурра таҷлил мегардид. Ҳоло бошад, фақат ду рӯз. Як рӯзаш «Хонагаштак» бошад, рӯзи дигар занҳои деҳа ва наварӯсон ба баландие, ки сабзазори зебо асту ба лаҳҷаи мардуми деҳ «теппача» номида мешавад, доира навохтаву суруд хонда мераванд. Арӯсакон аз хӯрданиҳои лазизи омоданамудаашон ҳамроҳашон мебаранд ва болои сабза дасторхони калон густурда, ороиш медиҳанд ва бо занҳои хешу наздиконашон шеъру суруду мазҳакахонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд. Худи занҳо дар якҷоягӣ сурудҳои халқӣ мехонанд, чун «Ёр, ёр»:   

Келин омад сойкати,

Аспи сафеди бойкати

Ёр, ёре, аспи сафеди бойкати

 

Тахта, тахта, тахта шаваде,

Ёр-ёре, тахта шаваде.

Он ҳазрата духтараша бахташа тияде,

Ёр, ёре бахташа тияде.

 

Таги чимилиқ нону қаймоқ,

Келин ойим бодомқавоқ,

Ёр, ёре бодомқавоқ.

 

Таги чимилиқ нону шиннӣ,

Келин оим коси чинӣ,

Ёр, ёре коси чинӣ

 

Рӯйи ҳавлӣ макка, беда,

Келин оим нури дида,

Ёр, ёре нури дида.

 

«Дар базми «теппача» байни арӯсон озмунҳо ташкил карда мешавад, чун шеърхонию сурудхонӣ ва суханварӣ. Ба нафароне, ки маҳорату истеъдоди баланди худро нишон медиҳанду дар бораи оиладорӣ, модару хушдоман шеъру тарона ё суханҳои зебо мегӯянд, туҳфаҳои арзишнок тақдим карда мешавад», - мегӯяд Башорат-хола.

Баъзан духтаракон ё арӯсакон сурудҳои халқиро ба тарзи хор месароянд:

Канда, канда, канда, канда, канда,

Банда, банда, банда, банда, банда,

Арӯсоба мезабад, эй гӯшвори танга-танга.

 

Кокулонро бофтем,

Ба пушти сар партофтем,

Аз миёни кокулон қуббаи зарро ёфтем.

Дар иди «теппача» мардону писарон низ барои тамошо мебароянд. Писарон низ анъанаҳои ба худ хосро доранд. Масалан, гурӯҳе ҷамъ шуда, «тухмҷанг» мекунанду қисмате «куштигирӣ» ва дигар бозиҳои миллӣ баргузор мекунанд. Қисмате аз кӯдакон бошанд, ба «бодбаракпарронӣ» машғул мешаванд.

Яке аз анъанаҳои дигари ин ҷашн чунин аст, ки занҳо ба духтарони фотиҳашуда болои сарашон куртаҳои зебову рӯймол гузошта ва дар дасторхоне шириниҳо гирифта ба хонаи духтар мерафтаанд, ки онро ба лаҳҷаи мардуми деҳ «боркаш» мегӯянд. Баъдан аз сари духтар қанду танга мепошидаанд.

Анъанаи қадимиву рамзии «Хонагаштак» баъди қабул гардидани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар доираи хеле маҳдуд ҷашн гирифта мешавад. Ба хонаи наварӯсон танҳо хешу ақрабо ва наздиконашон ташриф меоранд. Вале базми «теппача» ҳар сол дар вақти муайян баргузор мегардад.

САРМАНШАИ ИН АНЪАНА АЗ КУҶОСТ?

Дар китоби «Манзили аҷдоди мо»-и Ҳасанбой Шарифов омадааст: «Бо тақвими юлианӣ, ки дар давраи подшоҳии рус амал мекард, Наврӯз ба 7-8 март рост меояд ва онро маҳз дар ҳамин сана қайд мекарданд (на фақат дар Хуҷанд, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ, Эрон ва дигар давлатҳо). Моҳи феврали соли 1918 мувофиқи декрети ҳукумати шӯравӣ тақвими Русия иваз шуд: аз тақвими юлианӣ ба тақвими ҳозиразамонаи григорианӣ гузаштанд. Аз ин сабаб 1 феврал ба 14 табдил ёфт, яъне ба 13 рӯз ба пеш ғеҷид... Хуҷандиён мардуме ба ҳисоб мераванд, ки анъанаҳои куҳнаю қадимаи худро нигоҳ медоранд. Бинобар ин хуҷандиён ҳатто баъди ивазшавии тақвим чун пештара «Соли Нав»-ро 7 март қайд кардан мегирифтанд... Ана ҳамин тавр, бо ивазшавии тақвим Наврӯз дар Хуҷанд ноаён ба 13 рӯз барвақттар ғеҷид. Яъне то ивазшавии тақвим агар 7-8 март ба баробарии рӯзу шаб рост ояд (бо тақвими юлианӣ), баъди гузаштан ба тақвими григорианӣ ба 21 март рост меомад...»

Аз рӯйи ин маълумот тахмин кардан мумкин аст, ки сарманшаи «Хонагаштак»-и Ғазантарак, ки 7-уми март ҷашн гирифта мешавад, шояд марбут ба ин ҳодисаи таърихӣ бошад ва аз ин воқеа маншаъ гирифтааст. Зеро он қонуну қоида ва тарзу усулу расму анъанаҳое, ки дар «Хонагаштак» риоя карда мешаванд, бо расму ойинҳои наврӯзӣ умумиятҳои зиёд дорад. Пухтани хӯроку шириниҳои миллию хонагӣ, покиза намудани хонаҳо, ба даст ҳинову ба абрӯ вусма кашидан, кокулони майдабофтаи духтарон, ба бар кардани атласу чакан ва хондани сурудҳои халқии идона шабоҳати сахт ба таҷлили иди Наврӯз доранд. Зеро ин анъана чун анаъанаҳои дигар ба монанди «Гулгардонӣ»-ву «Ҷуфтбаророн» дар остонаи иди Наврӯз ва мутобиқи қонуну анъанаҳои он сурат мегирад.


Вале ин анъана дар ноҳия чун рамзи ҷашни бонувон ҳазм гардидааст, зеро дар «Хонагаштак» танҳо занҳову духтарҳо сайр мекунанд, ба фарқ аз идгардаки минтақаҳои ҷануби кишвар, ки дар Иди Қурбон ва Иди Саиди Фитр ҳам мардон ва ҳам занҳо иштирок мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед