Ru  | Tj
“Хотироте аз Аҳмадшоҳи Масъуд”. Муаррифии китоби “Дуру наздики Омир соҳиб” дар Душанбе
“Хотироте аз Аҳмадшоҳи Масъуд”. Муаррифии китоби “Дуру наздики Омир соҳиб” дар Душанбе
Аксҳо: аз Бахтиёр Раҳматуллоев

“Хотироте аз Аҳмадшоҳи Масъуд”. Муаррифии китоби “Дуру наздики Омир соҳиб” дар Душанбе

Нашр шуд

Дар бинои Кохи афсарон китоби "Дуру наздики Омир соҳиб"-и Муҳаммад Фаҳими Даштӣ бо паёми “хотироте аз будан дар канори қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд” муаррифӣ гардид.

Дар ин маросим раиси умумии Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд – Аҳмадвалӣ Масъуд, раиси Анҷумани дӯстӣ ва муносибатҳои фарҳангии Афғонистону Тоҷикистон Қосимшоҳ Искандаров, рӯзноманигорону нависандагон ва дигар алоқамандони қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд иштирок доштанд.

Иштирокдорони маросими муаррифӣ перомуни рӯзгор ва коркардҳои Муҳаммад Фаҳими Даштӣ ва вижагиҳои китоби ӯ – "Дуру наздики Омир соҳиб", ҳамчунин қаҳрамониҳои Аҳмадшоҳи Масъуд суханронӣ карданд.


Дар оғоз Аҳмадвалӣ Масъуд, раиси умумии Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд зимни суханронии худ иброз дошт, ки китоби "Дуру наздики Омир соҳиб" хотироти шаҳид Фаҳими Даштиро бо Аҳмадшоҳи Масъуд дар бар гирифта, он китоби боарзиш ва мондагор мебошад.

Дар идома Қосимшоҳ Искандаров, раиси Анҷумани дӯстӣ ва муносибатҳои фарҳангии Афғонистону Тоҷикистон суханронӣ карда, таъкид дошт, ки шаҳид Фаҳими Даштӣ бо вуҷуди як шахсияти донишманд будан хеле хоксор буд ва бо итминон метавон гуфт, ки дар китоби "Дуру наздики Омир соҳиб"-и ӯ бисёр нуктаҳои ҷолибро аз рӯзгори шахсияти зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд метавон пайдо кард.

Ҳамчунин дар ин маросим зикр шуд, ки чоп ва муаррифии китоби "Дуру наздики Омир соҳиб" ба 51-умин солгарди зодрӯзи рӯзноманигор ва нависанда Фаҳими Даштӣ рост меояд.

Бояд гуфт, ки Муҳаммад Фаҳими Даштӣ яке аз дӯстони қарини Аҳмадшоҳи Масъуд буда, дар 49-солагӣ аз олам даргузаштааст.


Гуфтанист, китоби "Дуру наздики Омир соҳиб"-и Фаҳими Даштӣ аз сӯйи Сипеҳри Кароматуллоҳ ба забони форсии тоҷикӣ баргардон карда шудааст. Ҳамчунин дар нашри китоб Фахриддини Холбек, рӯзноманигори тоҷик ба унвони вироишгар ва масъули чоп саҳм гузоштааст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед